Пайвандҳои дастрасӣ

Имтиёз ба "миллионерҳои" тоҷик дар ивази мактабсозӣ


Ин мактабро рӯзи 21-уми декабр боз карданд.

Ду соҳибкоре, ки бо харҷи миллионҳо сомонӣ дар ноҳияи Рӯдaкӣ мактаб сохтаанд, мегӯянд, бунёди мактабҳо аз ҳисоби маблағҳои худии онҳо анҷом ёфтааст.

Маросими ифтитоҳи ин мактабҳо, рӯзи 21 декабр бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сурат гирифт.

Соҳибкор Абдухалил Ғуломов, ки бо 21 миллион сомонӣ барои беш аз ҳазор хонанда мактаб сохтааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озоӣ гуфт, ҳамчун хайр ин иқдомро пеш гирифт. Ӯ гуфт, “Ин садақа аст ва Худо хоҳад боз нақша дорем ҳамин гуна як мактаби калони дигар дар Кӯлоб созем”.

Мактабе, ки Ғуломов дар сохтмони он саҳм дорад, дар маҳаллаи Шаҳристони ҷамоати деҳоти Гулистони Рӯдакӣ ҷойгир аст ва барои 1280 хонанда пешбинӣ шудааст.

Аз роҳи дароз халос шуданд

Сокинони атрофи мактаб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, то бунёди ин мактаб фарзандонашон то 3-4 километро роҳро пиёда рафта, дар мактаби мероси замони шӯравӣ таҳсил мекарданд, ки шароити дурусте надошт.

Қурбонбӣ, як сокини маҳаллаи Шаҳристон гуфт, бо бунёди мактаби нав, акнун фарзандонашон аз роҳи дарози чандкилометрӣ халос шуданд ва дар наздикии хона дарс мехонанд.

Мактаби дигаре, ки соҳибкор Нуршед Машрабов бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд кардааст, дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир буда, дар назар аст, дар он беш аз ҳазор хонанда таҳсил намояд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои мактаб
Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои мактаб

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин мактаб аз соҳибкорон изҳори ташаккур кард ва гуфт бо назардошти афзоиши теъдоди муҳассилин зарур аст, ки ҷалби соҳибкорону дигар шахсони саховатпеша ба бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъат дода шавад.

Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, онҳо барои соҳибкорони эҳсонкору саховатпеша имтиёзу сабукиҳое пешбинӣ намудаанд, то зимни бунёди ишоотҳое, ки сохта ройгон дар ихтиёри давлат мегузоранд, мушкилӣ накашанд.

Кумитаи андоз: Хайр кунанд, имтиёз медиҳем, агар не...

Дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, раҳбарияти ин ниҳод дастури расмӣ додааст, ки соҳибкорону афроди алоҳидаи саховатманд ё эҳсонкорро аз пардохти чанд навъи андоз озод намоянд.

Масъулини Кумитаи андоз мегӯянд, афроде аз имтиёзҳо бархурдор мешаванд, ки бояд мактабу боғчаи бачагона ва ё манзили истиқомативу иншооти дигарро сохта, ройгон дар ихтиёри давлат ё истифодаи умум гузоранд.​ Дар чунин ҳолат, соҳибкори эҳсонкор аз пардохти андоз аз даромад, андоз аз арзиши изофа ва молиёти истифода аз роҳҳои мошингарди кишвар халос хоҳанд шуд.

Шодиён Завқибек, сардори Раёсати қонунгузории андоз ва санадҳои меъёрии андоз ба Озодӣ гуфт, имсол ба вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ нома ирсол намуда, онҳоро аз имтиёзу сабукиҳо ва ӯҳдадориҳои соҳибкорон зимни амалӣ намудани корҳои хайру эҳсонкорӣ дар ҷараён гузоштем.

Ӯ гуфт, дар сурати аз ҷониби шахсони эҳсонкор иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ доир ба ройгон супоридани иншоот, имтиёзҳои пешбинишуда нисбат ба онҳо татбиқ намегарданд ва маблағи имтиёзҳои гирифташуда аз онҳо ситонида мешавад.

Кумитаи андози Тоҷикистон ҳадафи пешниҳоди имтиёзҳо барои соҳибкорони хайрхоҳро, ҷалби ҳарчӣ бештари соҳибкорону сокинони доро барои корҳои хайр дар кишвар арзёбӣ мекунад.

Сохтмони ду мактаб бо маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби ду соҳибкори ватанӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон тоҷирону соҳибкорон аз фазои носолими сармоягузориию андозҳои баланд борҳо нигаронӣ кардаанд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, имтиёзҳо набояд танҳо ба соҳибкороне, ки миллионҳоро дар ихтиёр доранду кори хайре мекунанд, дода шавад, балки барои кулли соҳибкорон бояд имтиёзу сабукиҳои бештар пешбинӣ гардад, то иқтисодиёт рушд кунад.

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG