Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷирони тоҷик: "Доллар нест, рубл ба кор мебарем"


Акс аз бойгонӣ

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, соҳибкорони тоҷик метавонанд, аз Чин бо воситаи рубли русӣ молу маҳсулот ворид кунанд ва ҳеҷ мамониате ҳам дар муомила бо рубли русӣ вуҷуд надорад.

Чанде аз соҳибкорони тоҷик, ки ба воридоти мол аз Чин машғул ҳастанд, дар тамосҳои алоҳида бо Радиои Озодӣ гуфтанд, коршарикони чинии онҳо дар муомиолот рубли русиро ҳам мегиранд.

Сафарбек Асадуллоев, яке аз ин тоҷирон рӯзи 9-уми август а Радиои Озодӣ гуфт, “Барои ворид кардани мол аз Чин ба камбуди асъори хориҷӣ рӯ ба рӯ мешавем. Дар қиёс бо доллар дастрас кардани рубли русӣ аз бонкҳо барояшон осонтар аст. Вале барои муомила бо асъори хориҷӣ иҷозаи Бонки миллӣ зарур аст.”

Соҳибкорони тоҷик ҳоло аз бонкҳои Тоҷикистон ба сахтӣ доллар дарёфт мекунанд, аммо дар дарёфти рубл, ки дар бонкҳои Тоҷикистон фаровон аст, мушкил надоранд.

Тоҷирон мегӯянд, агар муомила бо рубли русӣ иҷозат дода шавад, аз як сӯ аз ташвиши ҷустуҷӯи доллар халос мешаванд ва аз сӯи дигар доллар дар дохили кишвар боқӣ мемонад. Аммо мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар муомила бо асъори хориҷӣ ҳеҷ монеае нест.

Бонки миллии Тоҷикистон дар як посухи катбӣ рӯзи 9-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, барои доду гирифт бо рубл иҷозаи Бонки миллӣ ҳам зарур нест, танҳо розигии ду ҷониб харидор ва фурӯшанда кофӣ аст.

Тоҷирони тоҷик ҳоло дар муомилот бо доллар мушкил доранд.
Тоҷирони тоҷик ҳоло дар муомилот бо доллар мушкил доранд.

“Агар фурӯшанда (соҳибкори Чин) розӣ бошад, ки бар ивази рубли русӣ молашро фурӯшад, он гоҳ харидор (соҳибкори ватанӣ) метавонад, бе ягон мамоният ба вай рубли русӣ интиқол диҳад. Ҳангоми анҷоми чунин амалиёт, яъне бар ивази рубли русӣ ворид намудани мол аз Чин иҷозати Бонки миллӣ лозим нест” - омадааст дар посухи Бонки миллӣ.

Ба гуфтаи Бонки миллӣ, дар муомилаи ташкилотҳои қарзӣ бо асъор муқаррароте таъйин намекунад ва “соҳибкорон метавонанд, ҳаргуна асъори ба онҳо заруриро тавассути ташкилотҳои қарзӣ ва воҳидҳои сохтории он хариду фурӯш намоянд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2016 ба ин тараф дарёфти доллар мушкил шудааст ва бисёре аз бонкҳо миқдори бисёр кам ва маҳдуди доллар ба мизоҷон мефӯрушанд ва ё табдил мекунанд.

Тоҷирони зиёде, ки умдатан бо доллар аз хориҷ мол ворид мекарданд, ба мушкилӣ дучор шуданд. Созмонҳои байналмилалии молӣ дар гузашта ҳам мегуфтанд, ки иқтисоди Тоҷикистон “мӯътоди доллар” шудааст ва бояд пойбандӣ ба онро камтар кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG