Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ин баъд симкортҳои шуморо дар Тоҷикистон ҳама мебинад?


Сабти дубораи симкортҳо аз аввали имсол шурӯъ шуд.
Сабти дубораи симкортҳо аз аввали имсол шурӯъ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд “Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни операторони алоқаи барқӣ”-ро таъсис диҳанд. Мувофиқа барои таъсиси марказ ҳафтаи гузашта миёни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои интизомӣ ҳосил шудааст.

Дар махзани ягонаи маълумоти ширкатҳои мобилӣ иттилои марбут ба корбарони телефонҳои мобил ва интернет дар Тоҷикистон ҷамъ меоранд. Нодир Мирзоев, узви Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотиву мухобиротӣ рӯзи 8 декабр ба Радиои Озодӣ таъсиси махзани ягонаро тасдиқ кард ва гуфт, марказ дар назди Хадамоти алоқа таъсис меёбад.

“Яъне ҳар як оператори мобилие, ки дар Тоҷикистон фаъол аст, онҳо базаи маълумотии худро доранд, лекин дар маҷмӯъ база ё махзани маълумотие, ки дар бораи тамоми муштариёнро дошта бошад, айни замон дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тарҳрезӣ мешавад”- гуфт, ӯ.

Нодир Мирзоев гуфт, ки махзани иттилоотӣ “барои ҷамъоварии омор” таъсис дода мешавад, вале мутахассисон мегӯянд, махзани иттилоот роҷеъ ба муштариҳо метавонад, бештар марбут ба симкортҳои муштариҳо бошад, ки тавассути онҳо зангҳои телефонӣ ва паёмҳо ё СМС-ҳо дастраси мақомот шавад. Аз аввали имсол сокинони Тоҷикистон танҳо бар асоси шиноснома метавонанд, соҳиби симкорт шаванд ва як маъракаи азими сабтиноми дубораи симкортҳо ҳам сурат гирифт.

Намояндагони аксари ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳафтаи гузашта як санаде аз Хадамоти алоқа дарёфт карданд, ки аз таъсиси Махзани ягонаи маълумоти муштариён ё ба истилоҳ “Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни операторони алоқаи барқӣ” хабар медиҳад.

Мегафон яке аз ширкатҳои бузурги мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст.
Мегафон яке аз ширкатҳои бузурги мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст.

Рӯзи 8 декабр ҳеҷ як ширкати мухобиротӣ омода нашуд, ки дар ин бора сӯҳбат кунад, вале дар сӯҳбатҳои хусусӣ намояндагони ширкатҳо гуфтанд, ки таъсиси махзани ягона боиси бештар шудани назорат аз мухобироти шаҳрвандон ва ҳам кори ширкатҳои мобилӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Ассосиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз намояндагони худ дар ширкатҳои мобилӣ тақозо намудааст, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар мавриди таъсиси махзани маълумот назарҳои худро пешниҳод кунанд.

Ғафур Эркаев, раиси Ассосиатсияи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, имкони дастрасӣ ба санади таъсиси чунин махзанро надорад, вале таъсиси чунини маркази маълумот бояд танҳо бар асоси қонун сурат гирад.

Вай гуфт: “Дар қадами аввал мо бояд заминаи ҳуқуқии онро биомӯзем. Дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” амал мекунад, ки бар асоси он ҳар ширкати мобилӣ бо муштарии худ қарордоди дуҷониба дар бораи сиррӣ будани ҳамаи маълумоти муштарӣ ба имзо мерасонад. Ва ин чиз кафолат дода мешавад. Боз қонун дигар “Дар бораи ҳуқуқи муштариён” вуҷуд дорад, ки ҳама навъи хизматрасонӣ бо кафолат ва ҳамаҷониба анҷом дода хоҳад шуд. Дар ин сурат санаде, ки ба дасти ширкатҳо расидааст, бояд бар асоси арзишҳои ҳуқуқӣ баҳогузорӣ шавад”.

Коршиносон мегӯянд, таъсиси махзани ягонаи маълумоти мухобиротӣ ба маънои шадид шудани назорат аз ҳаёти хусусии мардум аст ва метавонад паёмадҳои ғайри қобили пешбинӣ ба бор орад.

То имрӯз сохторҳои қудратӣ дар сурати вуҷуди парвандаи ҷиноӣ, бо иҷоза метавонистанд, муколамаҳои гумонбаронро тафтиш ва дар ҷараёни таҳқиқот истифода кунанд. Дар кишварҳои зиёд дастрасии сохторҳои интизомӣ ба телефонҳои мобили шаҳрвандон танҳо бар асоси иҷозати додгоҳ сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG