Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрахон Обидпур: “Бадахшону Зарафшонро дуруст таллафуз намекунанд"


Ҷӯрахон Обидпур
Ҷӯрахон Обидпур

Бо қарори Иттиҳоди оҳангсозони Тоҷикистон имсол оҳангсоз ва мусиқишинос Ҷӯрахон Обидпур барандаи Ҷоизаи ба номи Борбад эълон шуд. Профессор Обидпур муаллифи даҳҳо асари мусиқӣ ва ҳам тартибдиҳандаи яке аз комилтарин луғатномаҳои мусиқист.

Ҷоиза соли 2004 таъсис шуда, ба мусиқишиносону бастакорон дода мешавад, ки асарҳои баландмазмуне дар ду соли ахир эҷод кардаанд. Радиои Озодӣ бо мусиқишиноси номвар, чанд рӯз пас аз тақдими Ҷоизаи Борбад, рӯзи 15-уми август суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Шумо мусиқишиноси собиқадор ҳастед. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ осори Шумо ба нашр расидааст. Ваъзи имрӯзаи мусиқии касбии тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҷӯрахон Обидпур: "Гуфтании зиёд дорам. Вазъи мусиқии бисёровозаи тоҷик вобастагӣ ба таълим дар муассисаҳо дорад. Чӣ тавре, ки таълимро ба роҳ монем, ояндаи санъати касбӣ чӣ мешавад, мефаҳмем. Хусусан дар солҳои соҳибистиқлолӣ таълими мусиқӣ, дар мактабҳо, коллеҷ ва консерватория коста шудааст ва кам аҳамият медиҳанд. Албата, ман мушоҳидаҳо дорам. Дар як сафари корӣ ба шаҳру навоҳӣ аз бачаҳо мепурсидам, ки дарси суруду мусиқӣ чигуна асту чӣ мехонанд? Хуб намедонанд. Дар мактабҳои мусиқӣ медидам, бештар ба мусиқии суннатӣ, ки омӯзишаш осонтар аст, таваҷҷӯҳ доранд. Мусиқии касбӣ қариб нест, вақте саводи мусиқӣ бошад, мусиқии тамоми ҷаҳонро навохтан осон мешавад, вале ин чизро надорем. Суҳбати ман дар бораи ояндаи санъати касбӣ ва мусиқӣ меравад ва хеле ташвишовар мебошад."

Радиои Озодӣ: Имрӯз бозори савту наво зиёд демократӣ шудааст, даҳҳо сабку равия пеш омадааст, садҳо оҳангсозу сароянда бо ҳар восита садои худро ба мардум мерасонанд. Ин хуб аст ё бад?

Ҷӯрахон Обидпур: "Аз як ҷиҳат бад аст, чунки гуфтам, назорат нест, касе чӣ ҳунар дорад, муаррифӣ мекунад, дар гузашта касе чизеро эҷод мекард, дар Иттифоқи бастакорон муҳокима мешуд ва назарашонро барои пахш шудан ё нашуданаш мегуфтанд. Ҳоло ин хел нест, ҳар кас бо нерӯ ва фаҳмишаш кор мекунад. Мисолҳое дорам, ки номи Зарафшону Бадахшонро хуб талаффуз намекунад."

Радиои Озодӣ: Мехостам, назари худро дар бораи ҷойгоҳи мусиқии тоҷик мегуфтед. Оё бо омезиш ёфтани асбобҳои мусиқии замонавӣ хатаре ба мусиқии тоҷикӣ эҳсос мешавад?

Ҷӯрахон Обидпур: "Фикрҳо мухталиф ҳастанд, хатаре доштанаш мумкин аст, вале бояд созҳои халқиро аз миён набарем ва онҳоро ҳифз кунем. Мусиқӣ ва асбобҳои мусиқии миллӣ то ин вақт омадаанд ва бояд монанд. Имрӯзҳо созҳои миллӣ бо созҳои электронию аврупоӣ омезиш меёбанд. Дастаҳои мусиқӣ ҳастанд, ки аз созҳои мусиқӣ истифода мекунад, далели он аст, ки созҳои мусиқии тоҷикӣ солҳои сол хоҳанд монд. Бояд як маркази мусиқӣ бошад, ки ин самтро назорат кунад, то хубтар ҳифз шаванд, вале афсӯс, ки ин чизҳо нест. Ҳар кас ба хости худаш дастаҳои мусиқӣ месозад, мисолҳо дорам, вале аз онҳо ном бурда наметавонам. Созҳои аврупоӣ бо як ё ду сози тоҷикӣ омезиш ёфта, намоиш дода мешавад."

Радиои Озодӣ: Шумо муаллифи луғатномаи мусиқӣ ҳастед, ки бояд нашр шавад. Китоби Шумо чӣ вазифаеро ба ҷо меорад?

Ҷӯрахон Обидпур: "Китоби “Луғатномаи мусиқӣ” дар Шӯравӣ ва дар замони истиқлол ба забони давлатӣ вуҷуд надошт, ҳоло ки дарсҳо бо забонӣ тоҷикӣ ҳастанд. Бачаҳое, ки аз деҳот меоянд, қариб русӣ намедонанд, китобе, ки ман омода мекунам, бисёр муҳим аст. Дар аввал фикр мекардам, ки дастаҷаъмӣ бо ҳамкоронамон менависем, вале танҳо кор кардам, дар се сол навиштам. Китоб зиёда аз 500 мақоларо дар бар мегирад ва рӯзҳои наздик нашр мешавад. Истилоҳҳои мусиқӣ баргардонида шудааст, санъаткорону мусиқишиносони ҷаҳонӣ дар китоб зикр мешавад. Дар бораи мусиқии тоҷик маълумоти зиёд ҳаст. Китоб зиёд нашр шавад, хуб аст, ман 20 китоб навиштаам 4 китобам дар донишгоҳ ва коллеҷҳои мусиқӣ дарс дода мешавад. “Дарси рубоб”-ро 50 сол пеш навишта будам."

Радиои Озодӣ: Мусиқии Шумо дар хазинаи Радиои тоҷик ҳаст ва ҳунармандон низ истифода бурдаанд, мегуфтед, ки насли ҷавон майли ҳамкорӣ дорад ё на?

Ҷӯрахон Обидпур: "Шояд маро намешиносанд ва намедонанд, ки ҳамкорӣ кунад, касе аз ҳунармандони ҷавон муроҷиат накардааст, вале дар гузашта ҳунармандони зиёде мисли Нигина Рауфова, Нуқра Раҳматова, Сурайё Қосимова ва дигарҳо ҳамкорӣ доштанд ва оҳангҳои маро иҷро мекарданд. Солҳои 70 ва 80-ум буд. Суруд менависед, асосаш оҳанг аст, дар шеъри дигар шоирон оҳанг мебандед, ки суруд ба номи оҳангсоз эҷод мешавад."

Радиои Озодӣ: Дар китоби «Шеър оҳанг аст» оид ба арӯз ва вазни шеъри форсӣ тоҷикӣ андешаҳои худро баён кардаед. Дар ин бора бигӯед, ки чӣ гуфтан мехостед?

Ҷӯрахон Обидпур: "Мардум арӯз мегӯянд, вале намедонад, ки он чӣ аст. Ман ба ин чиз ишора кардам ва чӣ будани онро гуфтам, шарҳ додам."

Радиои Озодӣ: Кори мусиқиро кай оғоз кардед?

Ҷӯрахон Обидпур: "Кӯдак будам, ки пирамарде, ки бобои Қурбон мегуфтанд, рубоб менавохт, ман доиранавозӣ мекардам, аз он вақт оғоз шуд. Сипас дар шаҳри Кӯлоб низ машқи мусиқӣ карда, ба маҳфилҳо рафтам ва роҳам ба мусиқии касбӣ боз шуд.​"

Радиои Озодӣ: Ташаккур барои суҳбат!

Ҷӯрахон Обидпур: Ташаккур, ки ёди мо кардед.

Шарҳи ҳоли меҳмон

Ҷӯрахон Обидпур, 20 марти соли 1940 дар деҳаи Бедаки Мӯъминобод ба дунё омадааст, волидайни ӯ мудате дар деҳаи Лойова ва сипас Томчии ҳамин ноҳия зиндагӣ кардаанд. Мактаби миёнаро то синфи 7-ум дар деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб хонда, барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе рафтааст. Ӯ соли 1965 барои идомаи таҳсил донишҷӯи Кансерваторияи шаҳри Тошканти ҷумҳури Ӯзбекистон шуда, баъди 5 соли таҳсил фаъолиятро дар Душанбе оғоз кардааст.

Ҷурахон Обидпур соли 1991 унвони Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистонро соҳиб шуда, муаллифи беш аз 20 китоб аст, ки чаҳор китобаш дарс дода мешавад. Ӯ мусиқишинос, оҳангсоз ва шоиру омӯзгор аст. Соҳиби шаш фарзанд буда, танҳо Нигина Обидова, духтари ӯ роҳи падарро гирифта, соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шудааст. Корманди пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG