Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Илтимос, падарамро раҳо кунед". Зиндонӣ шудани падару писар дар як рӯз. ВИДЕО


Додгоҳе дар Душанбе як падар ва писарро барои харидуфурӯши бангдона ба 17 сол зиндон маҳкум кард.

Абдулвоҳид Сатторзода, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва раиси муҳокима рӯзи 13-уми май зимни судури ҳукм гуфт, Амирхоҷа Раҷабови 65-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ барои харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷалби ноболиғ ба ҷиноят, бояд 9 соли умрашро паси панҷара сипарӣ кунад. Писари ин мард Азиз Раҷабов ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Фарёди падар дар рӯзи эълони ҳукм

Аммо хешовандони падару писар ҳукмро бераҳмона ва ноодилона номида гуфтанд, ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят мебаранд. Амирхоҷа Раҷабови 65-сола пас аз эълони ҳукм аз паси панҷара фарёд кашида гуфт, ки мехост, дар мурофиа, ки беш аз як моҳ идома дошт, хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳузур дошта бошанд, вале Радиои Озодӣ танҳо дар рӯзи ҳукм иҷозаи ширкат дар муҳокимаро гирифт.

Рӯзи 10-уми май дар додгоҳи Фирдавсӣ ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷоза надоданд, ҷараёни мурофиаро инъикос намоянд. Раҷабов мегӯяд, дархостҳояш дар мавриди ширкати хабарнигорон дар мурофиа ба назар гирифта нашудааст. Қиёмуддин Исломуддинзода, муфаттиши парванда қабл аз эълони ҳукм гуфт, падару писар ба харидуфурӯши бангдона машғул шудаанд ва зимни тафтишот ин "кирдорҳои ғайриқонунашон" собит шуд.

"Илтимос, падарамро раҳо кунед". Зиндонӣ шудани падару писар дар як рӯз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Ӯ афзуд, Амирхоҷа Раҷабов писари ноболиғашро дониста ба харидуфурӯши маводи мухаддир ҷалб намудааст, то ҷинояташ пинҳон бимонад. "Писарам ноболиғ асту аз назари мақомот дур мемонад, гуфта, ӯро ба ҷиноят ҷалб кардааст, масалан, писараш бо маслиҳати падар дар 40 қуттии гӯгирд маводро мефурӯшад, ки ошкор мешавад",-афзуд муфаттиши парванда.

Айбдоркунандаи давлатӣ афзуд, зимни тафтиши хонаи онҳо дар ҷамоати Чортеппа дар Рӯдакӣ, маводи мухаддир ёфт шудааст. Ӯ аз додрас хост, барои ин ҷиноят Амирхоҷа Раҷабовро ба 11 соли зиндон ва писари ноболиғаш Азиз Раҷабови 17-соларо ба 9 соли зиндон маҳкум кунад.

Вакили дифоъ: "Зерҳимояам бегуноҳ аст"

Вале Зафар Маҳмудов, вакили дифои маҳкумшудагон гуфт, дар тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ гуноҳи Амирхоҷа Раҷабов исбот нашуд ва далелҳоеро пешниҳод кард, ки ба қавли ӯ бегуноҳ будани зерҳимояаашро собит мекунад.

Зафар Маҳмудов аз ҷумла далел овард, Амирхоҷа Раҷабов давоми як соли ахир дар бистари беморӣ ва рӯзи тафтиши манзилашон дар шифохона будааст.

"Бемории қанд, фишори баланд дорад ва маъюби гуруҳи севвум аст. Аз кирдорҳои писараш умуман огоҳӣ надоштааст. Дар тафтишот гуфта шудааст, ки нисбати ин кас маводи оперативӣ (маълумот) доштаанд, агар чунин маводу далелҳоро аз пеш медоштанд, чаро наомаданд ва ӯро боздошт накарданд? Агар маводи оперативӣ буд, чаро аввал писарашро дастгир карданд, баъд ӯро? Раҷабов аз кирдорҳои писараш вақте хабардор мешавад, ки кофтукоби хонаву боздошти вай сурат мегирад",-афзуд вакили дифоъ.

Зафар Маҳмудов таъкид кард, ки парвандаи падару писар якҷониба баррасӣ шудааст ва ниёз ба баррасии одилонаву бештар дорад. Ӯ афзуд, "ноболиғ Азиз Раҷабов дар баёноташ гуфтааст, ки маводи мухаддирро на бо маслиҳати пешакии падараш, балки бо роҳнамоии тағояш Аслиддин Хоҷаев дастрас намуда, ба хона овардааст".

Қабл аз машварати додрасон, вакили дифои маҳкумшудагон дар хитоб ба додраси парванда гуфт, Амирхоҷа Раҷабовро, ки дар мурофиаҳо бегуноҳияш исбот шуд, озод намояд ва бо назардошти онки писараш, ноболиғ аст, бори аввал ҷиноят кардааст ва аз ин кор сидқан пушаймон шудааст, ҷазои сабуктаре таъйин кунад.

"Падарамро раҳо кунед"

Амирхоҷа Раҷабов зимни сухани охирини худ бо муроҷиат ба додрас гуфт, ки бегуноҳ аст ва афзуд, "ба Худо қасам аз кирдорҳои писарам хабардор набудам ва Шуморо ба Худо месупорам, ки чӣ гуна қарор содир мекунед". Писараш Азиз Раҷабов гуфт, "ба гуноҳи худ иқрорам, дар ин ҷо падарам гуноҳе надорад, ҳамроҳи тағоям будем, илтимос падарамро раҳо кунед".

Додрас баъди шунидани фикри ҷонибҳо ҳукми падару писарро эълон кард ва гуфт, агар розӣ набошанд, метавонанд, ба додгоҳи болоӣ шикоят баранд.

Ӯ аз мақомоти тафтишотӣ хост, нисбати Аслиддин Хоҷаев, тағои Азиз Раҷабов чора биандешанд ва аз натиҷааш ба ӯ хабар диҳанд. Хоҷаев дар яке аз марҳилаҳои мурофиаи додгоҳӣ даъват шудааст ва гуфтаҳои Азиз Раҷабов дар мавриди роҳнамоии ӯ ба ҷиноятро рад кардааст.

Падару писар, сокинони ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакиро моҳи ноябри соли 2018 кормандони Оҷонси мубориза бо мовди нашъадор бо иттиҳоми харидуфурӯш ва нигаҳдории се кило маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Дар Тоҷикистон солона даҳҳо нафар барои қочоқи маводи мухаддир дастгир ва зиндонӣ мешаванд, аммо бори аввал аст, ки як падару писарро бо чунин иттиҳоме зиндонӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG