Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талош барои бозгардонидани обрӯи "Гулшан"-и як замон маҳбуб


Бахтиёр Иброҳимов
Бахтиёр Иброҳимов

Имсол аз таъсиси гурӯҳи овозадори эстрадии “Гулшан” 55 сол сипарӣ мешавад. Дастаи овозхонони ҷавони ин гурӯҳ талош доранд, шӯҳрати қаблии ин гурӯҳро баргардонанд. Радиои Озодӣ бо Бахтиёр Иброҳимов, роҳбари нави дастаи “Гулшан”  суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Сабаб чист, ки “Гулшан” наметавонад сурудҳои маҳбуби ҳамагон эҷод кунад?

Бахтиёр Иброҳимов: “Ҳоло бастакорон талош мекунанд моли худро гаронтар бифурӯшанд. “Гулшан” наметавонад барои як суруди хуб 3 ё 5 ҳазор доллар пардохт кунад. Вале овозхонҳои сарватманде ҳастанд, ки ба 10 ҳазор доллар низ суруди хуберо мехаранду месароянд.

Радиои Озодӣ: Чӣ бояд кард, ки оҳангсозон эҷоди хуби худро нахуст ба овозхонҳои “Гулшан” пешниҳод кунанд?

Бахтиёр Иброҳимов: “Ҳоло мо талош дорем, дастаи “Гулшан” асосан аз ҳисоби ҷавонон бошад, то онҳо минбаъд худ бастакору ороишгари мусиқӣ шаванд. Онҳо дар навбати худ бояд шогирдонеро омода созанд, ки оянда давомдиҳандаи санъати эстрадии тоҷик бошанд. Мо набояд аз замона ақиб монем, бояд ба талаботи давр ҷавоб дода тавонем.”

Радиои Озодӣ: Дар таронаҳои тозаи “Гулшан” як навъ сиёсатзадагӣ эҳсос мешавад ва оё барои роҳ ёфтани овозхонҳои шумо ба шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон васфи дастовардҳои сиёсии мақомот ҳатмӣ аст?

Бахтиёр Иброҳимов: “Не, зарур нест. Аммо, худи ҷавонон ба сурудани таронаҳои сиёсӣ шавқ доранд, зеро мехоҳанд, ватан ва зебоиҳои онро бештар таблиғ кунанд."

Радиои Озодӣ: Манзурам сурудҳои бахшида ба мавзӯҳои сиёсӣ, назири даҳсолаи фалону бисмадон аст.

Бахтиёр Иброҳимов: Қатъиян изҳор медорам, ки дар миёни сурудаҳои “Гулшан” сурудҳои сиёсӣ аслан нестанд. Барои роҳ ёфтан ба шабакаҳои телевизионӣ низ сурудаҳои васфи ватан бояд ба меъёр мутобиқ бошад. Ҷавонон сурудаҳои зиёди худро пешниҳод мекунанд, аммо ба онҳо мегӯям, ки суруд ва оҳанг дар васфи ватан бояд лоиқи ин сарзамин ва гузаштагони пурифтихори мо бошад.

Ансамбли эстрадии “Гулшан” аз нахустин дастаҳои мусиқии тоҷик аст, ки дар соли 1964 таъсис шуда ва бо номи Муқаддас Набиева, Хурмои Ширин, Тоҷиддини Муҳиддин, Қароматуллои Қурбон, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Умар Зиёев, Баҳодури Неъмат ва чанде дигарон то ҳол вирди забони мардум аст.

XS
SM
MD
LG