Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон дар дуроҳа -- пасандозҳоро гузоранд ё бигиранд?


Бесуботӣ дар бозори арзи Тоҷикистон ва то рафт жарфтар шудани бӯҳрони иқтисодӣ бархе аз сокинонро аз сарнавишти амонатҳои онҳо дар бонкҳои Тоҷикистон нигарон кардааст.

Сокинони кишвар, ки солҳои ахир торафт эътимодашон ба бонкҳо бештар мешуд ва пасандозҳои худро дар бонк мегузоштанд, тайи беш аз 1 моҳи ахир дар ин андешаанд, ки пулҳои худро бозпас бигиранд ва ё то фарорасии рӯзҳои беҳтар сабр кунанд.

Сабоҳат, як сокини Душанбе мегӯяд “ҳамин хел гапҳо зиёд мешунавем. Рости гап наздиконамон ҳам, ки пасандоз доштанд, падарашон маҷбур дорад, ки рафта пулҳоятонро гиред. Ҳоло онҳо барои гирифтани пулашон омодагӣ мебинанд.”

Катоён, сокини дигари пойтахт мегӯяд, фарзандонаш аллакай пулҳои пасандози худро аз бонк гирифтаанд. Вай мегӯяд, ки “барои бачаҳо пул даркор шуд, барои ҳамин гирифтем. Вақти бӯҳрон агар ба онҳо даркор намешуд, намегирифтем. Воҳима буд, вале мо ба ин воҳима наафтодем. Пули бисёр надорем, 2000 доллар буд, вале бе мушкил мо онро гирифтем.”

Ба фарқ аз ин мусоҳиби мо, ки аллакай пасандозашро бидуни мушкил бозпас гирифтааст, бархе мегӯянд, ки наметавонанд ба осонӣ пули худро аз бонк бигиранд. Бонкҳо дар навбати худ таҳлукаи мардумро, беҳуда медонанд ва бо боварӣ мегӯянд, бо вуҷуди бархе аз мушкилот, низоми бонкӣ устувор аст ва қобилияти пардохтпазирии худро гум накардаанд.

Қурбонназар Восиев.
Қурбонназар Восиев.

Таҳлили “Тоҷиксодиротбонк” нишон додааст, ки дар давраи бӯҳрон аз 5 то 7 дар сади пасандозгузорон вобаста ба зарурат барои бозпас гирифтани пасандозҳои худ муроҷиат кардаанд. Қурбонназар Восиев, раҳбари дастгоҳи “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, дар давраи бӯҳрон ин як ҳолати маъмулӣ аст.

Ба гуфтаи оқои Восиев, “мардум аз дигар ҷо манбаи даромад надоранд, савдо суст мешавад, қобилияти харидорӣ кам мешавад ва эҳтиёҷ ба маблағҳои пасандоз зиёд мешавад. Аслан боло рафтани доллар, кам гардидани он дар кишвар баъзан боиси таҳлукаи мардум мешавад, вале вақте ба мо муроҷиат мекунанду посух мегиранд ва бо вазъ ошно мешаванд, бисёриҳо намехоҳанд шартномаро қатъ кунанд. Вазъ ба ҳаде нест, ки дар берун онро тавсиф мекунанд. Онҳое ин сару садоҳоро паҳн мекунанд, ки бо кори бонкӣ хуб ошно нестанд.”

Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, онҳо тасмим доштанд, аз оғози сол баҳраеро, ки барои пасандозҳои муайян шудааст, поин баранд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба вазъи бӯҳронӣ ва ба хотири ҷалби муштариён, ин баҳра ва имтиёзҳои қаблӣ нигаҳ дошта шудааст. Қурбонназар Восиев мегӯяд, ки “пули пасандозҳо дар бонк нест. Ин пул дар дасти қарзгирандаҳо аст. Қарзгирандаҳо ба ҳолати бӯҳронӣ гирифтор шудаанд, мо ҳам то охирин талош дорем, мӯҳлати қарзҳои онҳоро тамдид мекунем.”

Солҳои ахир бонкҳои кишвар аз афзоиши пасандози сокинон хабар медоданд. Сандуқи амонатии “Тоҷиксодиротбонк” солона 20 дарсад афзоиш доштааст. Бонки давлатии “Амонатбонк” шумораи амонатгузорони худро ба беш аз 1 миллион нафар баробар медонад.

Руҳуллоҳ Ҳакимзода
Руҳуллоҳ Ҳакимзода

Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” мегӯяд, ки “Бонки амонатгузорӣ тамоми кудратро дорад, ки ҳар касе, ки муҳлати пасандозаш ба охир расидааст, метавонад чӣ миқдоре пуле ки бошад, онро бозпас бигирад. Шумори амонатгузорон дар ин бонк дар як сол 303 ҳазор нафар зиёд шудааст. Бояд ба як чиз таваҷҷӯҳ кард, ки бонки давлатӣ барои пасандозҳои мардум кафолати ҳукуматӣ дорад”

Иқтисодшиносон босуръат поин рафтани пули миллӣ ва камчин шудану болоравии долларро, ки ба кори бонкҳо бетаъсир намонд, сабаби аслии ноумедӣ ва нигаронии мардум арзёбӣ мекунанд. Аммо онҳо ҳам таъкид мекунанд, ки ҷое барои тарсу ҳарос нест ва пули мардум эмин нигаҳ дошта мешавад.

Шамсиддин Ҷалолов, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, ки “чунин вазъ соли 2008 дар Русия ба вуҷуд омада буд, ки боиси муфлисшавии иқтисодиёти ҷаҳон шуда буд. Вале сарфи назар аз ин, Тоҷикистон метавонад пасандозҳои шаҳрвандонро эмин нигоҳ доранд. Чун қонуни бонк вуҷуд дорад, қонуни Тоҷикистон дар бораи ҳимояи соҳибкорон ва фаъолияти бонкӣ ҳаст, ки пеши роҳи мушкили ҷиддиро мегирад. Албатта бонкҳоро мебоист имиҷи худро дар самти муомила бо мардум ва санадҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ боло баранд.”

Ба иттилои Бонки милии Тоҷикистон, вобаста ба бӯҳрони молӣ, муроҷиати сокинону соҳибкорон ба бонк зиёд аст. Мардум аз вазъи пешомада суол ва аз кори бонкҳо шикоят мекунанд. Вале масъулини ин бонк мегӯянд, ки танҳо Тоҷикистон нест, ки дар ин самт мушкил мекашад. Ба таъкиди онҳо ин як марҳилаи гузариш аст ва ояндаи наздик вазъ хуб мешавад.

Нигаронии сокинон аз сарнавишти амонатҳои худ дар бонкҳои Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

XS
SM
MD
LG