Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як филмсози ғарбӣ: "Дар ҳабс будани Мирсаидов ғайриқонунӣ аст"


Хайрулло Мирсаидов.
Хайрулло Мирсаидов.

Майкл Андерсен, як журналист ва филмсози ғарбӣ мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидовро “ғайриқонунӣ” ҳабс кардаанд ва ӯ бояд билофосила озод шавад.

Ин журналист, ки собиқаи 20-солаи ҳамкорӣ бо Хайрулло Мирсаидовро дар барномаву тарҳҳои мухталифи матбуотӣ дорад, рӯзи 20-уми декабр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба ТВ “Настоящее время” (як бахши Радиои Озодӣ) гуфт, боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани ин журналист хилоф бо меъёрҳои озодии баён аст. Исми Мирсаидов дар Тоҷикистон бо фаъолияташ дар оҷонсии хабарии “Азия-Плюс” ва радиои олмонии “Дойче велле” шинос аст.

Созмони Human Rights Watch, ки боздошти Хайрулло Мирсаидовро маҳкум кардааст, мегӯяд, ки аз рӯи иттиҳомоти воридшуда ин журналистро то 21 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хайрулло Мирсаидов, ки солҳои охир раҳбарии тими ҳозирҷавобони “КВН”-ро ба ӯҳда дошт, бо қарори додгоҳи Суғд рӯзи 8 декабр боздошт шуд. Ӯ аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла, “аз они худкунӣ ё исрофкорӣ”, “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, “сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ” ва “дидаю дониста расондани хабари бардурӯғ”, гумонбар эълон шуд.

Аз рӯи ин иттиҳом ба Мирсаидов то 21 соли зиндон таҳдид мекунад, мегӯяд созмони Human Rights Watch, ки боздошти журналистро маҳкум кардааст. Падари журналист Ҳабибулло Мирсаидов дар парванда дидааст, ки иттиҳоми марбут ба “барангехтани кинаву адоват” ба мазмуни намоишномаҳои тими КВН иртибот мегирад, ки дар саҳнаҳои барномаи маъруфи телевизионии Русия ҳунарнамоӣ мекард.

Майкл Андерсен, журналисти ҳамкори Мирсаидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Вай ду ҳафта шуд, ки дар ҳабс аст ва дар ин муддати ҳеҷ пешравие нашуд. Ду-се бор бо адвокаташ вохӯрд. Ин, албатта, хуб аст. Хеле муҳим аст, ки Эътилофи зидди шиканҷа дар робита бо боздошти Хайрулло изҳорот пахш кард. Аъзои ин эътилоф ҳама мутахассиси қонун ҳастанд ва онҳо якдилона мегӯянд, ки вай боз озод шавад. Дар ҳабс будани Хайрулло ғайриқонунӣ аст. Президенти Тоҷикистон ҳамеша таъкид мекунад, ки ин кишвар ҳуқуқбунёд аст, пас Хайрулло бояд озод шавад”.

Дар як изҳорот созмони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми декабр нашр шуд, аз шеваи боздошти Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин изҳорот зарурати озод шудани журналист ва ҳам тафтиши мунсифонаи парвандаи ӯ тақозо шудааст.

Майкл Андерсен дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки боздошти Мирсаидов мояи нигаронӣ ва ташвиши созмонҳои ҳомии озодии баён шудааст: “Мо ҳоло мутахассисон, сиёсатмадорон, дипломат ва матбуоти ғарбиро дар бораи ин қазия хабардор мекунем. Ман медонам, ки бархе мутахассисони мо чанд дафъа бо мақомоти тоҷик дар Душанбе мулоқот карда, аз онҳо пурсиданд, ки чӣ мегузарад? Онҳо гуфтанд, ки худи қонун, на қонунҳои Дания ё Амрико, балки қонунҳои худи Тоҷикистон боздошти ӯро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд”.

Майкл Андерсен мегӯяд, Мирсаидов дар бораи фасоду фасодхории мақомот менавишт. Вебсайти ғарбии thediplomat.com, ки дар як матлаби вижааш рӯзи 20 декабр ба сарнавишти Мирсаидов муроҷиат кардааст, боздошти ӯро “яке аз ҳодисаҳои ташвишовар” ва “ҳамла ба озодии баён” дар як кишвари Осиёи Марказӣ номидааст. Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки Мирсаидов баъди дар номае ба президент Раҳмон фош кардани қазияи пораталабии мақомот дар ҳукумати вилояти Суғд, ки маблағгузории тими КВН-ро ба ӯҳда доштанд, ба ин ҳол гирифтор шуд.

Дар ин матлаб Кети Морис, раҳбари барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии созмони ARTICLE 19, ки як ҳомии озодии баён аст, гуфт, боздошти журналист талоши пахши садои интиқодӣ дар Тоҷикистон аст. Вай дар сӯҳбат бо вебсайт гуфтааст, ки “дар Тоҷикистон солҳои охир вазъ ба таври фоҷеабор бад мешавад. Мақомот талош доранд садои дигарандешонро пахш карда, дигарҳоро тарс диҳанд”.

Муаллифи матлаб инчунин аз қарори Хадамоти алоқа ёдовар шудааст, ки кори системаи мухобиротии NGN-ро қатъ карда гуфт, шабакаҳои паёмрасони дигари маъмули мухобиротиро ҳам дар ояндаи наздик мебанданд.

Аз замони боздошт шудани Хайрулло Мирсаидов созмонҳои бонуфузи ҳомии озодии баён, мисли Human Rights Watch ва Кумитаи дифоъ аз журналистон бо пахши изҳорот ва нигаронӣ аз ин ҳодиса, озодшавии билофосилаи ӯро тақозо кардаанд.

Мақомоти тафтишотӣ дар Суғд парвандаи Мирсаидовро шарҳ намедиҳанд ва аз адвокаташ ҳам забонхат гирифтаанд, ки ҷузъиёти тафтишро ба ҷомеа фош намекунад.

XS
SM
MD
LG