Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири камчинии доллар ба фаъолияти соҳибкорони тоҷик


Афзоиши қурби доллар дар бозори асъори Тоҷикистон ба соҳибкороне зарба задааст, ки моли худро аз хориҷ ворид мекунанд. Соҳибкорони тоҷик барои пешбурди тиҷорати худ тамоми ҳисобу китобро бо қурби пули амрикоӣ ба роҳ мемонанд ва ҳамеша ба доштани пули нақд эҳтиёҷ доранд.

Илҳом, ки дар маркази Душанбе як нуқтаи фурӯши либоси занона дорад, яке аз онҳост. Вай мегӯяд, додугирифт дар кори ӯ бо доллар анҷом шавад.

“Мо асосан молро аз Истамбул, Санкт-Петребург ва Пекин бо доллар мехарем. Агар дар бозор доллар набошад, пас молу маҳсулот ҳам намешавад. Агар мол набошад, пас талабот ҳам аз байн меравад” -мегӯяд, Илҳом.

Ба қавли коршиносон, камчин шудани доллар дар Тоҷикистон дар моҳҳои ахир чанд омил дорад. Бинобар шурӯи мавсими киштукор, аз хориҷа воридоти тухмиву нурии минералӣ, ниҳол ва маводи сӯхт афзоиш ёфт. Ин маҳсулот низ аксаран бо доллар харидорӣ мешавад.

Сабаби дуввуми камчинии доллар

Сабаби дуюм ин кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия аст. Муҳоҷирон маъмулан дар нимаи дуввуми сол бештар пул мефиристанд. Ҳамзамон вобастагии иқтисоди Тоҷикистон ба Русия ва қурби рубли русӣ низ нақши муҳим мебозад.

Инро масъулини Бонки миллӣ ҳам тасдиқ мекунанд. Аз ҷумла, дар як шарҳи катбии ин ниҳод рӯзи 1 май гуфта шудааст, афзоиш ё коҳиши талабот ба асъори хориҷӣ «хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад».

Қурби доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ асосан дар нимаи дуюми моҳи апрел баланд шуд. Ин омил бо якбора паст рафтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА дар он рӯзҳо (то 11,2 фоиз) ва аз таъсири омилҳои мавсимӣ ба амал омад.

Муҳоҷирон маъмулан ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон рубли русӣ интиқол медиҳанд. Дар Русия низ ҳоло норасии доллар эҳсос мешавад. Ин аст, ки на ҳама вақт иқтидори бонкҳои Тоҷикистон барои иваз кардани рубли русӣ ба доллар кифоят мекунад.

Вале масъулони ширкатҳои молӣ ё бонкҳо вуҷуди норасоӣ дар асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари амрикоиро дар кишвар рад мекунанд.

Фурӯшандаи аслии доллар кист?

Нуриддин Лафизов, раҳбари муассисаи қарздиҳии «Алиф сармоя» мегӯяд, дар сурати норасоии асъор муассисаҳои молӣ ё қарздиҳӣ ба Бонки миллӣ муроҷиат мекунанд.

Мо ба ҳайси ниҳоди тиҷоратӣ аз нарасидани асъори хориҷӣ мушкил надорем.

«Бонкҳои тиҷоратӣ тавассути музоядаҳои Бонки миллӣ як миқдор асъори хориҷиро мефурӯшанд. Баъдан Бонки миллӣ ин асъори хориҷиро ба бозор мебарорад ва бо ин васила асъорро баробар ба бонкҳои тиҷоратӣ тақсим мекунад. Мо ба ҳайси ниҳоди тиҷоратӣ аз нарасидани асъори хориҷӣ мушкил надорем. Зеро медонем, ки дар ҳолати зарурӣ Бонки миллӣ барои таъмин бо асъор кӯмак хоҳад кард. Ҳамчунин мо медонем, ки захираи асъор дар кишвар ба қадри кофӣ аст» -мегӯяд, ӯ.

Бонки миллӣ гуфтааст, ки «мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфти асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилоти қарзӣ имконият медод, ки муназзам доллари ИМА-ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Русия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонро ба он қонеъ намоянд. Тағйирёбии якбораи қурби рубли русӣ дар чанд рӯзи охир фаъолияти низоми мазкурро халалдор намуда, боиси бамаротиб зиёд гаштани талабот ба доллари ИМАи ғайринақдӣ ва нақдӣ шудааст».

Ҳоло фурӯшандаи аслии ин асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон Бонки Миллӣ аст. Барои ҷилавгирӣ аз ҳаннотӣ баъзе аз бонкҳо дар фурӯши доллар маҳдудият ҷорӣ карда барои як нафар фурӯши на бештар аз 200 доллар дар рӯзро иҷозат додаанд.

Кай доллар дар Тоҷикистон зиёд мешавад?

Бонки Миллии Тоҷикистон
Бонки Миллии Тоҷикистон

Бо вуҷуди коҳиши доллар дар Тоҷикистон, қурби расмии он дар баробари сомонӣ як фоиз ва дар бонкҳои тиҷоратӣ - ҳамагӣ 3 дарсад боло рафт. Бонки Миллӣ қурби асъори хориҷиро шадидан назорат мекунад ва намегузорад, ки доллар қиммат шавад.

Абдумалик Қодиров, як коршиноси тоҷик мегӯяд, “он ки дар Тоҷикистон Бонки милли сиёсати асъори хориҷиро танзим мекунад, ин барои иқтисоди бозаргонӣ чандон хуб нест. Вале дар шароити кунунӣ то ҳадде чунин амал сомониро аз беқурбшавӣ наҷот медиҳад“.

Таҳлилгарон бо ишора ба мавсимӣ будани баъзе омилҳо мегӯянд, вазъи бозори асъор то охири моҳи май ба танзим медарояд.

XS
SM
MD
LG