Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гунбади Ёқут" сар мекашад. Дар ҷои бозори Шоҳмансур


Тарҳи "Гунбаи Ёқут"
Тарҳи "Гунбаи Ёқут"

Як ширкати хусусӣ дар дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, биноеро дар Душанбе бунёд кунад, ки баландтарин дар шаҳр мешавад. Ҳоло баландтарин бинои пойтахт “Душанбе плаза” аст, ки 20 табақа ва 92 метр баландӣ дорад.

Зайд Саидов, молики ширкате, ки ин биноро сохт, бо гуноҳи тақаллуби молӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудааст, ҳарчанд худаш ин иддаоҳоро рад кардааст.

Фармоишгари тарҳи “Гунбади Ёқут” ширкати “Ёқут-2000” аст, ки корхонаи дӯзандагӣ, тарабхона ва корхонаи истеҳсоли семент дар Ваҳдатро дар ихтиёр дорад.

Тарҳи бинои “Гунбади Ёқут” -ро ширкати меъмории “Harmony art” аз шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ офаридааст. Қарор аст, бино дар ҷойи бозори “Шоҳмансур” дар яке аз гӯшаҳои марзказии Душанбе сохта шавад.

Бино ҳавзи оббозӣ ҳам дорад.
Бино ҳавзи оббозӣ ҳам дорад.

Ширкат барои сохтмон иҷозати мақомотро дарёфт кардааст. Мақомоти ширкат нагуфтаанд, ки сохтмон кай шуруъ мешавад ва чанд сол идома мекунад.

Абдулғанӣ ал– Саид як масъули ширкати тарроҳии “Harmony art” рӯзи 30-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ду қабати авввали бино барои идораву утоқҳои тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи аввал ҳамчунин шифохона ва боғчаи кӯдакон ҷойгир мешавад. 24 ошёнаи боқимонда хонаҳои истиқоматӣ ҳастанд.”

Илҳом аз тарҳи Дубай гейт

Ба гуфтаи тарроҳон, дар таҳияи тарҳи “Гунбади Ёқут” аз лоиҳаи маъруфе мисли “Dubai gate” ва иморатҳое мушобеҳ ба он илҳом гирифтаанд. Шаҳри Душанбе дар чанд соли охир симои худро хеле дигар кард. Асосан дар канори ду хиёбони асосии шаҳр Рӯдакӣ ва Айнӣ биноҳои баландошиёна қомат афрохтанд.

Коршиносон мегӯянд, сохту сози Душанбе бояд бар тибқи барномаи муайян ва бо назардошти ниёзҳои ояндаи сокинон пеш равад, на пароканда ва ё бо хости ширкатҳо.

Ғафур Шерматов, таърихшинос, ки мавзӯи меъмории шаҳри Душанберо омӯхтааст мегӯяд, Тоҷикистон ва аз ҷумла пойтахти он дар минтақаи зилзилахез ҷойгир шудааст ва рух додани заминларзаҳои шадид дар он имкон дорад.

Бо назардошти ин, ба гуфтаи Шерматов, меъморон дар даврони Шӯравӣ сохтани биноҳои баландошёнро дар самти рости дарёи Душанбе тавсия намедонанд, чун хоки он чандон устувор нест.

“Душанбе шояд ягона шаҳр дар дунё аст, ки танҳо дар марказ рушд мекунад. Ҳол он ки шаҳр бояд ба паҳнои худ бештар рушд кунад ва маҳаллаҳои наве бо тамоми зербунёдҳои нав, обу хати корез бунёд шаванд. Аммо дар Душанбе биноҳои дуошёнаи сохти шӯравиро вайрон карда, дар ҷойи онҳо биноҳои 10-12 ошёна месозанд. Чунки дар ин ҷо хати обу корез омода аст ва харҷи изофӣ наметалабад” – мегӯяд, ӯ.

Ғафур Шерматов мегӯяд, дар ояндаи наздик ин мушкилоти зиёдеро метавонад ба бор орад, чунки хати обу корез дар маркази шаҳр бо назардошти талаботи биноҳои дуошёна ва аҳолии солҳои 60-70-ум бунёд шудааст ва ба фишори биноҳои баландошёна тоб намеорад.

"Хона созед, вале на бо маҳви таърих"

Назари сокинони Душанбе ба тахриби биноҳои сохти шӯравӣ ва сохтмони биноҳои наву баландошёна дар ҷойи онҳо яксон нест. Дар ин миёна тахриби бинои театри Маяковский дар маркази Душанбе дар соли 2016 вокунишҳои сокинон ва аҳли ҳунарро ба бор овард ва ҳамагӣ аз мақомот тақозо доштанд, биноро вайрон накунанд. Аммо садояшон ба ҷое нарасид.

Нақшаи кулли шаҳри Душанбе дар даврони Шӯравӣ ҳанӯз соли 1983 таҳия шудааст, вале баъдан онро бознигарӣ карда ва такмил доданд. Ин нақшаи куллӣ барои 750 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо тайи солҳои охир кӯчидани аҳолии деҳот ба пойтахт зиёд ба чашм мерасад ва ҳоло шумораи аҳолии шаҳри Душанбе расман аз 800 ҳазор аст, вале ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, ҳатто аз марзи 1 миллион нафар убур кардааст.

Тарғиби тарҳи мазкур, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, вокунишҳои гуногунеро ба бор овардааст. Баъзе аз корбарон аз пешрафт суҳбат кардаву таҳсин гуфтаанд, баъзеи дигар танқид мекунанд, ки чаро корхона намесозанд ва ё бо пули ночизе, ки аксарият дар Тоҷикистон мегиранд, ин хонаҳоро кӣ мехарад.

XS
SM
MD
LG