Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти "Норак"- ро ба дасти "ANDRITZ" супурданд.САДО


Нерӯгоҳи Норак ҳол бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон аст.

Ширкати “Барқи Тоҷик” аз миёни се довталаби асосӣ барои таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, ширкати байналмилалии “Андритз”- ро интихоб кардааст, ки дар Олмону Австрия қароргоҳ дорад.

Ширкати “Андритз“ эълон кард, ки қарордоди таъмири нерӯгоҳ андаке бештар аз 120 миллион евроро ташкил медиҳад ва дар сурати таъмири комил, қудрати Норак, ки ҳоло 3 000 мегаватро ташкил медиҳад, 12 дар сад меафзояд.

“Бар асоси тарҳи таҷдиди фарогир ба ҷойи чархаҳои кӯҳна, нӯҳ агрегат ва турбинаҳои Франсис гузошта мешавад. Истгоҳҳои тақсими барқ ва дигар василаҳои идораи нерӯгоҳ низ тармиму таҷдид мешаванд” – омадааст, дар баёния “Андритз”.

лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:17 0:00
Линки мустақим

Нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки то 4 соли дигар аз 50-сола мешавад, ҳоло бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва 70 дар сади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад. Ҳаргуна садама ва ё мушкили фаннӣ дар Норак барои Тоҷикистон паёмадҳои фалокатбор дорад.

Соли 2016 аз кор мондани нерӯгоҳ барои камтар аз як соат нисфи зиёди Тоҷикистонро дар торикӣ гузошт ва аз ҷумла Талко, бузургтарин корхонаи саноатӣ ва истеҳсолкунандаи алюминиюм зарари зиёд дид.

Бан Ки Мун, дабири кулли собиқи Созмони Милалро ҳам ба Норак бурдаанд.
Бан Ки Мун, дабири кулли собиқи Созмони Милалро ҳам ба Норак бурдаанд.

Азбаски давлати Тоҷикистон пули таъмири нерӯгоҳро надошт, чанд сол пеш аз созмонҳои байналмилалии молӣ хост, дар таъмири Норак кӯмак кунанд. Бонкӣ Ҷаҳонӣ тарҳи таъмири нерӯгоҳро қабул кард ва акнун пулашро мепардозад.

Ширкати “Андритз” мегӯяд, ки баъди таъмир нерӯгоҳи Норак метавонад, фаъолияташро вобаста ба ҳаҷми оби обанбор тағйир бидиҳад. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки обанбори Норак ва садди Роғун, ки ҳоло сохта мешавад, имкон медиҳад, мудирияти захираҳои об дар рӯдхонаи Вахш беҳтар шавад.

Роғун умри Норакро 90 сол дароз мекунад

Ба гуфтаи ширкати “Барқи Тоҷик” тармими Норак бештар аз 10 солро дар бар мегирад. Дар ин ширкат рӯзи 8-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз миёни се ширкати аслие, ки дар озмуни навсозии Норак ширкат доштанд, "Андритз" интихоб шуд, чун қимати пешниҳодиаш поинтар буд. Ширкати мазкур, ки аз фурӯшандагони муҳими таҷҳизот барои нерӯгоҳҳои барқист, 175 сол таҷрибаи корӣ дошта ва то кунун дар саросари ҷаҳон 31 ҳазор турбина насб кардааст.

Ду ширкати дигар, GE Hydro аз Фаронса ва ширкати байналмилалии VOITH Hydro будаанд, ки яке барои иҷрои тарҳ бештар аз ним миллиард доллар ва дуввумӣ бештар аз 330 миллион доллар хостаанд. Озмуни байналмилалӣ барои интихоби иҷрокунандаи тарҳ рӯзи 27-уми июл сурат гирифтааст.

Обанбори Роғун умри Норакро 90 сол дароз мекунад.
Обанбори Роғун умри Норакро 90 сол дароз мекунад.

Муаллифони тарҳи навсозии Норак мегӯянд, нерӯгоҳи Роғун, ки болотар аз Норак сохта мешавад, умри ин нерӯгоҳро барои 90 соли дигар дароз мекунад, зеро ба обанбори Норак оби соф ҷорӣ мешавад ва хатари аз таҳшин пур шудани обанбори Норак аз байн меравад.

Мақомоти Тоҷикистон ваъда додаанд, ки чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ду моҳ баъд ба кор андохта мешавад.

Ширкати Андритз ҳоло ба иҷрои марҳилаи аввали корҳои таъмиру таҷдиди Норак шурӯъ мекунад. Дар маҷмӯъ бар асоси тарҳ барои таъмиру навсозии нерӯгоҳ аз ҷумла мустаҳкам кардани садди он тақрибан 600 миллион доллар лозим аст.

Дар тарҳи таъмири нерӯгоҳ омадааст, ки навсозии Норак хатарҳое ҳамроҳ дорад, аз ҷумла хатари сӯистифода аз маблағҳо, чун дар Тоҷикистон шаффофият дар кори ниҳодҳои давлатӣ як мушкили умда аст.

Иқтисоди Тоҷикистон дар баробари талотумҳои иқтисодии берунӣ бисёр осебпазир аст ва бонкҳояш мушкилоти зиёд доранд. Дигар масъала худи ширкати “Барқи Тоҷик” аст, ки ба қарзи зиёде фурӯ рафтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG