Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои моҳиҳо? Корхонаи тиллои "Зарафшон"-ро ҷарима карданд


Gold extraction plant in Tajikistan Panjakent
Gold extraction plant in Tajikistan Panjakent

Бунёд Абдумаликзода, муовини сардори раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, рӯзи 30-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, як корхонаи оҳакпазии тобеи “Зарафшон” мухолиф бо меъёрҳои қонун амал карда, партовҳоро 50 метр наздик ба дарёи Шинг рехтааст, ки зиён расондан ба муҳити зист аст.

Ҳаҷми зиён ба гуфтаи мутахассисон 200 ҳазор сомониро ташкил додааст, вале “Зарафшон” бояд, 11 000 сомонӣ ҷарима бипардозад ва партовро аз канори рӯдхона бардорад. Ҳаҷми партоб бештар аз 3 ҳазор метри мукааб будааст ва ба гуфтаи Бунёд Абдумаликзода, сел қисме аз онро шустааст.

Риоят нашудани меъёрҳои ҳифзи муҳити зист аз тарафи корхонаро баъд аз он ошкор кардаанд, ки чанде пеш марги моҳиҳои зиёде дар ин рӯдхона, сокинони соҳили рӯдхона ва муҳофизони табиатро нигарон кард. Чанде пеш сокинони Панҷакент наворҳои видеоиро нашр карданд, ки дар онҳо дида мешавад, ки моҳии зиёди хурду бузург дар соҳили дарё хобидаанд ва тӯъмаи парандаҳо мешаванд. Бархе сокинони деҳаи Шинг, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, қабл аз марги моҳиҳо ранги оби дарё зард шуд.

Баъди баҳси зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ин масъала, Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфт, ки сабабҳои марги моҳиёнро таҳқиқ мекунад. Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, се ташхис нишон дод, ки сабаби марги моҳиҳо заҳролудшавӣ набуд. Бунёд Абдумаликзода гуфт, сабаби маҳви ҷонварони обӣ сели бузург дар рӯзи 14-уми июл ва ба якборагӣ олуда шудани оби рӯдхона будааст: “Оби калон омада кӯлро рахна кардааст, якбора оби кӯл хушк шудааст, об, ки хушк шудааст моҳиҳо байни лой монда мурдаанд”.

Ин аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.
Ин аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Бархе экологҳои мустақил ва сокинони деҳоти атрофи дарёи Шинг мегӯянд, ба заҳролуд шудани моҳиҳо аз партовҳои корхонаи оҳакпазии Чину Тоҷикистон шубҳа надоранд. Корхонаи оҳакпазӣ дар поёноби Шинг лавҳаҳое гузошта ва ба мардум ҳушдор додааст, ки “аз оби дарё истеъмол" накунанд. Бархе огоҳони умур, мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон дар баробари корхонаҳои Чин, ки аз сармоягузорони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дар масоили ҳифзи муҳити зист зиёд сахт намегиранд, ки бар зарари сиҳатии ҷомеа мебошад.

Ҳасан Асоев, экологи тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, замони таъсиси корхонаҳо, қабл аз манофеи иқтисодӣ, бояд арзишҳои экологиву тозагии муҳити зист ба назар гирифта шавад: “Зиёни экологӣ аз манфиатҳои иқтисодии мо бояд боло бошад”.

Саймуддин Дӯстов, коршиноси тоҷик мегӯяд, нақзи меъёрҳои экологӣ дар Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ маҳсуб намешавад, ҳатто агар ҳазорҳо нафар сокинони ин ё он маҳал шикоят баранд, зеро дар ин ҷо манфиатҳои як гурӯҳ меистад. Қаблан Исмоил Зарифӣ, корманди пешини Корхонаи тиллои "Зарафшон" ва рӯзноманигор, иддао кард, ки корхонаи оҳакпазӣ дар саргаҳи дарёи Шинг қарор дорад ва шаби 16-уми июл баъди шустани анборҳои корхонаи оҳакпазӣ маводи кимиёвӣ ба дарё ҳамроҳ ва сабаби нобудии моҳиҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG