Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари вазири собиқ устухони бинӣ ва гунаи афсари пулисро шикаст.ВИДЕО


Ин акси Диловар Гуловро раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе нашр кард.

Диловар Гулов, писари вазири собиқи саноат ва энергетикаи Тоҷикистон бо ҳодисаи латукӯби як афсари милиса дигарбора дар сархати хабарҳо қарор гирифт.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, ҳодиса шоми 8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух додааст ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва ӯро латукӯб кардааст. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

"Биниаш шикаста, устухонаш осеби ҷиддӣ дид"

Табибони шифохонаи Қарияи Боло мегӯянд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст ва барои идомаи муолиҷа, ӯ бояд дар шифохона бимонад. Табибони шифохона рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Назарзода ҳамчунин аз ноҳияи сараш осеби ҷиддӣ дидааст.

Нуралӣ Қурбонов, мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи “Қарияи боло”, ки Нарзуллозода онҷо табобат мегирад вазъи саломатии ӯро вазнини миёна арзёбӣ кард.

Қурбонов рӯзи 10 июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилшод Нарзуллозодаро шаби 8 июл ба бемористон оварданд. Табиби тоҷик гуфт, маълум нест, ки табобати корманди милиса чӣ қадар давом мекунад, чун зарби гирифтааш ҷиддӣ аст.

Худи Дилшод Нарзуллозода нахост дар бораи қазия бо хабарнигори Радиои Озодӣ суҳбат кунад. Дар сару рӯи Нарзуллозода осори латукӯб мушоҳида мешуд. Ӯ бо дасташ чашми чапашро медошт ва дида мешуд, ки он сиёҳ аст.

"ВКД: Ҷанҷол пас аз баҳси лафзӣ сар задааст"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон латукӯби кормандашро тасдиқ кард ва гуфт, ки як нафарро бо иттиҳоми латукӯби ӯ боздошт карданд. Дар ҳоле ки вазорат нахост, номи боздоштшударо ошкор кунад, хабаргузории "Азия Плюс" бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ гуфт, ки Диловар Гулов худро ихтиёран ба пулис таслим кардааст ва бозпурсӣ мешавад.

Аммо падараш Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин хабарҳое, ки дар атрофи писари ман мечарханд, асос надоранд".

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи латукӯби корманди вазорат таҳқиқ мешавад.

Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорат будааст. Дар вазорат ҳамчунин гуфтанд, ки баъди санҷиши қазия, ҷузъиёти онро эълон мекунанд. Сухангӯи ВКД афзуд, баҳс миёни афсари милиса ва нафари муттаҳам бар сари рондани мошин сар задааст.

"Назди хонааш пур аз силоҳдорон буд"

Ба қавли яке аз ҳамсояҳои Диловар Гулов, аз субҳи барвақти 9-уми июл манзили ӯро кормандони пулис иҳота карда буданд. Манбаъ афзуд, Диловар Гулов дар хона буд ва кормандони пулис, аз ҷумла ОМОН барои хуруҷи ӯ аз хона иҷоза намедонанд.

Писари вазири собиқ устухони бинӣ ва гунаи афсари пулисро шикаст
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

"Худи Гул Шералӣ низ аз саҳар ҳаминҷо буд. Ба фикрам милисаҳо иҷозаи даромадан надоштанд, ки ба хона намедаромаданд. Баъди нисфирӯзии 9-уми июл кормандони пулис рафтанд ва танҳо чор кормандони ОМОН бо силоҳ дар назди хонаи Диловар буданд",- гуфт ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи вай, танҳо қарибии бегоҳ кормандони ОМОН низ манзили Диловар Гуловро тарк карданд. Номи Диловар Гулов моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт карданд.

Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG