Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

163 узви "ДИИШ" ва дигар созмонҳои ифротиро ба Тоҷикистон баргардонданд


Дилшод Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе ба гуфтаи мақомот тобистони имсол аз Ироқ баргашт.
Дилшод Ҷӯраев, сокини шаҳри Душанбе ба гуфтаи мақомот тобистони имсол аз Ироқ баргашт.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 9 моҳи имсол бештар аз 160 нафар аз аъзои гуруҳи ба ном Давлати исломӣ, созмони ифротии “Ансоруллоҳ” ва пайравони ҷараёнҳои дигари ифротиро ба кишвар баргардонидааст.

Қудратулло Ғуломов, яке аз мушовирони калони вазорат гуфтааст, ба ин ниҳод муясссар шудааст, бо идомаи корҳо барои ба зиндагии маъмулӣ баргардонидани онҳое, ки “гумроҳ” шудаанд, дар ин муддат “163 нафар аз ҳисоби аъзоёни ташкилоти ДИИШ, равияи Салафия, Гурӯҳи 24 ва ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки бо аъзоёни оила дар ҳудуди дигар давлатҳо қарор доштанд баргардонида шуданд.”

Қудратулло Ғуломов дар як таҳлиле дар бораи тадбирҳои вазорат барои пешгирӣ аз ифротгароӣ омори тоза дар бораи донишҷӯёнеро овардааст, ки дар донишгоҳҳои исломии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекардаанд. Таҳлили мушовири вазирро рӯзи 24-уми ноябр дар вебсайти вазорат нашр карданд.

Ба навиштаи ӯ, дар муддати 9 моҳ, 68 нафар ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, баргардонида шудаанд”, аммо аз миёни 715 нафар ки дар чунин донишгоҳҳо ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, 289 нафар дар хориҷ қарор доранд. “

163 нафар аз ҳисоби аъзоёни ташкилоти ДИИШ, равияи Салафия, Гурӯҳи 24 ва ҷамоати «Ансоруллоҳ», ки бо аъзоёни оила дар ҳудуди дигар давлатҳо қарор доштанд баргардонида шуданд”

Афсари баландпояи вазорати умури дохилӣ мегӯяд, бозгаронидани ҷавононе, ки ба сафи гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд ва ё нодониста ба онҳо пайравӣ кардаанд, бахше аз барномаҳои вазорат барои пешгирӣ аз густариши ифротгароии исломӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи Қудратулло Ғуломов, вазорат тарғибу ташвиқот ва мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардум ва хешовандони онҳоеро, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва ё ба ҷараёни Салафия гаравидаанд, яке аз роҳҳои бозгардонидани ҷавонони “гумроҳ” интихоб кардааст.

Ба қавли ӯ, зимни мулоқоту суханрониҳо ба мардум мефаҳмонанд, ки бо такяи ба эзоҳи “моддаҳои 307 ва 401 Кодекси ҷиноӣ “шаҳрвандоне, ки бо сабаби гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади паноҳ бурдан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдорҳои онҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.”

Қудратулло Ғуломов мегӯяд, дар натиҷаи чунин фаҳмондадиҳӣ бо аҳли хонавода ва наздикони нафарони дар кофтукови расмӣ қарордошта, чанде пеш аъзои ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, Раҳматулло Раҳматов, Аҳлиддин Каримов, Одина Амирхудоев, Сайбурҳон Шарипов, Далер Ҷӯраев, Маҳмаднаим Ҷӯрабеков, сокинони Душанбе, Исматулло Саодатов, аз ноҳияи Рудакӣ ва Раъно Ҳасанова, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо хоҳиши худ ба ватан баргашта, ба мақомоти милитсия ҳозир шуданд.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе ҳам дар як баёнияи алоҳида охири ҳафтаи гузашта гуфт, дар 10 моҳи имсол "танҳо аз ҷониби милитсияи пойтахт 10 нафар сокинони Душанбе ва дигар минтақаҳоро ки ба ифротгароӣ ва узвият дар созмонҳои ифротӣ муттаҳам мешуданд, ва дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, ба Ватан баргардонида шуданд, "ва дар фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва назди хешу табор ва аҳлу пайвандони худ зиндагии оромро пеш бурда истодаанд."

Эмомалӣ Раҳмон, дар идомаи сӯҳбаташ дар бораи ифротгароӣ аз мақомот хост, ки он ҷавонони тоҷикро, ки дар кишварҳои хориҷӣ ва бахусус исломӣ ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд ва ё аз замони ҷанги дохилӣ дар онҷо мондаанд, баргардонанд, зеро мумкин аст, дар оянда барои Тоҷикистон “мусибат биёранд”.

“Агар ба шарте мо як сол рӯз дер кунем, дер мешавад, чунки ҳамин кудаки 7-8 сола, баъди 10 сол дар дасти мактабҳои террористӣ ва муллоҳои экстремист мезанад, баргашта омада, авлод ба авлодатонро нест мекунад, қасос мегирад.”

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, “Намедонем, ки тайёр шуда бармегардад, барои ҳамин хуб аст, ки ҳоло баргардонем.”

Бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз чанд соли пеш ҳазорон донишҷӯи тоҷикро аз кишварҳои исломӣ ба мисли Покистону Афғонистону Арабистони Саудӣ ва Эрон баргардониданд, аммо ба гуфтаи мақомот садҳо ҷавони дигар дар ин кишвар ҳамчунон ғайриқонунӣ таҳсил мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи сентябр гуфтанд, тақрибан 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафта ва сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG