Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуҷанд" дар плей-оффи Ҷоми AFC аз "Аҳал" шикаст хӯрд


Дастаи “Хуҷанд-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)–2018 аз тими «Аҳал»-и Балкинобод, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Туркманистон, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Бозии аввали “Хуҷанд” дар плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал» имрӯз, 13-уми феврал, дар варзишгоҳи «Спорт Туплимӣ»-и шаҳри Балканободи Туркманистон баргузор шуд. Сардовари ин бозӣ Аҳмад Файсал аз Урдун дар дақиқаи 18-уми бозӣ барои он ки ҳимоятгари “Хуҷанд” Фирдавс Чақалов дар ҷаримагоҳи дастааш қоидаи бозиро вайрон кард, ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метрӣ таъин намуд. Тӯбро аз пеналтӣ Мурод Аннаев ба ҳадаф расонд.

Ба ҳайати “Хуҷанд” дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2018 бо «Аҳал» ҳамагӣ 18 бозигар – 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар – дохил буданд. Чаҳор нафарашон - дарвозабон Алексей Матросов (Эстония), нимҳимоятгарон Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбакистон) ва ҳамлагар Агблей Ҷонс (Гана) – легионер мебошанд.

Ҳайати «Хуҷанд» дар бозии аввали плей-оффи Ҷоми AFC-2018 муқобили «Аҳал»:

Дарвозабонҳо: Алексей Матросов (Эстония), Дилшод Додобоев;

Ҳимоятгарон: Соҳибҷон Ҳакимов, Фирдавс Чақалов, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов;

Нимҳимоятгарон: Сергей Чеботарёв (Украина), Фурқатҷон Ҳасанбоев (Узбакистон), Абдусамад Ҳоҷибаев, Эҳсон Бобоев, Кароматулло Саидов, Ҳикматулло Расулов, Дилшодҷон Каримов, Амирҷон Раҳимов;

Ҳамлагарон: Агблей Ҷонс (Гана), Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев.

Сармураббӣ: Рустам Хоҷаев.

Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2018 миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал” 20-уми феврал дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и Хуҷанд соати 14:00 оғоз меёбад.

Ғолиби ин ҷуфт, ки аз рӯи натиҷагирии ду бозӣ маълум мешавад, ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2018 роҳ ёфта, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои қаҳрамони кишварҳои худ - «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон - рақобат мекунад.

Плей-офф. Бозии аввал

13 феврал (сешанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 1:0

Гол: Мурод Аннаев, 18 – аз пеналтӣ.

Балканобод, варзишгоҳи «Спорт Туплимӣ»

Ҷоми АFC-2018

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

20 феврал (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

XS
SM
MD
LG