Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писаратон ҷияни “террорист” аст, духтар намедиҳем"


Пайвандони ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқу Сурия мегӯянд, ки муносибати атрофиён бо онҳо дар як соли ахир сардтар шудааст. Ҳамза Тӯрабеков, сокини ноҳияи Зафаробод, ки ҳамсару чаҳор фарзандаш ҳангоми дар боздошт будани ӯ ба Сурия рафтаанд, гуфт, яке аз ҳаммаллаҳояш дар ҷаласае бо ҳузури ҳазор нафар пешниҳод кардааст, "бигзор писари хурдии ӯ дар ҷанг кушта шаваду ба Тоҷикистон наояд".

"Баъзеҳо ба захм намак мепошанд"

Ӯ такрор ба такрор мепурсад, ки чаро падари ҳамаи дӯстонам дар хона ҳастанд, аз они ман не? Чаро дӯстонам мегӯянд, падари ту дар ҳабсхона аст? Чаро бо ягон кас ҷанг кунам, падарамро ҳақорат карда, мегӯяд, ӯ террорист аст?

Тӯрабеков рӯзи 26-уми август гуфт, бо ҳамсару чаҳор фарзандаш 30 сол зиндагии хушу якҷоя дошт, вале ду сол қабл ҷанги Сурия ҳамсар ва фарзандандонашро аз ӯ гирифт. Онҳо ду сол пеш ҳамроҳи модари худ, ки аз шавҳар барои ба онҳо напайвастан талоқ гирифт, аз Русия озими Сурия шуданд. Ҳамза Тӯрабеков мегӯяд, писари хурдиаш – Асилбеки 18-сола то лаҳзаи охирин ба ӯ занг мезад ва падар худро надомат мекунад, ки натавонист ақаллан ӯро аз рафтан ба коми оташу марг нигаҳ дорад.

Ҳамза Тӯрабеков
Ҳамза Тӯрабеков

Ҳамза Тӯрабековро ин шабу рӯз бештар ба ҷаласаву мулоқот бо мардум даъват мекунанд, то аз сарнавишти талхи худ ба онҳо нақл кунад. Ӯ мегӯяд, гоҳе баъзе аз сокинон бо суханҳои худ ба захмҳояш намак мепошанд. “Дар вохӯрӣ бо мардум намояндаҳои ҳифзи ҳуқуқ ба ман гуфтанд, ки фарзандонамро даъват кунам, ба ватан биёянд. Ман гуфтам, ҳар боре ки занг задам, онҳоро барои бозгаштан ташвиқ мекунам. Аммо баъд як мард хеста, ба минбар баромад ва дар ҳузури тахминан ҳазор кас аз номи сокинон гуфт, ки беҳтар аст писари хурдиам ба Тоҷикистон наояд ва дар Сурия кушта шавад”, - нақл кард ӯ.

Умедворӣ барои бозгашти Нодирабегим ва Асилбек

То ҳол хабари кушта шудани Худоёрбек ва Элёрбек, ду писари калонии Тӯирабеков ба ӯ расидааст. Саркӯб шудани гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ умеди ин сокини ноҳияи Зафарободро ба эҳтимоли баргардонидани духтараш – Нодирабегими 24-сола ва писари хурдиаш – Асилбеки 18-сола бештар кардааст.

Чаҳор фарзанди Ҳамза Тӯрабеков
Чаҳор фарзанди Ҳамза Тӯрабеков

Ҳамза Тӯрабеков ҳоло ҳамсари нав гирифта, соҳиби кӯдак шудааст ва домани зиндагиро аз сар гирифтааст. Мисли Тӯрабеков, наздикони ҷангҷӯёни дигар мегӯянд, ки сокинон бо онҳо муносибат дугона доранд. Бархе бо чашми шафқат ва ҳамдардӣ менигаранд ва мехоҳанд бори ғами онҳоро қисмат кунанд, бархеи дигар назари маҳкумкунанда ва бераҳмона доранд.

Холнисо Ҳасанова, сокини панҷоҳсолаи кӯчаи Дуредгарони Хуҷанд, мегӯяд, онҳо дар маҳалла чун оилаи ҳунармандон обрӯву манзалат доштанд. Вале баъди онки аксҳои бародари шавҳараш Исмоилҷон Ҳасанов ва писару ҳамсари ӯ ба иттиҳоми иштирок дар ҷанги Сурия дар тахтаи афроди таҳти ҷустуҷӯи мақомот насб шуд, муносибати бисёре аз аҳли кӯю маҳалла бо онҳо сард шуд.

"Ба ҳар даре, ки рафтам..."

Ҳасанова мегӯяд, “якуним сол ба кадом даре, ки хостгорӣ рафтам, мегуфтанд, ки амаки писаратон “террорист” аст, духтар намедиҳем. Оқибат аз ҳамин маҳаллаамон духтари як нафари мефаҳмидагиро номзад кардем.”

Якуним сол ба кадом даре, ки хостгорӣ рафтам, мегуфтанд, ки амаки писаратон “террорист” аст, духтар намедиҳем

Дар ҷомеаи Тоҷикистон мақомот ва бархе сокинон оилаеро, ки як узв ё аъзояш ба ҷанги бегона рафтаанд, доғе ба домони обрӯву манзалати он маҳалла ё деҳа медонанд. Муҳаммадҷон Ҳоҷибоев, раиси кумитаи “Масҷиди Савр” мегӯяд, аз онки баъзе узви хонаводаи Ҳасановҳо ба рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯи пулис афтоданд, дар мусобиқаи байни маҳаллаҳои шаҳр ҷои аввалро аз даст дода ва дар мақоми дувум ҷо гирифтанд. Ӯ канорагирии сокинон аз хешони Ҳасановҳоро дар ватан беасос намедонад.

“Мардум аз додани духтари худ ба ҷавони оилаҳое, ки пайвандашон ба Сурия рафтааст, хафв мебаранд. Фикр мекунанд, ки агар домоди ояндаашон ҳам тарки ҳамсари ҷавонаш кунад, зиндагии ӯ талх мешавад. Волидони ҷавонон, албатта, дар ин бора андеша мекунанд. Барои, ҳамин оилаи Ҳасановҳо барои ёфтани номзад ба писарашон, ки як ҷавони соҳиби касби устоӣ аст, хеле азоб кашиданд”, - гуфт Ҳоҷибоев.

Саволҳои беҷавоби Муслиҳиддин

Вале ба гуфтаи сокинон, бори маломати мардум беш аз ҳама рӯи шонаҳои наҳифи насли наврас меафтад ва рӯзгори бачагии беғами онҳоро талх мегардонад. Сайёра Истамова, сокини деҳаи Куруши ноҳияи Спитамен, мегӯяд, барои 8 сол паси панҷара рафтани шавҳараш – Ғайрат Раҳимов ба гуноҳи шомил шудан ба созмони тундрави “Ҷундуллоҳ” ва даъвати сокинон барои пайвастан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” зиндагии ӯву 4 фарзандашро аз масири рости худ сарозер кард.

Раҳимова мегӯяд, писари хурдиаш – Муслиҳиддин ба синфи ҳашт меравад ва аз рӯзе, ки падараш боздошт ва зиндонӣ шуд, хомӯшу канорагир шуд. На бо рафиқонаш бозӣ мекунад, на гирди дастархони аҳли оила ҳозир мешавад. “Ӯ такрор ба такрор мепурсад, ки чаро падари ҳамаи ҷӯраҳоям дар хона ҳастанду аз они ман не? Чаро дӯстонам мегӯянд, ки падари ту дар ҳабсхона аст? Чаро бо ягон кас ҷанг кунам, маро нею падарамро ҳақорат карда, мегӯяд, ӯ террорист аст?” – нақл кард Сайёра Истамова.

Истамова дар кӯдакистон мураббӣ аст ва писари бузургаш баъди хатми донишгоҳ дар мактаб ба ҳайси омузгор кор мекунад. Қабл аз тундрав шуданаш Ғайрат Раҳимов, падари ин хонавода, шуғли деҳқонӣ дошт ва дар маъракаҳои мардум доиранавозӣ мекард. Ҳамсояҳо ин оиларо заҳматписанду ҳалолкор ва ботаҳаммул меноманд. Баъди хатову ҳабси шавҳар низ робитаи худро ба хонум Истамова ва фарзандони ӯ наканданд.

Нооромиҳо дар Сурия ва Ироқ аз соли 2011 шурӯъ шуд ва ширкати тоҷикон дар ин ҷангҳо дар сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ан-нусра” аввали соли 2014 ошкор шуд. Мақомот аз пайвастани беш аз ҳазор шаҳрванди кишвар ба ин гурӯҳҳои тундрав дар хоки Сурия ва Ироқ иттилоъ медиҳанд.

Дар ин миён, беш аз 300 нафари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳад. То кунун ҳудуди сад нафар аз ин ҷангҷӯён баргаштаанд, ки аксаран ҷавонони танҳо ҳастанд. Танҳо моҳи феврали имсол Алишер Қодирқулов, сокини 24-солаи ноҳияи Ашт аз қалмарави Ироқу Сурия ҳамроҳ бо ҳамсару ду кӯдаки хурдсолаш ба Тоҷикистон баргашт.

XS
SM
MD
LG