Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии “Истиқлол” дар Кувайт ба бозӣ бо “Ал-Қодсия»


“Истиқлол”-и Душанбе, ки 16-уми март ба Кувайт расид, ба бозии даври севуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC муқобили “Ал-Қодсия” омодагӣ мебинад.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, ки 16-уми март тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Дубай – Эл-Кувайт ба пойтахти Кувайт расид, дар ин ҷо ба бозии даври севуми сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC муқобили “Ал-Қодсия”, қаҳрамонии феълии Ҷоми AFC, омодагӣ мебинад.

Мубин Эргашев, сармураббии “Истиқлол” ба бозӣ муқобили «Ал-Қодсия» 17 бозигарро шомил кардааст, ки инҳоянд: дарвозабонҳо - Никола Стошич, Қурбоналӣ Бобоев, ҳимоятгарон - Соҳиб Саванқулов, Эраҷ Раҷабов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, нимҳимоятгарон - Ромиш Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, ҳамлагарон - Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов ва Бледа Родригес.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ҳимоятгар Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, легионери эронӣ, ба иллати мушкили раводид натавонист ба Кувайт парвоз кунад. Ба ҷуз вай, ҳимоятгар Ҷаҳонгир Ҷалилов, ки кортҳои барзиёди зард гирифтааст, дар бозӣ муқобили «Ал-Қодсия» ширкат намеварзад.

Бозӣ байни дастаҳои «Ал-Қодсия» ва «Истиқлол» рӯзи чоршанбеи 18-уми март дар варзишгоҳи «Алӣ Сабоҳ Ал-Салим»-и Эл-Кувайт соати 20.20 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

“Истиқлол” дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, “Эрбил”-и Ироқ ва “Аҳал”-и Туркманистон рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ то 13-уми май идома хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар нахустин бозиаш рӯзи 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе аз тими “Эрбил”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми АФК-2014, бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

“Истиқлол” дар даври дувуми сабқати гурӯҳӣ бар тими “Аҳал”, барандаи Ҷоми Туркманистон–2014, бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ин бозӣ 11-уми март дар варзишгоҳи «Ишқобод»-и пойтахти Туркманистон барпо гардида буд.

Ба ин тартиб, дар ин гурӯҳ “Ал-Қодсия” бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Эрбил” ва “Истиқлол” бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. “Аҳал” бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷой гирифтааст.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1:3

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) - 2:0

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ)

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

XS
SM
MD
LG