Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Облава"-и Ҳусноро дар Данғара афсаронро шармсор кард. ВИДЕО


Кормандони комиссариати низомӣ дар ноҳияи Данғара як духтаре аз Кӯлобро писар пиндошта ва хостаанд, маҷбурӣ барои хидмат ба артиши миллии Тоҷикистон бифристанд.

Ҳуснорои Сайҳомид, сокини 26-солаи шаҳри Кӯлоб ки варзишро дӯст медорад, моҳи апрел аз як мусобиқа аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд бармегашт, ки ба дасти афсарони коммисариати низомӣ гирифтор шуд. Ҳусноро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки баъди бозгашт аз Душанбе ба Данғара рафт ва мехост, аз онҷо ба хонаашон ба Кӯлоб биёяд.

“Дар назди терминали Данғара телефонӣ суҳбат мекардам, ки як мошин омад. Дар дарунаш се мард буд ва ба ман бисёр нигоҳ карданд. Баъд яке аз онҳо маро “братишка” гуфта ба наздашон даъват кард. Ман нарафтам ва ишора кардам, ки худашон биёянд” – гуфт Ҳусноро.

Афсарони комиссариати низомӣ ҳам ба наздаш омадаанд ва ҳамон суолҳоеро додаанд, ки ба писарони тоҷик медиҳанд.

Ҳусноро орзу дорад, қаҳрамони Тоҷикистон шавад
Ҳусноро орзу дорад, қаҳрамони Тоҷикистон шавад

Ҳусноро давоми ҳодисаро чунин тасвир кард: “Омаданду соли таваллудамро пурсиданд. Гуфтам, чаро мепурсед, ягон хизмат ҳаст? Онҳо аз ман пурсиданд, ки хизмат кардаӣ. Фаҳмидам, ки кормандони комиссариат ҳастанд. Бисёр суҳбат кардем, баъд ба онҳо гуфтам, ки ба 26 солагӣ расидам, бори аввал мебинам, ки облава духтарро аз кӯча дошта, ба хизмат мебарад.”

Ба гуфтаи Ҳусноро, кормандони комиссариати низомӣ баъд аз он ки мутмаин шуданд, духтар аст, аз ӯ бисёр узр пурсидаанд ва айни замон хостаанд, ки “ҳамин гапро дар ягон ҷо нагӯяд”. Афсарони комиссариати низомӣ аз шарҳи гуфтаи Ҳусноро худдорӣ карданд.

"Облава"-и Ҳусноро дар Данғара афсаронро шармсор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Ҳусноро мегӯяд, ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб мактуб ҳам фиристодааст, ки ӯро ба хизмат ба сафи артиши миллӣ ҷалб кунанд. Аз онҷо ҷавоби рад гирифтааст, ки хидмат барои духтарон дар Тоҷикистон ҳатмӣ нест.

Ҳусноро аз хурдӣ ба варзиш машғул аст ва доимо либосҳои мардон ба бар карда, мӯйи сарашро низ мисли писарон оро медиҳад. Дар мактаби рақами 1 шаҳри Кӯлоб дарси варзиш медиҳад. Барои ширкат дар мусобиқоти ҷумҳуриявии варзишӣ ифтихорномаҳои зиёде ҳам дорад. Дар хона дар миёни се писару чаҳор духтар бо рӯҳияи дигар тарбия ёфтааст.

Ҳусноро модарашро бисёр дӯст медорад.
Ҳусноро модарашро бисёр дӯст медорад.

Мегӯяд, як бор либоси занона ба бар кард ва ба мактаб рафт, вале нашуд. “Синфи 4 будам, пироҳани миллии тоҷикӣ ба бар карда рафтам, ду-се метр рафтам ки афтодам, дигар пӯшида натавонистам.”

Дӯстонаш аз хурдӣ писарон будаанд ва ба гуфтаи худаш “Ягон духтар бо ман дугона набуд.” Ҳусноро ҳафт сол ба “каратедо шотакан” машғул буд, як соли ахир ба бокс пайвастааст. Донишгоҳи варзиширо ҳам соли гузашта хатм кард ва орзу дорад”, ки ”Берун аз Тоҷикистон рафта баромад карда, номбардори ватан шавад”.

Турдигул Олимова, модари Ҳусноро аз духтари меҳрубонаш бисёр розист ва мегӯяд, ҳама корро метавонад, чӣ кори писарон ва ё чӣ ҳунари духтаронаро. Модар мехоҳад, духтараш варзишро канор гузораду издивоҷ кунад. Аммо Ҳусноро мехоҳад, аввал қаҳрамон шавад ва сипас дар андешаи издивоҷ бошад.

XS
SM
MD
LG