Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

130 миллион камтар. Будҷаи Тоҷикистон дар моҳи январ иҷро нашуд


Дар моҳи январ ба будҷаи давлатии Тоҷикистон назар ба нақшаи 130 миллион сомонӣ пули камтар ворид шудааст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, мушкилоти молии ҳукумат дар моҳҳои оянда боз давом хоҳад кард.

Барномаи даромади будҷаи Тоҷикистон имсол аз моҳи аввал иҷро нашуд. Ба будҷаи кишвар дар моҳи январ аз нақшае, ки дар қонуни будҷа барои соли 2016 тадиқ шуда буд, ҳудуди 130 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Зебо Исмоилова, роҳбари шӯъбаи молия ва будҷаи Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 23−уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар моҳи январи соли равон ба будҷа 926, 7 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки ҳамагӣ 87,7 фоизи нақшаи тасдиқшударо ташкил мекунад.”

Мувофиқи қонуни тасдиқшудаи даромадҳои будҷа, дар моҳи январи соли равон мебоист қисми даромади будҷа ба 1 миллиарду 56 миллион мерасид. Аммо бино бар маълумоти Оҷонсии омор маблағи воридшуда ба будҷет назар банақшаи тасдиқшуда 130 миллион сомонӣ камтар аст.

Иҷрои будҷаи Тоҷикистон сар аз соли гузашта дучори мушкил шуда буд. Мақомот он замон иҷро нашудани қисмати даромади будҷаро ба таъсири манфии буҳрони молиявӣ рабт дода медоданд. Дар соли гузаштаи 2015 каср ва ё дефитсити будҷа ба 3−4 дарсад мерасид. Аммо ин бор дар моҳи аввали сол касри якбора ба 13 дарсад расид. Тибқи меъёрҳои муқараркардаи Тоҷикистон касри будҷа набояд аз 0, 5 фисади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бештар бошад.

Сайвалӣ Сафаров, роҳбари раёсати будҷаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби аслии иҷро нашудани қисмати даромади будҷа коҳиши савдои хориҷист: “Иҷро нашудани қисмати даромади будҷа аслан аз ҳисоби кам шудани даромадҳо аз боҷҳои гумрукӣ аст. Чунки дар ин мудат гардиши савдои хориҷии кишвар камтар шуд ва аз ин рӯ даромадҳо низ коҳиш ёфтанд.”

Ба ақидаи иқтисоддонҳо, коҳиш ёфтани даромади будҷа аз ҳисоби боҷи гумрукӣ натиҷаи як занҷираи омилҳост, ки боиси ин вазъ шуданд:

Нахуст даромадҳои хонаводаҳо, ки аксаран аз ҳисоби пулҳои интиқолии муҳоҷирони кори тоҷик буд кам шуд. Камшави даромадҳо коҳишёбии қобилияти харидори мардумро дар пай дошт.

− Мардум, ки қобилияти харидории қаблиашро аз даст дод ва савдо дар бозорҳо сард гашт.

− Сардии савдо ва ҳамчунин якбора гарон ва камчин шудани доллар дар бозори арз тоҷиронро нигарон сохт ва онҳо низ воридоти молро аз хориҷ коҳиш доданд. Кам шудани воридоти мол аз хориҷ албатта ба кам шудани боҷи гумрукӣ боис шуд, ки дар натиҷа он ба иҷро нашудани қисмати даромадҳои будҷа мунҷар шуд.

Зоҳиран даромадҳои будҷаи Тоҷикистон имсол ҳатто дар қиёс бо соли гузашта, ки низ соли буҳронӣ хонда мешуд камтар аст. Масъулони Вазорати молия низ ин солро дар иҷрои будҷа аз ҳар ҷиҳат душвор мехонанд. Ҷамшед Каримзода,муовини вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии охири ин вазорат гуфта буд, “маҳз ҳамин сол буҳрон ба авҷ ва ё қуллаи худ хоҳад расид.”

Дар ин росто суоли матраҳ ин аст, ки иҷро нашудани барномаи даромадҳои будҷаи Тоҷикистон рӯи мардум чӣ таъсир хоҳад гузошт?

Мутахаcсисоне, ки дар банду баст ва дахулу харҷи будҷа сару кор доранд, мегӯянд, дар моҳи январ хароҷоти вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ чандон зиёд нест ва аз ин рӯ дар моҳи аввали сол камбуди маблағ чандон эҳсос нахоҳад шуд. Аммо ба таъкиди онҳо, дар сурате, ки камомади даромади будҷа дар моҳҳои оянда низ идома кунад, нахустин шуда бахши сохтмон онро эҳсос хоҳад кард.

Аксарияти ширкатҳои сохтмонӣ, ки дар тендерҳо ғолиб омаданд, бо маблағи худашон биноҳои мисли мактабу беморхона ва дигар иншооти маишии муҳимро месозанд. Аммо агар Вазорати молия ҳаққи корҳои иҷрокардаи онҳоро пардохт карда натавонад, ин ширкатҳо дар вазъи ногувори молиявӣ қарор мегиранд ва ҳатто шояд бисёре аз онҳо муфлис шаванд.

Зарбаи аввалро риштаи сохтмон хоҳад хӯрд
Зарбаи аввалро риштаи сохтмон хоҳад хӯрд

Вале танҳо арсаи сохтмон нест, ки заҷри иҷро нашудани будҷаро хоҳад кашид. Будҷаи давлат “сутунмӯҳраи иқтисод” ва низоми кишвар аст ва кам шудани даромадҳо алабатта барномаҳоеро, мисли аз моҳи июл боло бурдани маошу нафақа, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ваъда дода буд, зери суол мебарад ва ё ҳадди ақал иҷрояшонро душвор месозад.

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд буҳрони иқтисодӣ ҳанӯз ба шиддат идома дорад ва ҳанӯз ҳам “рӯшноие дар анҷоми ин нақб дида намешавад.”

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, гумон аст, ки дар моҳҳои оянда вазъи иқтисоди кишварҳои коршарики Тоҷикистон беҳбуд ёбад. Аз ин рӯ, бештар шудани даромадҳои будҷаро дар моҳҳои оянда набояд интизор шуд. Масъуд Собиров афзуд: “Иқтисоди кишвари мо, мутаассифона, беш аз ҳад аз як кишвар ва он ҳам Русия вобаста аст. Бахши аъзами қувваи кории мо дар Русия кор мекунад. Аммо худи иқтисоддонҳо ва таҳлилгарони рус ҳам ягон беҳбудиеро дар иқтисоди кишварашон дар соли ҷорӣ пешбинӣ накарда истодаанд. Рукуди иқтисод ҳамоно идома даорад дар ин кишвар. Чун пешрафте дар кишвари шарики асосии иқтисоди Тоҷикистон дида намешавад, мо чӣ гуна интизори пешрафт шуда метавонем?”

Тоҷикистон соли гузашта, касри будҷаашро аз ҳисоби 60 миллион доллар пули Бонки осиёии рушд, ки аз ин 53 миллионаш ҳамчун грант ва боқимондааш ҳамчун қарз дода шудаст, пӯшонд. Иттиҳоди Аврупо низ 6 барои пӯшондани касри будҷаи Тоҷикистон 6 миллион евро ҷудо карда буд. Аммо имсол ҳанӯз маълум нест, ки Тоҷикистон будҷаи беш аз 18-миллиардсомониашро, ки аз соли гузашта ҳудуди 20 дарсад бештар аст, чӣ гуна пур хоҳад кард?

XS
SM
MD
LG