Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров - дар даври ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

​Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ба даври ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон дар гурзандозӣ роҳ ёфт.

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки рӯзи 22 август дар Пекин оғоз ёфт, дар сабқати интихобии гурзандозӣ ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ мушарраф шуд. Ӯ дар сабқати гурзандозӣ байни мардон, ки шоми шанбе ба поён расид, дар даври интихобӣ дар гурӯҳи “А” бо натиҷаи 75 метру 56 сантиметр дар байни 15 нафар чаҳорум шуд. Дилшод дар ҷамъбасти умумӣ аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи ҳарду гурӯҳ (“А” ва В”) дар байни 30 гурзандози беҳтарини ҷаҳон мақоми ҳафтумро касб кард ва ба финал баромад.

Натиҷаи беҳтаринро Павел Файдек (Лаҳистон) нишон дод – 78,38 м. Ник Миллер (Британияи Кабир) дувум шуд – 77,42 м. Сергей Литвинови русиягӣ бо натиҷаи 76,79 м дар ҷои севум қарор гирифт.

Боз се нафари дигар аз Дилшод боло ҷойгир шуданд: 4.Войчек Новиски (Лаҳистон) – 76,72 м. 5. Ашраф Ашқад Алсайфӣ (Қатар) – 76,51. 6. Давид Содерберг (Финляндия) – 75,96 м.

Ба ин тартиб, 12 нафар беҳтаринҳо аз рӯи натоиҷи мусобиқаи интихобӣ ба даври ниҳоӣ, ки 23 август баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Дунафарӣ аз Лаҳистону Финляндия, якнафарӣ аз Британияи Кабир, Куба, Қатар, Маҷористон, Миср, Русия, Словакия ва Тоҷикистон мебошанд.

Бояд гуфт, ки дар сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон боз як шогирди варзиши тоҷик - Сӯҳроб Хоҷаев, ки Узбакистонро намояндагӣ кард,бо натиҷаи 71,24 м дар байни 30 нафар ҷойи 26-умро соҳиб шуд.

Дар ҳоли ҳозир Дилшод Назаров аз нахустин варзишгарони Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.Вай моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекин ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ширкат варзад. Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд.

Дилшод Назарови 33-сола шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона - соли2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр мебошад.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук аз Тоҷикистон ба ҷуз Дилшод Назаров боз як варзишгар - Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр ширкат меварзад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар варзишгоҳи "Лонаи парранда”-и пойтахти Чин – Пекин – то рӯзи 30 август идома хаҳад кард, ҳудуди 2000 варзишгар аз 207 кишвар барои 47 маҷмӯи ҷоизаҳо мубориза мебаранд. Ғолибон дар намудҳои инфиродӣ ба ҷуз медали тилло бо 60 ҳазор доллар, барои медалҳои нуқра бо 30 ҳазор доллар ва барои медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.

Дастае, ки дар эстафета ғолиб меояд, 80 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷойи дувум дар эстафета 40 ҳазор доллар ва барои ҷойи севум 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Инчунин онҳое, ки рекорди нави ҷаҳонӣ мегузоранд, бо 100 ҳазор доллар сарфароз хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG