Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ 4 зани тоҷикро барои узвият дар ДОИШ ба ҳабси абад маҳкум кард


Ин ду зан шаҳрвандони Русия ҳастанд, ки рӯзи 17-уми апрел ба зиндони якумрӣ маҳкум шуданд.

Бино ба гузоришҳо додгоҳе дар Ироқ чаҳор зан аз Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум кардааст.

Номи ин занҳо ошкор нашудааст, маълум нест, ки онҳо аз кадом қисмати Тоҷикистон ҳастанд ва кай ба Ироқ омаданд.

Хабаргузории "Франс Пресс" рӯзи 29-уми апрел гузориш дод, ки Додгоҳи ҷиноии марказии Бағдод дар ин рӯз ҳамчунин 19 зан аз Русия ва 6 зани озарбойҷониро барои “узвият ва кӯмак ба Давлати исломӣ” ба зиндони якумрӣ маҳкум кард.

Дар ин гузориш омадааст, ки ин занҳо, ки ҳиҷоби сиёҳ ва пироҳани гулгун доштанд, як ба як дохили толори додгоҳ мешуданд ва бисёре аз онҳоро кӯдаконашон ҳамроҳӣ мекарданд.

Ба навиштаи хабаргузории “Франс Пресс”, ин занон ба воситаи як профессори забони русӣ аз Донишгоҳи Бағдод, ки сафорати Русия ӯро барои тарҷумонӣ киро кардааст, сӯҳбат мекарданд.

Номи ин занҳоро эълон накардаанд. Аксари ин занон ба додгоҳ гуфтаанд, ки онҳо бар хилофи хоҳишашон ҷангҷӯёни ДОИШ аз Туркия ба Ироқ овардаанд.

Аввали ҳамин моҳ Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки айни замон дар Бағдод аз 50 то 70 “зани русзабон” ҳамроҳ бо 100 кӯдакашон дар боздошт ҳастанд.

Аз ин пештар дар рӯзи 26-уми апрел ҳам дар ин додгоҳ, 10 зани хориҷиро барои узвият дар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ дар Ироқ ба қатл маҳкум кардаанд.

Муҳокимаи зани фаронсавӣ дар додгоҳи Бағдод барои узвият дар ДОИШ
Муҳокимаи зани фаронсавӣ дар додгоҳи Бағдод барои узвият дар ДОИШ

Расонаҳои ироқӣ ба нақл аз Абдулсаттор Байрақдор намояндаи Шӯрои олии адлияи Ироқ навиштанд, ки дар байни занони маҳкумшуда ба қатл, ду зани озарӣ ва се зан аз Қирғизистон буданд.

Гурӯҳи Давлати исломӣ соли 2014 қаламравҳои васеи Ироқ ва аз ҷумла шаҳри Мосул, дуввумин шаҳри бузурги кишварро ишғол кард. Мақомоти Ироқ моҳи декабри соли гузашта гуфтанд, ки ДОИШ-ро шикаст доданд ва шаҳрҳои кишварро аз ҳузури онҳо пок карданд.

Ба гуфтаи мақомоти Ироқ, дар амалиётҳо ба зидди ДОИШ 560 зан ва ё кӯдакеро дастгир карданд, ки ё ҳамсар, ё хешовандони ҷангҷӯён будаанд. Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс, аксари заноне, ки рӯзи якшанбе муҳокима шудаанд, гуфтаанд, ки онҳоро аз роҳи фиреб ба Ироқ овардаанд.

Ман бо шавҳару фарзандонам, ба Туркия барои зиндагӣ омадем, вале ман баъдан огаҳ шудам, ки дар Ироқ ҳастам

“Ман намедонистам, ки мо дар Ироқ ҳастем” – гуфтааст, яке аз ин занони муттаҳам ба ҷиноят. “Ман бо шавҳару фарзандонам, ба Туркия барои зиндагӣ омадем, вале ман баъдан огаҳ шудам, ки дар Ироқ ҳастам” -афзудааст ин зан.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ин чанд соли гузашта даҳҳо зани тоҷик ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва сарнавишти бисёре аз онҳо маълум нест. Аммо бори аввал аст, ки дар бораи ба зиндон маҳкум шудани занони тоҷик дар Ироқ гузориш нашр мешавад.

Як пажӯҳише нишон дар Тоҷикистон нишон додааст, ки аз миёни садҳо зани тоҷик, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аксарияташон бо ҳидояти шавҳаронашон ба ифротгароӣ рӯ оварда ва ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд.

Дар ин пажӯҳиш, ки бо мусоидати Созмони Милал анҷом ёфтааст, гуфта мешавад, “аз миёни тақрибан 200 зани тоҷик, ки ба гуфтаи мақомот ба Сурияву Ироқ рафтаанд, аксарияти онҳо бо ҳидояти шавҳаронашон ба ин роҳ қадам гузоштаанд.”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон соли 2015 гуфт, ки 154 хонаводаи тоҷик ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва дар байни онҳо, 95 писару 67 духтар ҳастанд. Танҳо аз вилояти Суғд 73 хонавода ба Ховари Миёна рафтаанд, ки дар байнашон 80 зан ва 32 духтар будааст.

Шарҳҳоро бинед (19)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG