Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудо (дзюдо)-и Осиё дар Ҳонконг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид. Ӯ рӯзи 27-уми май дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни зери 90 кило бар Ислом Бозбоев аз Қазоқистон пирӯз шуд.
Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Узбакистон баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид.
Ин паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Алдикан Ғанам, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба майдон омад ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Узбакистон, ба дар даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта ва Шоичиро Мукаи аз Ҷопонро мағлуб кард.
Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов рӯзи27 май дар вазни зери 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври баъдӣ аз Ҳусейн Шоҳи покистонӣ шикаст хӯрд. Сипас ӯ бар Иван Ремаренко (Аморати Муттаҳидаи Араб) пирӯзӣ ба даст овард. Баъдан Саидҷалол Саидов барои медали биринҷӣ аз Шералӣ Ҷӯраеви узбакистонӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳибӣ кард.
Имрӯз боз як варзишгари тоҷик Садр Боев дар вазни зери 81 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Лояд Деннис Катипон аз Филиппин ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Владимир Золоеви қирғизистонӣ мағлуб шуд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ҳамагӣ 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат дорад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир дохил аст.
Ёдовар мешавем, дар рӯзи аввали мусобиқа - 26 май - чаҳор варзишгари тоҷик барои медалҳо мубориза бурд. Сӯҳроб Боқиев дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди се пирӯзӣ бар Чон Ҳу Лио (Макао), Янг Вей Янг (Тайван) ва Ёнг Нам Пак (Кореяи Шимолӣ), дар даври ниманиҳоӣ аз Наоҳиса Такатои ҷопонӣ мағлуб гашт. Баъдан Сӯҳроб барои медали биринҷӣ аз Мӯҳриддин Тилавови узбакистонӣ шикаст хӯрд ва мақоми панҷумро ишғол кард.
Варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Шатлук Ҷумъаниёзов (Туркманистон) ва Мирзоҳид Фармонов (Узбакистон) дар даври севум аз Сайинҷиригала (Чин) мағлуб шуд. Хоҷазода муборизаро барои медал идома дод, вале аз Муҳаммад Муҳаммади Боримонлуи эронӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.
Ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Хушқадам Хусравов ва Саидмухтор Расулов – дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Хусравов дар вазни зери 66 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Чун Синг Чуй (Ҳонконг) ғолиб омад, вале баъдан аз Бектур Рисмамбетови қирғиз шикаст хӯрд. Расулов бошад, дар вазни зери 73 кило пас аз пирӯзӣ дар даври аввал бар Тити Кумпапани тайландӣ, дар даври баъдӣ аз Батгерел Баттсетсеги муғул мағлуб шуд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 12 медал (8 медали тилло, як медали нуқра ва 3 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки 14 медал (3 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба даст овард, дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мунтахаби Муғулистон бо касби 9 медал (1 медали тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи севум мебошад. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 7 медал (як медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи чорумро азони худ кард. Дастаи Тоҷикистон бо як медали тилло, инчунин ду ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Дар рӯзи охирини мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг -28 май - қувваозмоиҳои пешакӣ ва ниҳоӣ миёни дастаҳои занонаю мардона баргузор мешавад.
Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Узбакистон баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид. Зимнан, ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин намуди олимпии варзиш аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик то кунун дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳамагӣ 15 медал – 2 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ – ба даст овардаанд.