Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷики узви "Ал-Қоида" дар Қундуз


Тибқи гузоришҳо, як узви шабакаи "Ал-Қоида", ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ҳамроҳ бо ду тан аз ҳамкорони афғонаш дар вилояти Қундуз Афғонистони боздошт шудааст.

Мақомоти амниятии вилояти Қундузи Афғонистон мегӯянд, як узви шабакаи "Ал-Қоида" ҳамроҳ бо ду тан аз ҳамкорони афғонаш дар ин вилоят боздошт шудааст. Саид Сарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи фармондеҳии амнияти вилояти Қундуз рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин узви Ал-Қоида, ки мехост дар либоси занона худро ба Кобул бирасонад, дар вулусволии Алиободи ин вилоят ба доми нерӯҳои амниятӣ афтод. Аммо вай дар мавриди ин, ки ин шахси боздоштшуда аз кадом кишвар аст, маълумот надодааст.

Дар ҳамин ҳол як мақоми баландояи пулиси ин вилоят гуфтааст, ки шахси боздоштшуда шаҳрванди Тоҷикистон аст ва мехост, аз роҳи Кобул ба Покистон биравад. Ғулом Мустафо Муҳсинӣ, раҳбари пулиси вилояти Қундуз ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки фарди боздоштшуда дар амалиётҳо алайҳи нерӯҳои давлатӣ дар шимоли Афғонистон ширкат дошта ва захмӣ будааст.

Ба гуфтаи манбаъ, шахси боздоштшуда дар ибтидо худро сокини Бадахшони Афғонистон муаррифӣ намуда ва пас аз тафтишоти муқаддамотӣ маълум шудааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи раҳбари пулиси Қундуз, дастгиршуда эътироф кардааст, ки дар амалиётҳои низомии толибони маҳаллӣ, ҷангиёни узбак ва чечен алайҳи нерӯҳои интизомии Афғонистон дар вилояти Бадахшон ширкат доштааст.

Вилоятҳои шимолии Афғонистон, аз ҷумла Қундуз ва вилоятҳои наздики он Тахор ва Бадахшон солҳои ахир ба паноҳгоҳҳои Толибон, Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон табдил шудааст. Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки соли1996, бо ҳадафи тағйири низоми ин кишвар ба низоми исломӣ таъсис ёфтааст, ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил шуда ва фаъолияти он дар қаламрави тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ манӯъ аст.

XS
SM
MD
LG