Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақси мардонаи тоҷикӣ фаромӯш ва занона мешавад? ВИДЕО


Фарҳод Ҷомаҳмадзода дар Маскав гуруҳи рақсӣ дорад.
Фарҳод Ҷомаҳмадзода дар Маскав гуруҳи рақсӣ дорад.

Замоне рақсҳои мардона, аз ҷумла, рақсҳои паҳлавонӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимии тоҷикон буд. Аммо ҳоло соҳибназарон мегӯянд, ин навъи ҳунар ба тадриҷ аз байн меравад. Нигоҳе ба мавзӯъ дар Рӯзи ҷаҳонии рақс -- 29 апрел.

Фарҳод Ҷомаҳмадзода, ҷавоне аз ноҳияи Рӯдакӣ аз кӯдакӣ шефтаи мусиқиву оҳангу рақс буд ва барои ҳамин волидон ӯро ба мактаби мусиқии ноҳия бурданд. Фарҳодро аввал ба шӯъбае доданд, ки дар он асосан рубобнавозиро меомӯхтанд, вале ӯ, ки ошиқи рақс буд, ба ҳунаре рӯ овард, ки дӯсташ медошт.

Баъд аз чанд соли таҳсил ба гурӯҳи рақсии “Лола” қабул шуд. Фарҳод Ҷомаҳмадзода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рақси мардона дар ҷашнҳоро дар Тоҷикистон хуб қабул надоранд ва бардошти манфӣ нисбат ба рақси мард ӯро водор кард, ба Русия биравад. Ин бардошти манфиро бархе ба афзоиши ишваҳои занона дар рақси мардҳо бастагӣ медиҳанд. Ҳол он ки, ба гуфтаи мутахассисон рақси мардона бояд саршор аз шуҷоату ғурур ва вазну тамкини паҳлавонона дар омезиш бо суруру сахо бошад.

Фарҳод мегӯяд, бо назардошти ҳамин унсурҳо рақсро пешаи худ интихоб кард, вале акнун бархӯрд ба рақси мард дар кишвар ба ҷое расида буд, ки кори ӯро, ҳатто наздиконаш написандиданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Рақси мардонаи тоҷикӣ аз байн меравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

"Азбаски хуб қабул нашуд, ба Русия рафтам"

Фарҳод аз кораш дар Русия чунин нақл кард: “Дар шаҳри Санкт-Петербург як гурӯҳи рақсӣ таъсис додам, ки дар он ҳам бонувон мерақсанду ҳам мардҳо. Ин ягона гурӯҳи рақсии тоҷикон дар хориҷи Тоҷикистон аст. Барномаҳои ҳунарии моро мардуми мухталифе тамошо мекунанд ва сипас савол мекунанд, ки мо зодаи куҷо ҳастем? Онҳоро ҳунари рақсии ҳам бонувон ва ҳам мардони тоҷик ба тааҷҷуб меоварад.”

Фарҳод Ҷомаҳмадзода афзуд, ки ҳарчанд дар гузашта рақси мардона бахше аз фарҳанги тоҷикон буд ва хуб пазируфта мешуд, аммо ҳоло онро бо назари манфӣ менигаранд ва мегӯянд, ки рақс “фақат хоси занон аст”. Ягона истисно дар ин маврид рақси мардонаи мардуми Бадахшон аст.

Раҳмондӯсти Қурбониён, ҳунарманди театри “Ойина” бар ин назар аст, ки гурӯҳе аз устодони рақс дар гузашта ба камаҳамият шудани ҳунари рақси мардона сабаб шудаанд. Ба эътиқоди ҷаноби Қурбониён, ба рақси мардона бештар унсурҳои рақси занона омехта карданд, ки аз тарафи мардум хуб қабул нашуд. Аз сӯйи дигар омӯзиши таърихи рақси мардонаи тоҷикӣ, он ҳам бо вуҷуди рисолаҳои ҳунаршиноси маъруф Низом Нурҷонов, ва ёд додани он ба насли нав ва умуман мардум роҳандозӣ нашудааст. Маҳфилҳои омӯзиши рақс бештар ба рақсҳи ҳиндию арабӣ ва қариб батамом барои занҳо тахассус ёфтаанд.

Рақси мардон акнун асабоният меорад

Раҳмондӯсти Қурбониён гуфт: “Кор то ҳадде расид, ки мардум бо шубҳа ва гоҳе ҳатто бо асабоният рақси мардонро тамошо мекунанд. Бояд нафаре ба тоҷикон возеҳ бигӯяд, ки дар сурати идомаи чунин раванду бархӯрд, мо метавонем, рақси мардонаро комилан аз даст бидиҳем”.

Феълан дар бархе аз гурӯҳҳои давлатӣ раққосони мард ҳастанд. Ба унвони мисол, танҳо дар театри “Лола” 18 раққос фаъолият доранд. Дар гуруҳи “Падида” низ як раққос ҳунарнамоӣ мекунад. Теъдоди раққосони мард дар гурӯҳҳои рақсӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон дақиқ нест, аммо зимни ҳунарнамоии онҳо дар Душанбе рақси мардона низ ба намоиш гузошта мешавад.

Ҷилва Дилбохтаева, узви гурӯҳи рақсии “Чаман”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки солҳои ахир бештаре аз сокинон ба рақси занона таваҷҷӯҳи бештар доранд ва ба ин далел умдатан бонувон хостори омӯзиши ҳунари рақсанд.

Вай афзуд:​ “Асосан занҳо ба иҷрои рақсҳои маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва классикӣ машғуланд. Рақс мисли бемориест, ки инсон наметавонад, бидуни он зиндагии худро тасаввур кунад. Рақс на барои пулкоркунӣ, балкӣ барои бароварда сохтани ниёзи ботинии инсон зарур аст.”

Ниёзе, ки ба гуфтаи ӯ ҳама дорад, чӣ мард ва чӣ зан.

XS
SM
MD
LG