Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта сарсонии ҷасади Нормуҳаммад дар Кореяи Ҷанубӣ


Нормуҳаммад Ҷалолов

Бемористоне дар Сеул ҷасади Нормуҳаммад Ҷалолов, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро пас аз ҳафт рӯзи марг ва пардохти 21 ҳазор доллар пули муолиҷаи ноком ба наздиконаш супурд.

Табибон ҷасади бародарамро дар сардхона гузошта, талаб карданд, ки аввал ҳамаи пулро супорем, баъд ӯро медиҳанд

Пайвандони Нормуҳаммад гуфтанд, ӯ дар як садамаи автомобилӣ рӯзи 29-уми май дар Кореяи Ҷанубӣ сахт маҷруҳ шуда, ба бемористон афтод ва дар ҳамон ҷо ҷон дод. Пизишкон барои наҷоти ҷони ҷавони тоҷик хеле талош карданд, аммо ин талошҳо натиҷа надод.

"Бимаи тиббӣ надошт"

Ҷасади Нормуҳаммад аз тариқи ҳавопаймо аз Сеул ба Хуҷанд интиқол ёфт ва рӯзи 12-уми июн дар зодгоҳаш дафн шуд. Хонавода мегӯяд, агар кумаки ҳамватанон набуд, намедонанд, ки мушкили пардохти харҷи бемористон ва интиқоли ҷасадро чӣ гуна ҳал мекарданд. Мушкили онҳо ба сабаби надоштани бима (суғурта)-и тиббӣ печидатар шуд.

Наима Саидова, хоҳарбузурги Нормуҳаммад Ҷалолов, рӯзи 15-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, хонаводаи онҳо аз соли 2015 дар Курёи Ҷанубӣ зиндагиву кор мекард ва Нормаҳмад ҳам дар ҳамон ҷо машғули кор буд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро доранд, барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ мераванд
Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро доранд, барои кор ба Куриёи Ҷанубӣ мераванд

Саидова фоҷиаи рӯзи 29-уми майро чунин қисса кард: "Бародарам савори мошин дучори садама шуд. Дар роҳ мошинаш ба самти муқобили ҳаракат баромадааст. Ӯро ба беморхона оварданд, чанд узви бадан, аз ҷумла раги гардан осеб дида, хуни зиёдро аз даст дода буд. Ҳарчанд духтурон талош карданд, ки гардиши хунро дар мағзи сар барқарор кунанд, вале бенатиҷа анҷом ёфт. Соати 10-и ҳамон шаб бародарам аз дунё гузашт."

"Аввал пул, баъд ҷасад"

Наима Саидова, гуфт нархи хидматрасонии тиббӣ дар Кореяи Ҷанубӣ хеле баланд аст ва танҳо барои онҳое, ки суғурта ё бимаи тиббӣ доранд, дастрас аст.

  • “Аммо бародари ман бимаи тиббӣ надошт. Беморхона барои амалиёти ҷарроҳии бародарам 21 ҳазор доллар талаб кард. Мо ин миқдор маблағ надоштем ва ба духтурон пешниҳод кардем, ки қисман пулро дода, ҷасадро гирем ва пули боқимондаро бо гузашти вақт супорем. Аммо духтурон инро қабул накарда, ҷасади бародарамро дар сардхона гузоштанд. Талаб карданд, ки аввал ҳамаи пулро супорем, баъд ҷасадро медиҳанд.”

Наима Саидова гуфт, тоҷикони муқими Кореияи Ҷанубӣ ва тоҷироне, ки аз ин кишвар ба Тоҷикистон мошин меоранд, ба оилаи онҳо кумаки молӣ расониданд. Ҷамъоварии маблағ 7 рӯз идома кард ва ниҳоят баъди ҷамъ шудани маблағи кофӣ ҷасадро ба наздикон доданд.

Муҳоҷирони тоҷик дар Кореияи Ҷанубӣ

Парчами Куриёи Ҷанубӣ
Парчами Куриёи Ҷанубӣ

Кореияи Ҷанубӣ – кишваре дар Осиёи Шарқӣ ва мустақар дар нимҷазираи Корея яке аз кишварҳои босуръат пешраванда ба ҳисоб меравад. Ин кишвар даҳсолаҳои охир ба макони кору муҳоҷирати хориҷиҳои зиёд табдил шуда, дар миёни онҳо собиқ шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ҳам зиёд мешаванд. Ҷамъияти тоҷикон, ки дар ин кишвар ҳузур дорад, бештар аз ҷавонону донишҷӯён иборат аст.

Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки бо ин кишвар созишномаи табодули нирӯи корӣ имзо кунад, то шаҳрвандонаш тавонанд дар баробари кишварҳои дигар дар ин давлат низ барои худ роҳҳои даромади қонуниро кашф кунанд.

Тоҷиконе, ки соҳиби шаҳрвандии Русия ҳастанд, бо истифода аз режими бе раводиди миёни Маскаву Сеул барои кор озими Кореяи Ҷанубӣ мешаванд. Кору зиндагӣ дар ин кишвар иҷозати расмӣ ва доштани санадҳои заруриро талаб мекунад. Доштани бимаи тиббӣ яке дигар аз санадҳои зарурӣ барои зистан дар он кишвар ба ҳисоб меравад, вале тавре бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, барои мардуми тоҷик доштани бимаи ҳатмии тиббӣ ҳанӯз ҳам як бахши фарҳанг нашудааст. Бисёриҳо ин мавзӯъро ба хотири гарон будани пардохти ҳармоҳаи тиббӣ нодида мегиранд, вале дар сурати пеш омадани мушкили сиҳатӣ, дар бунбаст мемонанд.

Дар сурати пеш омадани мушкиле, ба мисли табобати фаврӣ ё даргузашти инсон, сангинии бори вазъият ба дӯши хешовандону ҳамватанон меафтад.

"Таваккал мекунанду худро дар азоб мемонанд"

Даврон Зоҳидов, як тоҷири тоҷик, ки ҳудуди 10 сол боз бо аҳли оилааш дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ зиндагӣ дорад, гуфт, аксар тоҷикон таваккал карда, саломатии худро зери хатар мегузоранд. Ӯ гуфт, “дар Кореяи Ҷанубӣ бо 90 ҳазор вон, муодили тақрибан 100 доллар, худро бима кардан мумкин аст. Ҳарчанд суғуртаҳои аз ин ҳам гаронтар низ ҳаст. Чун дар мо анъанаи суғуртаи тиббӣ нест, аксарият дар ин бора ҳатто фикр намекунанд. Вақте нохост саломатиашон бад мешавад, баъд дар вазъияти душвор меафтанд”.

Зоҳидов мегӯяд, ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ аксаран муҳоҷирони кории қонуниро худ аз ҳисоби худ бима мекунанд, аммо чун муҳоҷирони тоҷик аксаран ғайриқонунӣ фаъолият доранд, аз ин имконият бебаҳраанд.

Рӯ ба раҳми Худо, дӯстон ва ҳамватанон

Зимнан, муҳоҷирони тоҷик на танҳо дар Кореяи Ҷанубӣ, балки дар кишварҳои дигари аврупоӣ ва Амрико низ гоҳо бидуни бима ба сар мебаранд. Роҳбарони ҷамъиятҳои Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ҳам мегӯянд, аксар шаҳрвандони ба ин кишварҳо ҳиҷраткарда бинобар гарон будан ва гоҳо бинобар дуруст набудани ҳуҷҷатҳои будубош бимаи тиббӣ надоранд.

Вале дар ниҳояти амр, дар сурати пеш омадани мушкиле, ба мисли табобати фаврӣ ё даргузашти инсон, сангинии бори вазъият ба дӯши хешовандону ҳамватанон меафтад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG