Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳриниссоро духтараш аз хона маҳрум кард, зеро...


Меҳриниссо мегӯяд, намедонад акнун чӣ кор кунад.

Дар ноҳияи Конибодом додгоҳ дар баҳси додгоҳии духтару модар барои як хона, духтарро ҳақ эълон кард ва акнун модар бояд хонаро бо 11 нафари дигар тарк кунад.

Додгоҳҳои Тоҷикистон бар асоси шикояти Зарина Бойматова, сокини деҳаи Маҳрам модари ӯро аз ҳаққи моликият дар ин хона маҳрум кардаанд.

Моҳиниссо Бойматова, модари 60 солаи Зарина мегӯяд, ки ҳамроҳи шавҳари бемор ва келину набераҳояш ҷамъ 11 нафар дар ин бино ҳоло зиндагӣ доранд ва бо талаби иҷрочиёни суд бояд хонаро тарк кунад.

Ӯ рӯзи 6-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳини сафари чанде пеши раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Конибодом хост, арзашро ба ӯ бирасонад, вале кораш дар ҷойи дигар тамом шуд.

“Барои расонидани арзам ба президент ба маркази ноҳия рафтам дар он ҷо ҷаноби олӣ ҳайкали Сомониро мекушоданд. Ба ҳамон ҷо рафтам ва 15 дақиқа монда буд, ки ба президент наздик шаваму мактубамро ба ӯ диҳам, ки милисаҳо маро боздошт карда, то рафтани ӯ аз Конибодом, маро дар милисахона маҳкам карданд” - гуфт Бойматова.

Таърихи ҷанҷоли модару духтар

Ҷанҷоли модару духтар сари хона соли 2008-ум оғоз шудааст. Замоне, ки ӯ тасмим гирифтааст, дар маркази деҳа як дорухона ва мағоза бунёд карда аз даромадаш зиндагии худ ва оилаашро таъмин кунад.

“Ман назди раиси ноҳия рафта, гуфтам, барои сохтмони дорухона ба мо замин диҳанд. Розигӣ доданд ва гуфтанд, ба шарте замин ҷудо мекунанд, ки бинои душиёнаи замонавӣ созем дар якум ошёна дорухона, ошёнаи дуввум ҷойи зист” - гуфт, ӯ.

Суд ҳамаи маблағҳое, ки ман дар сохтмони ин хона масраф кардам, ҳамчун ёрии модар ба духтар эътироф карду, қарор кард, ки ман ба ин хона ҳақ надорам.

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, баъди гирифтани замин ӯ хонаи худро фурӯхта, инҷо манзили дутабақа сохтааст ва бо умеди онки “ дар пирӣ дар ин хона зиндагӣ карда аз ҳисоби даромади дорухона зиндагӣ мекунам”.

Модари тоҷик мегӯяд, ки барои сохтмони хона, ки аз толори фурӯши дору, мағоза ва манзили зист дар ошёнаи дуввум иборат аст, 600 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст. Дар ҷараёни сохтмон Зарина ҳамроҳи як бародараш дар Русия кор мекардаанд ва мунтазам ба модараш пул мефиристодааст. Зарина бо тамом шудани сохтмони аз Маскав баргаштааст ва ба гуфтаи модар бинои навбунёдро ба номи худ сабт кардааст.

Меҳриниссо Бойматова мегӯяд, замоне, аз ин бохабар шуд, ки Зарина талаб кард, модару келину наберҳояш хонаро тарк кунанд, чунки дигар хона моликияти онҳо нест. Баъди ин баҳси додгоҳии модару духтар шурӯъ шудааст ва 5 сол идома ёфтааст.

Ба қавли модар додгоҳҳои Конибодому Хуҷанд ҳаққи ӯ ба моликият дар ин хонаро эътироф карданд. Аммо додгоҳи вилоятӣ ва ду дафъаи дигар Додгоҳи олӣ хонаро моликияти истисноии Зарина Бойматова эътироф мекунанд.

“Суд ҳамаи маблағҳое, ки ман дар сохтмони ин хона масраф кардам, ҳамчун ёрии модар ба духтар эътироф карду, қарор кард, ки ман ба ин хона ҳақ надорам. Баъди ин қарори Суди олӣ судиҷрочиён омаданду маро бо 11 набераам дар офтоби сӯзон аз хонаи ба даст худам сохта зада берун карданд” - гуфт, Бойматова.

Худи Зарина Бойматова, духтари Меҳриниссо Бойматова дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ иддаоҳои модарро рад карда, гуфта буд, ки хонаи дутабақаро бо пули ӯ сохтаанд, ки бо заҳмати зиёд аз Русия мефиристод.

Зимнан дар ҳукми Додгоҳи олӣ, ки нусхаи онро хонавода ба дасти Радиои Озодӣ супурд, аз чандин расиде ном бурда мешавад, ки нишон медиҳад, Зарина Бойматова аз Русия ба модараш пул фиристодааст. Ӯ ҳама арзу шикоятҳои модарашро бепоя медонад. Зарина баъдан хонаро ба каси дигар фурӯхт.

Дар чанд рӯзи дигар хонаро бояд холӣ кунанд!

Аслон Тошматов, молики нави бино дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз харидани хона ҳама ҷиҳатҳои ҳуқуқии онро тафтиш кард ва кормандони суд ва нотариуси давлатӣ моликияти қонунии Зарина Бойматова будани биноро тасдиқ карданд.

“Ман ин биноро бар ивази 400 ҳазор сомонӣ харидам. Нотариуси давлатӣ пеш аз ин ҳама ҳуҷҷатҳои хонаро санҷид. Судҳо ҳам моликияти Зарина будани хонаро тасдиқ қардаанд. Пас аз санҷиши бо розигии нотариюс хона ба номи ман гузашт” гуфт, Аслон Тошматов.

Тошматов гуфт, айни замон Меҳриниссо Бойматова бо дигар пайвандонаш ғайриқонунӣ дар ин хона сукунат доранд. “Ман барои берун кардани онҳо аз ин хона ба суд муроҷиат кардам ва дар чанд рӯзи оянда суидиҷрочиён онҳоро бояд аз ин хона берун кунанд” - гуфт ӯ.

Арзишҳо дар ҳоли аз байн рафтан?

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон парастории падару модар ва эҳтироми онҳо ҷузъе аз фарҳанг ба шумор мервад. Ҷомеа низ онҳоеро, ки ба падару модари худ эҳтиром намегузоранд маҳкум мекунад. Аммо зоҳиран солҳои охир ин гуна суннату арзишҳо камранг мешаванд ва гузоришҳоро дар бораи баҳси додгоҳии падару писар ва ё хешовандони наздик зиёдтар мебинед.

Зимнан зимни раъйпурсии соли 2014 як тағйироте, ки ба Конститутсия ворид карданд, ин буд ки фарзандон масъули парастории волидони барҷомондаи худ ҳастанд. Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои фарзандоне, ки ба волидони барҷомондаи худ алимент пардохт намекунанд ҷазо пешбинӣ кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG