Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ соли Ситора дар асорати Муҳаббат дар Афғонистон


Гулнисо Сафарова, сокини як ҷамоати шаҳри Кӯлоб иддао дорад, ки духтари 25-солааш панҷ сол боз дар асорати кочоқбарони афғон қарор дорад ва аз мақомоти Тоҷикистону Афғонистон даъват кард, ӯро наҷот диҳанд ва ба ватан баргардонанд.

Мегирист ва гуфт, кумакам кунед, ки баргардам. Ягон одам пайдо кунед, маро баргардонад. Хоҳиш дорад, ки ӯро биёрем.

Мақомоти Тоҷикистон низ тасдиқ мекунанд, ки Ситораи Абдураҳим тирамҳои соли 2012 аз ҷониби гурӯҳи қочоқбари афғон дар минтақаи Шӯроободи собиқ, ҳоло ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, рабуда шуд ва ба Афғонистон интиқол ёфт. То ҳол маълум нест, Ситораи Абдураҳим, ки сокини як ҷамоати Кӯлоб аст, дар Шӯрообод чӣ кор мекард.

"Ситора гуфт, кумак кун, ки баргардам"

Аз рӯзи нопадид шуданаш дар тирамоҳи соли 2012 Ситораи Абдураҳим танҳо чанд дафъа бо модараш тамос гирифт, вале дар бораи макони будубошаш чизе нагуфт. Гулнисо Сафарова дар бораи макони воқеии будубоши духтараш аз ходимони пулиси Кӯлоб хабар ёфт.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар тамоси охирини телефонӣ, ки рӯзи 26-уми июни имсол сурат гирифт, Ситораи Абдураҳим ба модараш гуфтааст, ки дар асорати марде бо номи Муҳаббат, дар деҳаи Обиганда, минтақаи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон нигаҳдорӣ мешавад. "Мегирист ва гуфт, кумакам кунед, ки баргардам. Ягон одам пайдо кунед, маро баргардонад. Хоҳиш дорад, ки ӯро биёрем. Нагузоштанд, ки зиёд гап занам. Фақат гуфт, ки дар деҳаи Обиганда ҳаст ва дар дасти марде бо номи Муҳаббат. Кам гап зад ва бо ҳамин телефонаш хомӯш шуд, шуморааш маълум набуд", - гуфт ӯ рӯзи 1-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

“Духтарамро ба қочоқбарон фурӯхтаанд”

Гулнисо Сафарова мегӯяд, бо эҳтимоли зиёд нафар ё гурӯҳе духтари ӯро ба кочоқбарони афғон фурӯхтааст: "Агар ин хел намебуд, ӯ аз куҷо ғору ҷангалҳои Шӯроободро пайдо мекард? Касе ӯро бурдааст. Ҳамон одами фурӯхтаро Худо ҷазо диҳад. Ман фикр мекунам, ки духтарамро фурӯхтаанд”.

Ситораи Абдураҳим, ба гуфтаи модараш, мактабро то синфи 9 хонда, дар 17-солагӣ ба шавҳар мебарояд, вале дар 19-солагӣ аз шавҳараш талоқ мегирад. То соли 2012 дар ошхонаи маҳаллӣ ҳамроҳ бо модараш кор мекард. Падараш 15 соли пеш фавтида будааст.

Модараш мегӯяд, аз Афғонистон дар як сол як ё ду бор бо ӯ тамос мегирад. Ин зан барои баргардонидани духтараш аз мақомоти маҳаллӣ низ кумак мехоҳад.

Муҳаббат - қочоқбаре, ки ҷустуҷӯ мешавад

Як мақоми огоҳ аз қазия рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тирамоҳи соли 2012 дар ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) бар зидди гурӯҳҳои марзшикани кочоқбар амалиёти низомӣ баргузор шуд. "Вақте кочоқбарон фирор мекарданд, аз дур дидем, ки ҳамроҳашон як духтар ҳам буд. Баъдан, барои мо маълум шуд, ки ин духтар Ситора будааст. Дар ин бора баъдан кочоқбарони дигари боздоштшуда маълумот доданд. Муҳаббат валади Қурбонмад яке аз раҳбарони гурӯҳи кочоқбар буд, ки пайваста марзи Тоҷикистонро мешикаст вориди хоки Тоҷикистон мешуд", - гуфт ӯ.

Мақомоти Афғонистон огоҳ ҳастанд. Борҳо дар бораи ин одам ва баргардондани Ситора муроҷиат кардем, вале ҳеҷ чора надидаанд

Ин мақом гуфт, тафсилоти чӣ гуна то Шӯрообод рафтани Ситораи Абдураҳимро медонад, аммо ба хотири ҳифзи сирри тафтишот наметавонад бо мо дар миён гузорад. Аммо гуфт, Муҳаббат дар Тоҷикистон ба марзшиканӣ, кочоқи маводи мухаддир, одамрабоӣ, ҳамла ба сарҳадбонон ва дуздии чорвои сокинон гумонбар дониста мешавад.

Ин манбаъ афзуд, ки аз соли 2013, баъди кушта шудани Абдулло, як раҳбари дигари кочоқбарон бо се ҳамроҳаш дар Шӯрообод, Муҳаббат дигар пояшро ба хоки Тоҷикистон намонд. "Мақомоти Афғонистон огоҳ ҳастанд. Борҳо дар бораи ин одам ва баргардондани Ситора муроҷиат кардем, вале ҳеҷ чора надидаанд", - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Мақомоти тоҷик соли 2011 аз раҳоии ҳафт духтари тоҷик аз чанги кочоқбарон дар Шӯрообод хабар дода буданд. Чаҳор тан аз ин духтаронро Созмони ҷаҳонии муҳоҷират қурбонии хариду фурӯш эътироф карда буд. Ин духтарон аз шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон буданд. Баъдан, дар соли 2012 додгоҳи вилояти Хатлон Рамазон Назаров, як сокини Кӯлобро бо иттиҳоми "одамфурӯшӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ бо нияти шаҳвонӣ" 13 сол аз озодӣ маҳрум кард. Мақомот гуфтанд, ки ин мард духтаронро аз шаҳру навоҳии гуногун бо ваъдаи маблағи зиёд ба Шӯрообод бурда ба қочоқбарон пешниҳод мекардааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон панҷ сол пеш Рамазон Назаров, як сокини Кӯлобро бо иттиҳоми "одамфурӯшӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ бо нияти шаҳвонӣ" 13 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.

Даст доштани ин мард дар бурдани Ситора ба назди қочоқбарон маълум нест.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Шӯроободи пешин, ҳудуди сад километр бо Афғонистон марзи назораташ душвор дорад. Ҳоло ба гуфтаи мақомот марз хеле хуб дифоъ мешавад ва марзшиканӣ низ коҳиш ёфтааст. То се соли пеш кочоқбарони афғон озодона вориди хоки Тоҷикистон шуда, даст ба ғорати молу амволи сокинон мезаданд.

XS
SM
MD
LG