Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ: Санади Занҷонӣ сохта аст


Дафтари Kont Bank дар Душанбе
Дафтари Kont Bank дар Душанбе

Бонки миллии Тоҷикистон(БМТ) тавассути ин ниҳод интиқол ёфтани беш аз 2 миллиард доллари бадастомада аз фурӯши нафти Эронро рад мекунад ва мегӯяд, ба Бобаки Занҷонӣ ягон санад дар ин бора надодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бо иддаои парлумони Эрон дар мавриди тақаллубкориҳои Бобаки Занҷонӣ мувофиқ аст.

Ахиран вакили Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Саид Ҳайдарӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории "Форс” асноди ироакардаи Бобаки Занҷонӣ дар мавриди пардохти 2 миллиарду 60 миллион доллар ба вазорати нафти Эронро қалбакӣ номид. Ба гуфтаи Ҳайдарӣ, санаде, ки ба парлумон ироа шуд, аз номи Бонки миллии Тоҷикистон буд.

Аммо Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бонк ҳеҷ гуна санадеро ба Бобаки Занҷонӣ надодааст. Вай афзуд, баръакс Бонки миллии Тоҷикистон бар асоси тавсияи вазорати молияи Амрико ҳанӯз дар ибтидои соли равон аз бонкҳои Тоҷикистон даъват карда буд, ки бо «Kont Investment bank», бонки марбут ба Бобаки Занҷонӣ ҳамкорӣ накунанд.

Сухангӯи Бонки миллӣ мегӯяд, то замоне, ки таҳримот аз болои бонки мазкур бардошта нашвад, бонкҳои Тоҷикистон бо «Kont Investment bank» ҳамкорӣ нахоҳанд кард.

А.Қурбонов: Санадҳои нишондодаи Занҷонӣ сохтаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00
Линки мустақим


Бобаки Занҷонӣ ва 2 миллиарди "гумшуда"

Бобак Занҷонӣ
Бобак Занҷонӣ
Хабарҳои расида аз Эрон ҳокист, ки даврони суъуди миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ батадриҷ ба поён расида, рӯзҳои сахте барои ӯ дар Ҷумҳурии исломӣ фаро мерасанд. Вакилони парлумони Эрон дар пасманзари буҳрони ахири Туркия, ки “қалбдастӣ”-ҳои як муҳаррикаш сармоядори эронӣ Ризо Зарроб шуд, ҳарчӣ бештар ба сармоядори дигар Бобаки Занҷонӣ, ки дар ҳам дар Туркия ва ҳам дар Тоҷикистон тиҷоратҳои бузурге боз кардааст, дармеафтанд.

Ахиран вакили Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз Кирмоншоҳ Саид Ҳайдарӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории нимарасмии “Форс” асноди ироакардаи Бобаки Занҷонӣ дар мавриди пардохти 2 миллиард доллар ба вазорати нафти Эронро қалбакӣ номид. Ба гуфтаи Ҳайдарӣ, санаде ки ба парлумон ироа шуд, аз номи Бонки миллии Тоҷикистон буд.

Дар ҳафтаи гузашта вакили дигари парлумони Эрон Мустафо Афзалифард гуфта буд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳамаи 2 миллиарду 60 миллион доллар қарзаш ба вазорати нафти Эронро пардозт кардааст. Бонки марказии Эрон низ тасдиқ кард, ки ин ҳама маблағ алакай ба суратҳисоби вазорат нафт дохил шудааст.

Бежан Зангина(дар марказ)
Бежан Зангина(дар марказ)
Дар моҳи сентябр вазири нафъи Эрон Бежан Номдор Зангина гуфта буд, “Занҷонӣ иддао дорад, ки Амрико ҳисобҳои бонки ӯро масдуд кардааст ва ба ин далел наметавонад ба давлати Эрон пул таҳвил диҳад.”

Занҷонӣ он замон гуфта буд, пулҳо дар ҳисоби бонкии як ширкати дар Ҳонгконг таъсисёфта ва марбут ба ширкати миллии нафти Эрон аст ва “таҳвил пул ба Эрон дигар кори ӯ нест.” Аз он пеш дар моҳи август, Занҷонӣ ба хабаргузории ИСНО гуфта буд, ки ӯ дар маҷмӯъ ба таҳвили 17,5 миллиард евро сармояи бонкҳои Эрон пул аз хориҷ ба дохили кишвар кумак кардааст ва он ҳам бо ҳақулзаҳмаи ночизи 0,007 фоиз.

Дар пасманзари буҳрони ахири сиёсии Туркия, ки мунҷар ба истеъфо дастикам 10 узви кобинаи сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо иттиҳоми фасод ва бурузи мавҷи нави эътирозҳо бо талаби истеъфои худи ӯ шуд, исми Занҷонӣ низ дар радифи Ризо Зарроб дигарбора дар забони расонаҳо афтод.

Дафтари Kont Bank дар Душанбе
Дафтари Kont Bank дар Душанбе
Аммо худи Занҷонӣ ҳар навъ даст доштанаш дар моҷарои фасод дар Туркияро рад карда, дар сомонаи ширкати расмиаш – Sorinet - гуфтааст, тамоми тиҷоратҳои ӯ дар Туркия қонунист. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки бо Ризо Зарроб ҳамагӣ боре чанд мулоқот доштааст ва “дар бораи фаъолиятҳои ӯ чизе намедонам.Мо ягон тиҷорати муштаракеро пеш намебурдем.” Ба ин далел, афзудааст, Бобаки Занҷонӣ, “агар Зарроб ягон тиҷорати ғаайриқонуние дошта бошад, ман масъулаш нестам.”

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи рӯзномаи туркии “Haberturk”, Ризо Зарроб баъди боздошташ Занҷониро “раҳбар”-и худ номидааст. Ин рӯзнома пораҳое аз мукотибаи ин ду нафарро нашр кардааст, ки тибқи он, ҳар ду қарор гузошта буданд, то дар ин ҳафта дар меҳмонсаройи пуршукӯҳе дар Анталияи Туркия мулоқот кунанд. Ба навиштаи ин рӯзнома Занҷонӣ дар бозори тилои Туркия фаъолияти бавижае дошт. Худи Занҷонӣ низ харидани 1,5 тонна тило аз кишвари африқоии Ғанаро эътироф карда гуфтааст, қасд дошт, то ним тоннаи онро дар Туркия ва 1 тоннаи дигарашро дар Дубай бифурӯшад.

“Haberturk” менависад, ки гӯё ин тилоро дар роҳ ба сӯи Дубай дар фурудгоҳи Истамбул мусодира кардаанд ва гӯё маҳз ҳамин қазия боис шуда, ки Занҷонӣ ба таҳлука афтода, тавассути эмейл аз Зарроб барои наҷоти бораш кумак бихоҳад. Аммо Занҷонӣ гуфтааст, ки дар воқеъ бори ӯро дар фурудгоҳи Истамбул тафтиш карданд, валекасе ин тилоро мусодира накардааст, балки баъди маълум кардани дурустии аснод ба ин ҳавопаймо иҷозаи парвоз доданд. Занҷонӣ гуфтааст, ки 64 ширкат бо 6-7 миллиард евро даромади солона зери назари ӯ кор мекунанд ва ӯ ниёзе ба пеш бурдани чунин “тиҷоратҳои кӯчак” надорад.

Рамзи ширкати миллии нафти Эрон
Рамзи ширкати миллии нафти Эрон
Сармоядороне, чун Бобаки Занҷонӣ ва Ризо Зарробро, ки исмаш дар буҳрони ахири Туркия расонаӣ шуд, ҳалқаҳои шабакаи моливу тиҷорие медонанд, ки Ҷумҳурии исломӣ ба хотири сабуктар кардани бори гарони таҳримҳои байналмилалӣ ба майдон овардаанд. Аммо акнун аъзои ин шабакаро дар Эрон ва хориҷ ба фасод айбдор мекунанд. Аммо Занҷонӣ иттиҳомоти бархоста дар бораи гӯё арзон фурӯхтани нафти Эронро рад мекунад ва мегӯяд, масъулияти фурӯши нафт бар ӯҳдаи ҳамон ширкати ҳонгконгист ва азбаски ягон бонк таҳвили пулашро ба ӯҳда нагирифт, ин ширкат аз ӯ кумак хостааст, то пулҳояшро тавассути як бонки воқеъ дар Малайзия ба Эрон интиқол диҳад.

Аммо ин ки дар ин миён исми Бонки миллии Тоҷикистон ва гувоҳиномаи гӯё ба Занҷонӣ додаи ин бонк дар мавриди таҳвили беш аз 2 миллиард доллар ба ҳисоби бонкии вазорати нафти Эрон аз куҷо омад, пушти пардаи розҳо боқӣ мемонад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз ба ин иддао дар бораи мушорикаташ дар муомилоти пулии ширкатҳои Занҷонӣ посух надодааст. Ин ниҳод дар моҳи октябр дар пайи бурузи моҷарои “Конт Инвестмент Бонк”, як ниҳоди молии марбут ба Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон таъсис додааст, гуфта буд, ҳанӯз қабл аз таҳримоти аз 1 май эёълонкардаи Амрико алайҳи ин бонк, Душанбе ҳанӯз дар моҳи март фаъолиятҳои Контбонкро маҳдуд карда буд. Бонки Миллии Тоҷикистон аз ҷумла «Kont Investment bank»-ро ҳамчунин аз боз кардани филиал ё шӯъба маҳрум кард ва аз бонкҳои дигар хост, ки бо ин бонк ҳамкорӣ накунанд.

Терминали нави автобусҳо дар Душанбе
Терминали нави автобусҳо дар Душанбе
Моҷарои нав бар сари тиҷоратҳои марбут ба Бобаки Занҷонӣ дар ҳолест, ки ахиран 12 вакили Маҷлиси Эрон дар як нома аз қувваи қазияи Ҷумҳурии исломӣ хостанд, то алайҳи ин миллиардер парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Дар соли 2013 дар чаҳорчӯби таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Эрон дастрасӣ ба дороиҳои Бобаки Занҷонӣ низ дар кишварҳои ғарбӣ масдуд шуда буд. Ба дунболи он ширкатҳои муштараки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла «Kont group Tajikistan” ва «Asian Express Airline» эътироф карданд, ки ин таҳримҳо ба фаъолияти онҳо низ бетаъсир набудааст. Масалан, «Asian Express Airline» гуфт, ки наметавонад ҳавопаймоҳои ҷадиди «Airbus»-ро вориди Тоҷикистон кунад ва парвозҳои байналмилалиро анҷом диҳад. Ҳоло ин ширкатҳо умедворанд, ки бо ҳал шудани мушкилоти барномаҳои ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, таҳримҳои зидди Эрон коҳиш хоҳад ёфт ва дороиҳои Занҷонӣ дар Ғарб низ аз таҳримҳо берун хоҳанд омад.

Бобаки Занҷонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони умдаи хусусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар моҳи марти соли 2013 дар расми гушоиши терминали нави автобусҳои Душанбе, ки ширкати «Asian Express»-и ӯ таъмини молӣ карда буд, дар канори Занҷонӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дошт. Ин ширкат бо ворид кардани 40 автобус ва беш аз 200 таксӣ талош дошт, то нақши пештоз дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистонро ба даст биорад ва аз парлумони Тоҷикистон дар роҳи воридоти васоили нақлия ва таҷҳизоти дигар имтиёзҳои фаровонеро ҳам соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG