Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз яктаҳ то... Муаррифии либосҳои мардона дар Хуҷанд


Як намунаи либоси миллии мардони тоҷик
Як намунаи либоси миллии мардони тоҷик

Дар вилояти Суғд барои таҳияи либоси миллии мардони тоҷик як гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва дар навбати аввал дӯзандагони Донишкадаи иқтисод ва савдо бист тарҳи худро ба намоиш гузоштанд.

Дар Хуҷанд барои аввалин бор бист тарҳи либосҳои миллии мардони тоҷик муаррифӣ шуд, ки онҳоро дӯзандагони Донишкадаи иқтисод ва савдо омода кардаанд. Аз ҷумла, яктаҳ ё ҷелакҳои кӯтоҳу дароз, ки ҷузъи аслии ин тарҳҳо буд ва хатти марзи гиребонаш ба фарқ аз яктаҳи кӯҳансолон бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтааст.

Ганҷина Раҷабова, яке аз тарроҳон, рӯзи 3 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадаф аз таҳияи чунин тарҳҳоро ҷалби бештари мардон барои пӯшишҳои миллӣ донист. Ӯ гуфт, "ин либосҳо ҳам барои ҷавонон ва ҳам калонсолон аст.Аз болои яктаҳҳои кӯтоҳ яктаҳҳои дароз ҳам пӯшидан мумкин аст. Мисли ҷомаи миллии беқасаб, аммо бепахта."

Тарроҳон ба ин боваранд, ки имрӯз ҳам тарҳи либосҳои миллии онҳо байни мардони тоҷик харидор пайдо хоҳад кард. Донишкадаи иқтисод ва савдо бахши тарроҳӣ ва як корхонаи хурди тарроҳиву дӯзандагӣ дорад, ки дар он чандин духтарону бонувон кор мекунанд. Мадина Анварова, мудири ин коргоҳ мегӯяд, ин тарҳи либосҳои мардонаи тоҷикӣ хоси кадом асру давраи таърихӣ нест, балки маҳсули бардошти умумии онҳо аст.

"Ин тарҳҳоро аз рӯи либосҳои мардонаи миллии тоҷикӣ офаридем, ки дар осорхонаҳо гузошта шудааст ва аз таҳи сандуқҳои кӯҳансолон дастрас кардем. Аммо танҳо нусха набардоштем, балки ба яктаҳ, ҷелаки миллӣ наворариҳо дохил кардем, ки ба ҷавонҳо хуш ояд," – афзуд ӯ.

Либоси миллии замонавӣ барои мардони тоҷик.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Мадина мегӯяд, онҳо тарҳи яктаҳ, куртаи тоҷикиро бо пешниҳоди ҷавонони донишкадаи худ рангу бори замонавӣ додаанд: "Бо пешниҳоди онҳо ба яктаҳ гиребон, киса дохил кардем. Ба гиребону остину поёни яктаҳ шерозаҳои ранга задем. Ин шерозаҳо бо риштаҳои ранга дӯхта шудааст, ба худи яктаҳ ҳам нақш мезанем. Ҳоло ҷустуҷӯ дорем, ки ба пироҳанҳои мардонаи тоҷикӣ боз чӣ нақш задан мумкин, ки моли тоҷикон будани онро нишон диҳад."

Талоши тарроҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд дар ҳошияи кӯшишҳои бархе аз ширкатҳо ва тарроҳони тоҷик сари сохтани тарҳҳои замонавии либосҳои мардонаи миллии тоҷикӣ дар кишвар аст. Ба назар мерасад, намунаҳои зебои яктаҳ, ҷелакҳои тоҷикӣ офарида шудаанд, ки дар тани бархе ҳунармандон ва тарроҳони тоҷик мебинем. Аммо тарроҳон ва дӯзандагони ҷудогона онҳоро аз рӯи фармоиш ё барои мизоҷони худ таҳия мекунанд. Ҳанӯз ягон корхона ё ширкат дар кишвар истеҳсоли саноатии либосҳои мардони миллии тоҷикиро ба роҳ намондааст.

Бархе аз ҷавонону мардони калонсол дар кӯчаву хиёбонҳои Хуҷанд дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки "оё яктаҳ ба Шумо мақбал аст ва мехоҳед ба бар кунед?" ҷавоби мусбат доданд. Як ҷавон, бо номи Ҳаким гуфт, аммо бозору дӯконҳоро кофта яктаҳи табъи дилашро пайдо накардааст.

Фарҳангшиносону тарроҳони тоҷик яктаҳ – ҷелакҳои кӯтоҳу дароз ва ҷомаҳои беқасабу зарбофту тоқиҳои рангаву сиёҳ ва кафшро либосҳои хоси мардона муаррифӣ мекунанд. Вале дар рӯзҳои мо ин либосҳоро маъмулан ҳунарварони тоҷик барои саҳнаороӣ дар бар мекунанд. Ҷомаву тоқиро ҷавонону мардони одии деҳоти кишвар дар асри бисту як ҳам мепӯшанд. Ва дар тани бархе аз мардон яктаҳҳои дастидӯзи суннатӣ ҳам ба чашм мерасад. Аммо кам касон он либосҳои ба истилоҳ миллиро бинобар ношинамӣ ва номувофиқии онҳо барои кӯчаву коргоҳ ба бар мекунанд.

Акбар Маҳмудов, раиси бахши вилоятии иттифоқи дизайнерҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло барои эҳёи либосҳои мардони миллии мувофиқ ба замони муосир як гурӯҳи тарроҳону ороишгарони суғдӣ, аз ҷумла мутахассисони донишкадаҳои иқтисод ва савдо ва политехникӣ дар Хуҷанд ба ҳам омадаанд. Аз диди вай, аз байни либосҳои миллии мардонаи тоҷикӣ яктаҳ ба замон наздиктару мувофиқтар аст ва дар асоси он мешавад барои мардон, ҷавонони имрӯзии кишвар як либоси миллии муосир дуруст кард.

Дар ҳамин ҳол тарроҳони Донишкади иқтисод ва савдо дар Хуҷанд мегӯянд, аз 20 тарҳи пешниҳодкардаи онҳо ҷавонону сокинони одӣ ва либосшиносон 6 тарҳрро барои зебоиву шинамии онҳо писандидаанд. Мадина Анварова, раҳбари коргоҳи тарроҳони ин муассиса мегӯяд, яктаҳ – куртаҳои миллии мардонаи сохтаи худро баъд аз такмил ба бозор мебароранд. Ба умеде, ки харидори зиёд пайдо кардани либосҳои миллии мардона барои тарроҳон ва дӯзандагон, ки қисми умдаи онҳо бонувонанд, ҷойҳои нави корӣ фароҳам хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG