Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шамшери Рустам ва "реги ширин"-и Ҷӯра-шикорчӣ "таҳқири миллат" унвон шуданд. САДО


Борис Кимёгаров ҳангоми наворбардории достони Рустам ва Сӯҳроб бо ҳунарпеша Бимбулат Ватаев
Борис Кимёгаров ҳангоми наворбардории достони Рустам ва Сӯҳроб бо ҳунарпеша Бимбулат Ватаев

Маҷаллаи “Илм ва ҷомеа”-и Академияи илмҳои Тоҷикистон бо нашри як матлаб пахши филмҳои замони Шӯравӣ дар шабакаҳои телевизиониро "таасcуфангез ва хилофи арзишҳои миллӣ" унвон кардааст.

Ин ниҳод намоиши батакрори филми «Ҷӯра-шикорчӣ аз Мин-Архар”-ро таҳқири миллат медонад ва пешниҳод кардааст, ки пахши ин филми пуртарафдор мамнӯъ шавад.

"Реги ширин"-и Ҷӯра-шикорчӣ "таҳқири миллат" унвон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Назрӣ Асадазода, ходими Академияи илмҳои Тоҷикистон ва муаллифи

То ҳанӯз синамои мо ба сатҳи Рустаму Сӯҳроб филм наофаридааст. Баръакс, чеҳраи Рустаму Сӯҳроб ҳамчун улгуи миллӣ намоиш дода мешаванд. Агар инҳоро аз пардаҳои телевизион бигирем, дигар чиро бояд ба намоиш гузорем?

матлаби “Нақши дастгоҳи идеологӣ дар ташаккули рӯҳияи миллӣ” дар шумораи моҳи декабри маҷалла навиштааст, филмҳое, ки замони Шӯравӣ наворбардорӣ шудаанд, “на танҳо аз дидгоҳи идеологии Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ҳатто бо назардошти ҷойгоҳи таърихӣ ва обрӯву иззати мардуми тоҷику тоҷикистонӣ ғайри қобили қабул ва таҳаммул аст”.

Муаллиф менависад, ки ин матлаб дар пасманзари навиштаи Саймӯъмин Ятимов, раҳбари КДАМ дар мавриди роҳҳои ташаккули идеяи миллӣ таълиф шудааст. Ба навиштаи муаллиф, ҳар нафаре, ки филми “Ҷӯра-шикорчӣ”-ро тамошо мекунад, ба ин натиҷа мерасад, ки “тоҷикон 90 соли пеш дар шакли ҷамъияти ибтидоӣ” зиндагӣ мекарданд.

Назрӣ Асадзода
Назрӣ Асадзода

Ӯ саҳнаҳои филмро, аз ҷумла ин ки яке аз ширкатдорони филм “шакарро «реги ширин» (сладкий песок) ва қандро «яхи ширин» (сладкий лёд) меномад”, тавҳиномез унвон кардааст. Силсилафилми “Ҷӯра-шикорчӣ”, ки соли 1987 дар Тоҷикистон наворбардорӣ шудааст, то ҳанӯз дар шабакаҳои телевизионӣ пахш мешавад.

Ин филм танҳо ба ҳайси як намуна дар матлаб истифода шудааст, вале муаллиф бисёр филмҳои дигари маъруфи замони шӯравиро низ зери суол бурдааст. Ҳатто пахши филмҳои «Рустам ва Суҳроб», «Коваи оҳангар» ва дигар филмҳое, ки аз рӯи “Шоҳнома” таҳия шудаанд, бо сабабе, ки ба гуфтаи муаллиф, “бо назардошти идеологияи муборизаи синфӣ офарида шудаанд”, мавриди интиқод қарор додааст. Ба навиштаи муаллиф, ин филмҳо “шукуҳу шаҳомати қаҳрамониҳои мардумиро ба таври шоиста инъикос накардаанд”.

Филмҳои идеологӣ

Дар ҷомеаи Тоҷикистон маъмулан дар сатҳи расмӣ хеле кам аз сиёсати Шӯравӣ, аз ҷумла сиёсати идеологияш интиқод мекунанд. Аксари сокинон, бахусус насли бузургсол аз шӯравӣ бо некӣ ёд мекунанд. Аммо афроде, ки аз он замон интиқод мекунанд, мегӯянд, шӯравӣ бо таҳияи даҳҳо филми таблиғӣ мушкилоти ҷомеаро пинҳон мекард.

Собиқадорони соҳаи филмофарӣ дар замони Шӯравӣ ин нуктаро рад намекунанд, ки ҳама филмҳо аз нигоҳи идеологӣ таҳия мешуд.

Коргардони шинохтаи тоҷик Давлат Худоназаров
Коргардони шинохтаи тоҷик Давлат Худоназаров

Давлат Худоназаров, коргардони маъруфи тоҷик рӯзи 10-уми январ аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, замони Шӯравӣ ҳама филмҳо аз нигоҳи идеологӣ таҳия мешуданд, вале феълан низ онҳо ҳеҷ зиёне ба идеологияи миллӣ надоранд.

Ӯ гуфт, замони шӯравӣ агар филме ба сиёсати давлат мувофиқ намешуд ва бар хилофи идеологияи вақт офарида мешуд, наворбардорӣ намешуд.

“Ҳар як филм таърихи худро дорад, фалсафаи худро дорад, сатҳи худашро дорад. Бисёр филмҳо аз нуқтаи назари санъат, сифаташон баланд нест. Яъне, ин тасмимро бояд кормандони телевизион бигиранд. Агар пешниҳод шавад, ки бархе филмҳо намоиш дода нашаванд, аз нуқтаи назари ман ин хуб нест”, - гуфт Давлат Худоназаров.

“Таърихситезӣ кори хуб нест”

Аммо Ходими Академияи илмҳои Тоҷикистон бо интиқод аз филмҳои замони Шӯравӣ таҳияи филмҳои мутобиқ бо идеологияи миллиро пешниҳод кардааст. Чун, ба гуфтаи ӯ, филм барои ташаккули афкори ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Ба гуфтаи муаллиф, дар шароите, ки Тоҷикистон дар пайи сохтани идеологияи миллӣ аст, бидуни филмҳои миллӣ сохтани ин идея мушкил аст ва пахши батакрори филмҳои замони Шӯравӣ барои эҷоди идеяи миллӣ мушкил эҷод мекунанд.

Муаллиф пешниҳод кардааст, ки дар бораи қаҳрамонҳои миллӣ бо дидгоҳи нав филм офаранд.

Коргардони тоҷик Сафар Ҳақдод
Коргардони тоҷик Сафар Ҳақдод

Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз ҳам филмҳои замони Шӯравӣ моҳияти худро аз даст надодаанд:

“Дар филми Ҷӯра-шикорчӣ қавмҳое бо чеҳраҳои мухталиф ҳастанд. Ин асари сирф таърихӣ нест, балки тахаюлист. Ман дар ин филм чизе зиддимиллӣ надидам. То ҳанӯз синамои мо ба сатҳи Рустаму Сӯҳроб филм наофаридааст. Баръакс, чеҳраи Рустаму Сӯҳроб ҳамчун улгуи миллӣ намоиш дода мешаванд. Агар инҳоро аз пардаҳои телевизион бигирем, дигар чиро бояд ба намоиш гузорем?

Фикр мекунам, ки дунявияти филмҳои Борис Кимёгаров ва миллатдӯстии онҳо баланд ҳаст. Кимёгаров симои тоҷикии моро дар он солҳои Шӯравӣ хеле барҷаста нишон дод. Аслан, таърихситезӣ кори хуб нест. Таърихро мешавад таҳлил кард, вале таъбир карданаш кори мураккаб аст. Ин филмҳо ҳар чӣ набошанд, як давраи таърихи ин сарзамин ҳастанд”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, Шӯравӣ барои офаридани як филм тақрибан буҷаи солонаи як кишвар ҷудо мешуд.

"Бо як камера филм сохта намешавад"

Искандар Усмонов, коргардон ва филмноманависи тоҷик рӯзи 10-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, филмҳое, ки замони Шӯравӣ наворбардорӣ шудаанд, як ҷузъи таърихи миллати тоҷик шудаанд.

Искандар Усмонов мегӯяд, воқеан мо ба офаридани филмҳои тоза ниёз дорем, вале мушкили молӣ ба ин имкон намедиҳад. Вай гуфт: “Даҳҳо сенарияи таҳияи филмҳо барои боло бурдани рӯҳияи миллӣ омода шуда, рӯи ҳам хобанд. Филм гирифтан ин танҳо камераро рӯшан кардану тугмаро пахш кардан нест. Маблағ лозим аст, ҳунарманд лозим аст.

Аз тарафи дигар таърихро намешавад хат зад. Бояд то лаҳзае, ки мо филмҳои замонавӣ таҳия мекунем, мардум бояд ин филмҳоро тамошо кунанд. Дуруст аст, ки мо симои Исмоили Сомониро бояд бисозем. Ҳоло тавони молӣ ва омодагии хуб барои ин надорем, ки қаҳрамонони худро дар сатҳи ҷаҳонӣ филмбардорӣ кунем”, - гуфт ӯ.

Баҳси идеологияи миллӣ ва фарҳанг

Баҳс атрофи филмҳои шӯравӣ ва офаридани филм бар асоси арзишҳои миллӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз бар сари “идеяи миллӣ” ба як хулосаи дақиқ нарасидаанд. Бекмурод Шодиев, як пажӯҳишагри ҷавони тоҷик мегӯяд, “мавзӯи идеяи миллӣ ва ташаккулёбии баҳсҳои зиёдеро доман задааст, вале дар ин мавзӯъ, то ҳанӯз ба андешаи ягона нарасидаанд".

Ба гуфтаи ӯ, бархе пешниҳод доранд, ки идеяи миллӣ бар асоси ифтихор аз гузашта сохта шавад.

Филмбардорӣ дар Тоҷикистони шӯравӣ соли 1929 оғоз шуд. Дар замони Шӯравӣ “Тоҷиккино” бештар аз сад филми бадеӣ ва таърихӣ офаридааст. Филмҳое, ки ҷонибдоронаш “бахше аз таърихи миллат ” ва мухолифонаш онҳоро “хилоф ба арзишҳои миллӣ” медонанд.

XS
SM
MD
LG