Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномаи Тоҷикистон. Бе виза – ба 26 кишвари ҷаҳон


Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, бе гирифтани виза ба 26 давлати ҷаҳон сафар кунанд. Дар Шохиси паспортҳо, шиносномаи Тоҷикистон аз назари "мавқеъ ва нерӯ" дар ҷои 62-юм ҷойгир шудааст.

Муҳаққиқони Passport index бо нашри гузориши тозаи худ рӯзи 3-юми декабр гуфтанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд пеш аз сафар ба 136 кишвари ҷаҳон аз қабл виза ё раводид бигиранд ва танҳо дар 36 кишвари дигар ба онҳо имкони гирифтани виза дар фурудгоҳ ё марзи ин кишвар фароҳам оварда шудааст.

Шохиси паспортҳои кишварҳои ҷаҳон бо ҳадафи муайян кардани имконияту шароити сафар ба давлатҳои мухталиф тартиб дода мешавад. Шиносномаҳое, ки аз онҳо бо сифати «бонуфуз» ёд шудааст, моли кишварҳое мебошанд, ки имкони вуруд ба қаламравашон хеле содда буда, ин кишварҳоро муҳоҷирпазир ва меҳмоннавоз ном мебаранд.

Имороти Муттаҳидаи Араб – дар ҷои якум

Соли ҷорӣ шиносномаи Имороти Муттаҳидаи Араб дар миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми якум қарор гирифт ва дар ин раддабандӣ Сингапур ва Олмонро ба мақомҳои поинтар бурд.

Соле пеш дар ҳамин шохис Иморот дар ҷои сеюм қарор дошт. Шаҳрвандони ин кишвар ба 167 давлати ҷаҳон метавонанд сафар кунанд ва ин ягона давлат дар сайёра будааст, ки шаҳрвандонаш метавонанд бидуни гирифтани визаи пешакӣ вориди 113 давлат шаванд ва дар 54 кишвар визаро дар фурудгоҳ ё марз ба даст оваранд. Сингапур ва Олмон дар ин шохис дар ҷои дуюм ҳастанд ва шаҳрвандонаш метавонанд ба 166 кишвар сафар кунанд.

Дар ҷойҳои поёнтар ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ қарор доштаанд. Бритониёи Кабир дар ин шохиc дар мақоми 21 буда, шаҳрвандонаш ҳақи вуруди бидуни виза ба 119 давлатро доранд ва 45 кишвар ба онҳо додани визаро дар марз ваъда медиҳад. Шохиси «паспортҳои бонуфуз» бар асоси таҳқиқи мақоми ҳуқуқии 193 кишвари узви СММ ва ҳам шаш қаламрави дигари иловагӣ анҷом шудааст.

Шиносномаҳои аврупоӣ дар хатти болои "мӯътабарҳо"

Дар маҷмӯъ, бино ба арзёбиҳои муаллифони www.passportindex.org, дар феҳристи бонуфузтарин шиносномаҳо дар барои Имороти Муттаҳидаи Араб ва Сингапур, асосан кишварҳои Аврупои Ғарбӣ қарор гирифтаанд: Олмон, Дания, Шветсия, Финляндия, Люксембург, Фаронса, Италия ва Ҳолланд. Дар миёни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, нуфузи паспортҳои Украина, Русия, Молдова аз назари доираи истифода ваё имкони сафар беҳтар буда, дар мақомҳои поёнтар Қазоқистон, Беларус ва Озарбойҷон қарор доранд. Имкониятҳои сафари бидуни виза барои шаҳрвандони Арманистон Қирғизистон ва Тоҷикистону Туркманистон тақрибан баробар будааст.

Е-visa, бекор шудани раводид бо Узбекистон...

Соли 2016 Тоҷикистон муқаррароти соддаи додани виза барои кишварҳои хориҷиро ҷорӣ кард, ки ҳамчун e-visa маъруф аст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон он замон гуфт, ки визаи электронӣ ба шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон, ки Тоҷикистон нисбат ба онҳо реҷаи соддаи додани визаро муайян кардааст, ба муддати то 45 рӯз дода мешавад. Муроҷиаткунандаҳо бо пешниҳоди маълумоти дахлдор ва пардохти 50 доллар аз тариқи кортҳои бонкии боэътимод, назири VISA ва MasterCard визаи Тоҷикистонро тавассути почтаи электронии худ дарёфт мекунанд.

Хориҷиҳое, ки аз ин низом истифода кардаанд, мегӯянд, воқеан ҳам дарёфти раводиди сафар барои ҷаҳонгардон хеле содда шуда, бархе дар фурсати як рӯз ҳам соҳиби визаи тоҷикӣ шудаанд. Ин тасмим бо ҳадафи рушди бахши туризм, ҷалби бештари меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои хориҷӣ гирифта шуд.

Вале шаҳрвандони Тоҷикистон дар навбати худ ба шумори маҳдуди кишварҳо, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, мисли Русия, Қирғизистону Қазоқистон, Беларус ва дигарҳо метавонанд бидуни виза сафар кунанд. Низоми виза миёни Тоҷикистону Узбекистон, ки то моҳи марти соли ҷорӣ амал мекард, дар паи имзои созишномаи байнидавлатии ду кишвар барҳам хӯрд ва роҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ин кишвар боз кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG