Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд қадами дигари милиса ба самти полис


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли охир эътимоди ҷомеа ба милиса бештар шуда, бо мадади шаҳрвандон шуморе аз ҷиноятҳо ҳам ошкор гаштааст.

Тоҷикистон дар ҷодаи ислоҳи ниҳодҳои умури дохилӣ пеш меравад, вале бо вуҷуди натиҷаҳои аввалин то анҷоми ислоҳот ҳоло роҳ дароз аст. Мақомоти кишвар як аломати пешрафтро дар он мебиинанд, ки бовари шаҳрвандон ба милиса дар ҳоли афзоиш аст ва шумори бештари онҳо ба ниҳодҳои умури дохилӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Раҳбари дастгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Абдураҳим Раҳимов, рӯзи ҷумъа зимни нишасти гуруҳи кории баррасии Барномаи ислоҳоти пулис барои солҳои 2013 - 2020 дар шаҳри Душанбе гуфт, шикоятҳои шаҳрвандон, ки аксаран тариқи телефони боварӣ сурат мегирад, сабаби ба ҷавобгарӣ кашидани 102 корманди милиса шудааст. Ӯ аз ҷумла афзуд, «бартарии ба роҳ мондани телефони боварии вазири корҳои дохилӣ дар он аст, ки ҳар як шаҳрванд бе душворӣ метавонад, бо вазир дар тамос шавад ва арзи худро расонад. То ҳоло ба вазири корҳои дохилӣ 1735 шаҳрванди кишвар муроҷиат карданд ва ба ин васила 89 ҷиноят ошкор шудааст. Ҳамчунин тариқи торнамои вазорат низ муроҷиати шаҳрвандон сурат мегирад ва то имруз 338 нафар арзу шикояти худро матраҳ кардаанд, ки ба 305-тои он посух дода шудааст.»

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим


Ин масъули Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд,ба хотири ҷилавгирӣ аз фишору шиканҷа дар нисбати боздоштшудаҳо ва роҳ наёфтани афроди тасодуфӣ ба сафи кормандони пулис ва санҷиши онҳо дар шаҳру вилоятҳои кишвар марказҳои тестӣ боз шудаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимов, ин навсозиҳо дар чаҳорчӯби Барномаи ислоҳоти пулис сурат гирифтааст, ки барои солҳои 2013 - 2020 пешбинӣ шуда, аз соли гузашта ба ин сӯ ҷараён дорад. Ин лоиҳа бо ҳадафи боло бурдани эътимоди ками мардум ба мақомоти милиса, аз сӯи ҳукумати кишвар тасдиқ шуд ва иҷрои он таҳти сарпарастии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ислоҳоти пулис,ки бо ворид кардани дигаргуниҳои зиёд ба ин соҳа шурӯъ шудааст, аллакай натиҷаҳои чашмгир додааст. Ҷаноби вазир дар ин бора афзуд, «аллакай лоиҳаи қонуни пулис ҳам омодааст. Дар нисбати шаффофияти кори мо низ худи шумо низ баҳо додан метавонед, ки ҳамкориямон бо ҷомеа ва васоити ахбори омма хуб гаштааст. Боз намудани ҷиноятҳои вазнин ҳам бештар гардидааст. Умуман он ҷиняотҳои пурсарусадои нокушода, ки боқӣ мондааст, ҳатман онҳо низ кушода мешаванд.»

Тоҷикистон яке аз се кишвари Осиёи Марказист, ки ба ислоҳоти соҳаи милитсия даст задааст. Тибқи барномаи ислоҳот, дар баробари табдили номи милиса ба полис, ҳамчунин дигар тағйиру иловаҳо аз ҷумла, бунёди биноҳои минтақавии милитсия бо назардошти шумораи аҳолӣ низ пешбинӣ шудааст Зимни роҳандозии ин барнома ки 10 миллион долларро дар бар мегирад, ба беш аз 500 доллар расонидани маоши кормандони ин ниҳод низ дар назар аст.

Ин ислоҳот дар ҳоле ҷарён дорад, ки ба гуфтаи нозирони умур тӯли чанд соли ахир эътимоди мардум ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ камтар шуда, ҷойгоҳи милиса, ба маротиб коста гашт. Бо таваҷҷӯҳ ба он, ки шикоят аз бадрафтории маъмурони милиса ва фасодзадагии ин сохтори қудратӣ дар Тоҷикистон зиёд аст, соҳибназарони тоҷик ба муваффақияти ислоҳоти ин соҳа бовар надоранд.

Аз ҷумла Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, «то имрӯз дар кишвар ҳар ислоҳоте, ки шуд мо натиҷаи онро надидем. Зеро барои муваффақият аввал замина гузоштан лозим аст. Зеро мо дидем, ки чӣ қадар ҷиноятҳо аз ҷониби худи кормандони милиса шудааст. Яъне худи онҳо дар даст доштан ба қочоқи маводди мухаддир ва шиканҷа айбдор кардаанд. Ҳамаи ин проблем ҳаст. Дар аввал бояд ин мушкилот ҳал ва баъдан ислоҳот гузаронида шавад. Бубинед ҳатто Украина, як кишвари аврупоӣ, ки то як андоза ҳуқуқи иносн дар он ҷо риоя мешавад, гуфт, ки мо барои ислоҳоти ин соҳа омода нестем. То ҳол ғайр аз Русия ҳеҷ кишвар ин корро накардаст. Албатта ислоҳот лозим аст, аммо қабл аз он қадамҳои дигаро бояд анҷом медод, чун пули бисёрро сарф мекунанд ,аммо натиҷааш чӣ мешавад, маълум нест.»

Аммо тарафдорони тарҳ мегӯянд, ки ислоҳот марҳала ба марҳала ҷараён мегирад ва қарор аст, ки то соли 2020 полисе сохта шавад, ки вазифаи асосияш таъмини тартибу низоми ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG