Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амалиёт"-и пулис дар мактаб. Аз тафтиши либос то санҷиши омӯзгор. ВИДЕО


Аз ин ба баъд рӯзҳои панҷшанбе дар мактабҳои пойтахт рӯзи маъмулии дарсӣ нест. Дар ин рӯз дар баробари омӯзгорон кормандони пулис дар дарсҳо иштирок ва раванди таълимро назорат мекунанд. Онҳо, инчунин, мушаххас хоҳанд кард, ки давоми як ҳафта кӣ ва бо кадом сабаб дар дарс иштирок накард ва кӣ бо кӣ муноқиша дошт. Ба ин суолҳо акнун ҳар ҳафта омӯзгорон ба милисаҳо ҳисобот медиҳанд.

  • Бо дастури мақомоти пойтахт, ҳар рӯзи панҷшанбе дар идораҳои пулис рӯзи мактаб эълон шудааст ва беш аз 500 корманди милиса ба 140 мактабу муассисаи таълимӣ дар Душанбе мераванд.
Вақте мо мактаб мехондем, муаллимон шабона омада, тафтиш мекарданд, ки дарс мекунем ё не. Аз падару модар мепурсиданд. Ҳозир чунин нест. Баръакс, муаллим аз талаба носу сигор мепурсад.

Озода Юлдошева, муовини мудири мактаби рақами 24-и Душанбе, дар ин таҳаввулот аломати мусбатро мебинад. Ӯ рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “меоянд ва сару либосро мебинанд, ҳузури хонандагонро тафтиш мекунанд. Инро ҳамарӯза ба хонандаҳо таъкид мекунем. Вале милисаҳоро бо чашми худ бинанд, нигоҳашон дигар мешавад.”

Беш аз 10 000 ҳуқуқвайронкунӣ дар як сол

Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии Душанбе
Генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии Душанбе

Ҳадаф аз тафтишу ҳузури кормандони пулис дар мактабҳоро мақомот “ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон” мегӯянд. Зимни як мулоқот бо омӯзгорону раҳбарони мактабҳо, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғон, ки аксарияташ мактабхон будаанд, нигаронӣ кардааст. Тақрибан дар як соли охир беш аз 10 ҳазор ноболиғ ба ҳуқуқвайронкунӣ даст задааст. Сардори идораи пулиси шаҳр як сабаби ин ҳолатро аз назорати омӯзгорон дур мондани хонандаҳо гуфтааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

"Панҷшанбегӣ"-и милисаҳо дар мактабҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Озода Юлдошева
Озода Юлдошева

Як гуруҳи омӯзгорон ба тасмими ҷалб шудани милисаҳо ба мактаб нигоҳи нек доранд. Онҳо мегӯянд, ин иқдом то ҷое барои пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи хонандаҳои синфҳои болоӣ кумак хоҳад кард. Озода Юлдошева гуфт, “мехоҳем бисёртар навори ҷинояткории ноболиғон ва оқибати онро биёранд, намоиш диҳанд. Бигзор ҷавонҳо бинанд ва фикр кунанд.”

Норозиён чӣ мегӯянд?

Аммо аксари омӯзгорон аз он нигаронӣ мекунанд, ки бо ин баҳона дахолати милиса ба кори мактабу омӯзгор боз ҳам бештар мешавад. Ба гуфтаи ин гурӯҳи омӯзгорон, бе ин ҳам солҳои охир барои ҳар кори хонанда новобаста ба онки берун аз соатҳои дарсӣ шудааст ё на, омӯзгор ҷавоб мегӯяд ва бозпурсӣ мешавад. Масъули як мактаби пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои охир бори аслии тарбия ва таълими кӯдак пурра ба дӯши омӯзгор гузошта шудааст.

Милисаҳо дафтари синфро тафтиш мекунанд?

Милисаҳо ҳам, ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, ба мактаб омада, ба ҷойи иҷрои масъулияти худ, яъне назорати тартибот, аз масъулон талабҳое мекунанд, ки берун аз салоҳияти онҳост. “Масалан, солҳои пеш танҳо кормандони раёсати маориф ё вазорат ҳақ доштанд, моро тафтиш ва дарсу барномаи таълимиро санҷиш кунанд. Баъзан милисаҳо омада, аз мо барномаи таълимӣ мепурсанд ва дар ин бора суолҳо медиҳанд, ки ба онҳо ин ҳеҷ рабт надорад. Ё дафтари синфро тафтиш мекунанд ваё иштироки омӯзгоронро дар дарсҳо. Онҳо бояд барои мулоқоту фаҳмондадиҳӣ бо хонандаҳо биёянд, на барои тафтишу пурсиши омӯзгор”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин ҳама, ба гуфтаи омӯзгор, ба кори муаллимон, ки бе ин ҳам назорату таълими даҳҳо хонандаро ба дӯш доранд, бетаъсир намемонад.

"Масъулият бояд баробар тақсим шавад"

Фирӯза Қодирова, омӯзгори як мактаби миёна, мегӯяд, ба ҳар коре, ки хонанда дар вақти таътил ё берун аз мактаб анҷом медиҳад, набояд омӯзгор ҷавоб бигӯяд. Зеро омӯзгорон барои назорати 24-соатии талабаҳо имкон надоранд.

“Коре, ки дар мактаб шуд, ба муаллим вобастааст. Аммо барои амалҳои берун аз мактаб бояд ҷавобагрӣ бар дӯши падару модар бошад. Фарзанди онҳост. Хонанда ҳамагӣ 6 соат дар мактаб аст. Боқимондаи рӯз назди падару модар аст. Масъулият бояд баробар тақсим шавад”, - гуфт ӯ.

Ба қавли омӯзгор, волидон ба кору зиндагии худ машғул буда, масъулияти таълиму тарбияи фарзандонро пурра ба дӯши омӯзгорон партофтаанд, ки ин дуруст нест: “Ё падару модар дар Русия ҳастанд ё ҳама бори хона бар сари занон аст ва онҳо дар тарбияи кӯдак азият мекашанд. Вақте як бор кӯдакро овард ба мактаб партофту рафт, дигар шароити хондану рафтори ӯро пайгирӣ накард, албатта, рушди кӯдак суст мешавад. Бояд ҳамкории байни мактабу волидон зич бошад.”

"Муаллим аз хонанда пул мепурсанду нос"

Аз сӯи дигар, дар ҳоле ки омӯзгорон аз бетаваҷҷуҳии волидон ва пурра ба мактаб вогузоштани тарбия фарзанд шикоят мекунанд, падару модарон аз каммасъулиятии омӯзгорон нигаронӣ мекунанд. “Мо вақте мактаб мехондем, муаллимон шабона омада, моро тафтиш мекарданд, ки дарс мекунем ё не. Аз падару модар мепурсиданд. Ҳозир чунин нест. Муаллим аз талаба носу сигор мепурсад. Ҳанӯз дар боғча аз кӯдак пулпурсӣ сар мешавад”, – гуфт Валимад Ғайратов, падари яке аз хонадаҳои мактаби пойтахт.

Дар зимн, мудирони мактабҳо ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати огоҳ накардани мақомот аз ягон ҳуқуқвайронкунии хонандаи худ муҷозот мешаванд. Дар маҷмӯъ бино ба иттилои расмӣ, дар 3 соли охир шаш ҳазор омӯзгор барои иҷро накардани масъулияти худ ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон ба додгоҳ кашида шудаанд. Дар пайи чанд муноқишаҳо байни ноболиғон раҳбарони мактабҳо ҳам аз вазифа озод шудаанд.

XS
SM
MD
LG