Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро ман зани дуюм шудам"


Бисёре аз занон баъд аз ошкор шудани издивоҷашон ба марде, ки ҳамсар дорад, ба ҷанҷолу дарди сари зиёд гирифтор мешаванд.
Бисёре аз занон баъд аз ошкор шудани издивоҷашон ба марде, ки ҳамсар дорад, ба ҷанҷолу дарди сари зиёд гирифтор мешаванд.

Лайло, як ҷавонзани тоҷик пас 7 соли вафоти ҳамсараш бо марди дигаре издивоҷ кардааст, ки зану фарзанд дорад.

Кумитаи кор бо занон ва оила дар Тоҷикистон мегӯяд, дар аксар маврид занон бехабар аз он, ки шавҳарашон ҳамсари дигар дигар дорад, зани дуввум мешаванд. Аммо теъдоде аз занон, ки ҳамсари дуввуманд, мегӯянд, огоҳона, бо назардошти вазъи зиндагӣ ва ё аз ноилоҷӣ ҳамсари дуввум шудаанд.

Лайло, як ҷавонзани тоҷик пас 7 соли вафоти ҳамсараш бо марди дигаре издивоҷ кардааст, ки зану фарзанд дорад. Худи Лайло аз ҳамсари қаблиаш ду фарзанди хурдсол дорад ва мегӯяд, ба хотири эҳсоси бепадарӣ накардани фарзандонаш, барои издивоҷ розӣ шудааст.

Ӯ мегӯяд: «Пас аз чанд соли танҳоӣ мардеро пайдо кардам, ки хостаҳоямро бароварда мекунад, ба фарзандони ман бо чашми нек менигарад. Вақте зани дуввум шудам, ҷои зистамро иваз кардам ва ҳамсояҳо ҳам фикр мекунанд, ки ӯ падари аслии фарзандони ман аст. Айни замон миёни ман ва зани якуми ӯ ҳам зиддияте вуҷуд надорад, баъзан бо ҳам маслиҳат ҳам мекунем.»

Омори дақиқе дар мавриди ҳамсарони дуввум дар Тоҷикистон мавҷуд нест, зеро дар кишвар бисёрзанӣ мамнӯъ аст ва ҳеҷ марде ҳам ошкор намегӯяд, ки ду зан дорад. Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон чанде пеш дар нишасти хабарие худ гуфт, ҳарчанд, дар Тоҷикистон аз дузанагӣ зиёд сӯҳбат шавад ҳам, аммо ошкор кардани бисёрзанӣ кори осон нест. Хонум Хидирова гуфт:

“Муайян кардани дузанагӣ бисёр мушкил аст. Дар аксар ҳолат худи занҳо ҳам намедонанд, ки зани дуюм ҳастанд. Онҳо вақте муроҷиат мекунанд, ки аллакай аз шавҳар ҷудо шудаанд, ва барои муайян кардани падарӣ, алимент ва дигару дигар масъалаҳо назди мо меоянд. Ана ҳамон вақт баъд мо мефаҳмем, ки ин ҳолатҳо ҳастанд.”

Табиист, ки дар Тоҷикистон дузанаҳо ва ҳамсарони дуввум намехоҳанд, ки робитаҳояшон ошкор шавад. Аз як сӯ, бар асоси моддаи 170-и Кодекси ҷиноятӣ мардон барои дузанагӣ, ҷарима ва ё зиндонӣ мешаванд, аз тарафи дигар бинобар огоҳ нашудани ҳамсари аввал ва рух надодани ҷангу ҷанҷоли оилавӣ мардҳо ҳамсари дуввум доштани худро пинҳон медоранд.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази бӯҳронии Кумитаи занон мегӯяд, аз ҳудуди 2 ҳазор зане, ки ба ин марказ барои кӯмак муроҷиат кардаанд, 50 дар сад занҳои дуввуманд ва ё мушкиле доштаанд, ки ба дузанагӣ рабт доштааст: «Аксараш духтароне ҳастанд, ки бадбахт шудаанд, ё занҳое ҳастанд, ки аз оилаҳои худ ҷудо шудаанд, хонаводаҳои камбизоат ҳам ҳастанд, ки барои ба никоҳи дуввуми марде даровардани духтари сину солрафтаи худ розӣ мешаванд. Ин гурӯҳи занон бо камтарин шароит омодаанд зани дуввум шаванд ва фикр намекунанд, ки бо ин амали худ метавонанд оилаи дигареро вайрон кунад. Аммо вақте зиндагиашон дер давом намекунанд ва барои кӯмак ба мо муроҷиат мекунанд мо кӯшиш мекунем, ки барои ҷудо кардани алимент ҳатто бе қайди никоҳи давлатӣ, бо никоҳи мусалмонӣ барои муайян кардани ҳаққи фарзандӣ мусоидат кунем, то кӯдакон дар кӯча намонанд ва як маблағи ночизе ҳам бошад кӯмак бигиранд.»

Ҳарчанд, ин занҳо пас аз ҷудо шудан аз болои ҳамсари худ барои дузанагӣ шикоят ҳам кунанд, аммо ба қавли Зарина Кенҷаева шавҳарони собиқи онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд, зеро тибқи қонунгузории Тоҷикистон дар ҳоле мард муҷрим шинохта мешавад, ки собит шавад, ӯ бо ду зан ҳамзамон зиндагии муштарак дорад.

Мардони дузана ва занҳое, ки ҳамсари дуввум мешаванд, чандон зиндагии роҳат надоранд. Бархе аз коршиносон мегӯянд, бештар занҳое ҳамсари дуввум мешаванд, ки дигар роҳе барои зиндагӣ надоранд. Аммо пажӯҳиши созмони ҷамъиятии «Рушд» дар вилояти Хатлон дақиқ кардаст, ки аксаран онҳое ҳамсари дуввум мешаванд, баръакс маълумоти олӣ доранд.

Юсуф Маҳмадов, раҳбари созмони ҷамъиятии «Рушд» дар Хатлон гуфт: «Миёни 250 зан ва мард пурсиш анҷом додем ва муайян шуд, ки чӣ қадаре, ки дараҷаи маъумотнокӣ боло меравад, шумораи занони дуввум ҳам баробари он афзоиш ёфтааст. Мумкин аз он сабаб аст, ки мардон чандон занони соҳибмаълумотро хуш надоранд ва каме ҳарос ҳам доранд, ки агар зан соҳибмаълумот бошад, фармонбардор намешавад. Мо, ки дар деҳот зиндагӣ мекунем мушоҳидам мекунем ин чизро. Онҳо одат накардаанд ба образи зани маълумотнок ҳамчун завҷа.»

Дар Тоҷикистон аксаран мардон бо иддаои фармудаи шариати ислом бо зани дуввум издивоҷ мекунанд, аммо Маърифат Шокирова, як коршиноси тоҷик мегӯяд, аксари онҳо фармудаҳои ислом дар бораи ҳаққи занро иҷро намекунад:

“Дар ислом гуфта мешавад, ки агар шумо бовар доред, ки аз рӯйи адолат рафтор мекунед, ба ятимон пас аз занҳо ду-ду ва ё се се бигиред, аммо агар бими он доред, ки адолатро риоя намекунед пас як зан бигиред. Мутаасифона ин адолат аз сӯйи мардони мо риоя намешавад. Баъдан мард бояд розигии зани дигарашро бигирад.”

Натиҷаҳои як пажӯҳиш дар ду соли қабл нишон дод, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ занони тоҷикро маҷбур кардааст, ки бисёрзаниро қабул кунанд. Ин пажӯҳиш дар 4 минтақаи кишвар ва ноҳияҳои тобеи марказ анҷом шудааст ва аз 800 зани пурсидашуда, ҳудуди 50 дар сади онҳо тарафдори чандҳамсарӣ буда ва иброз доштаанд, ки зидди мамнӯъ шудани дузанагиянд. Ҳудуди 30 дар сади дигар гуфтаанд, ки бисёрзаниро аслан қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG