Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави Тоҷикистон барои пешгирӣ аз 450 ҳазор таваллуди нохоста


Акс аз бойгонист

Аз бими афзоиши босуръати аҳолӣ, давлати Тоҷикистон барномаи наверо тасдиқ кард, ки ҳадаф аз он монеъ шудан ба ҳамли нохоста дар миёни садҳо ҳазор зан дар кишвар аст.

Барномаи сесолаи давлатии солимии репродуктивӣ, ба гуфтаи мақомот, барои беҳтар кардани рафтори ҷинсӣ ва солимии занону модарон ва кӯдакон дар Тоҷикистон равона шудааст. Аммо айни замон дар ин барнома гуфта мешавад: “Дар Тоҷикистон шумораи аҳолӣ сол то сол афзоиш ёфта, масъалаи танзими оила ва солимии репродуктивии аҳолӣ ба миён омадааст.”

Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022-ро ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 22-уми июн тасдиқ кард ва як нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид. Дар ин барнома аз ҷумла гуфта мешавад, чораҳое, ки мақомот то кунун барои роҳ надодан ба таваллудҳои нохоста андешидаанд, аз ҷумла бо тақсими ройгони рифола имкон додааст, ки солона дар Тоҷикистон аз 100 ҳазор таваллуд ҷилавгирӣ шавад.

Мутахассисони вазорати тандурустӣ гуфтаанд, ки агар барномаи нав дуруст амалӣ шавад, имкон медиҳад, дар Тоҷикистон дар муддати 3 соли оянда аз 450 ҳазор ва аз ин ҳам бештар таваллуди нохоста пешгирӣ шавад. Таҳқиқоти тиббӣ аз ҷумла бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ нишон додааст, ки дар Тоҷикистон дигар занон мисли солҳои пешин аз истифодаи васоили ҷилавгирӣ аз ҳомиладорӣ ҳазар намекунанд. Аз ҷумла бар асоси таҳқиқи демографӣ ва тиббии соли 2015-ум 37 дар сади занон дар кишвар аз василаҳои муосири пешгирӣ аз ҳамли номатлуб истифода мебаранд. Бештар аз 50 дар сади онҳо ҳалқаҳои дохилираҳмӣ ба кор мебурдаанд, 16, 5 фоиз дору мехӯрдаанд ва бақия аз роҳҳои дигар.

Дар барнома ҳамчунин омадааст, ки занони қобили таваллуд, ки аз 15 то 49-сола ҳастанд, 26 дар сади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва сиҳатии онҳо барои ҷомеа фавқуллода муҳим аст. "Ҳамасола дар марказҳои солимии репродуктивӣ зиёда аз 3 миллион ҳузур сабт мешавад, ки аз ин шумора 35 дар сади онро хизматрасонии контрасептивӣ ва танзими оила ташкил медиҳад."

Ҳадафҳои аслии барнома ба гуфтаи муаллифонаш ҳифзи саломатии репродуктивии аҳолӣ ва паст кардани фавти модарон аст ва ҳамингуна беҳтар кардани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ. Дар барнома пешбинӣ шудааст, ки агар истифодаи василаҳои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб зиёд шавад, мумкин аст, аз марги 5 то 7 модар ҷилавгирӣ кунанд. Барнома аз ҳисоби буҷаи давлат ва ҳамчунин кӯмакҳои кишварҳои дигар амалӣ мешудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта гуфтаанд, ки қабули барномаҳои солимии репродуктивӣ на барои тарғиби ҷавонон ба таваллуди кам, балки ҳифзи сиҳатии онҳо, роҳ надодан ба таваллуди пайдарпай ва кам кардани маргу мири модару кӯдак дар Тоҷикистон аст. Аз ҷумла Шералӣ Раҳматуллоев, намояндаи вазорати тандурустӣ дар гузашта гуфтааст, ки “мақсади мо кам кардани кӯдакон нест, мақсади мо дароз кардани фосилаи таваллуд аст.”

Тоҷикистон то соли 2008 дар миёни кишварҳое қарор дошт, ки баландтарин мизони маргу мири модару кӯдак дар онҳо дида мешуд. То он сол аз миёни 100 ҳазор кӯдак 46 нафари онҳо мефавтиданд. Ҳоло ба гуфтаи мақомот, аз миёни ҳамин теъдод фақат 24 нафар то ба яксолагӣ нарасида мефавтанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷавон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва солона аҳолии он то 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Ба ҳисоби миёна ҳар як зан дар Тоҷикистон 4 фарзанд ба дунё меорад, вале дар хонаводаҳои мазҳабии Тоҷикистон фарзандро новобаста аз шумора “атои Худо” ва исқоти ҳамлу пешгирӣ аз онро мухолифи фармудаҳои шариати Ислом медонанд.

Шарҳҳоро бинед (41)

XS
SM
MD
LG