Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи президент ба 24 варзишгар


Бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷагирии мавсими имсолаи варзишӣ барои мукофотонидани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо 653 ҳазору 750 сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Ба рӯйхати варзишгароне, ки бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон сарфароз мешаванд, ҳамагӣ 24 нафар, аз он ҷумла 16 нафар оид ба 6 намуди олимпӣ (дзюдо – 11 нафар, варзиши сабук, гуштии юнониву румӣ, бокс, каратэ-до ва қаиқронӣ – якнафарӣ) ва 8 нафар оид ба ду намуди ғайриолимпӣ (самбо – 5 нафар ва ҷиу-ҷитсу – 3 нафар) дохиланд.

Дар рӯйхати варзишгароне, ки имсол Ҷоизаи президенти Тоҷикистонро мегиранд, ягон нафар аз занону духтарон зикр нашудааст. Зеро бонувони тоҷик дар мавсими имсола дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё медал нагирифтанд.

Маблағи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон мувофиқи ҷойҳои ишғолнамудаи варзишгарон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё аз 6 ҳазору 250 сомонӣ то 75 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи аз ҳама бузург – 75 ҳазор сомонӣ - ба қаҳрамонҳои Осиё Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) ва Комроншоҳи Устопириён (дзюдо) супурда мешавад. Аз ин маблағ ба мураббиёни онҳо 15 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ Шаҳриёр Даминов ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ - мураббӣ) мукофотонида хоҳад шуд. Барандагони медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё Бахтовар Ҳасанов (гуштии юнониву румӣ) ва Ҷаҳон Қурбонов (бокс) 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ - мураббӣ) мегиранд.

Ба се варзишгари ҷавон – Темур Раҳимов, Ҷамолиддин Абдуллоев ва Сомон Маҳмадбеков – барои медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон оид ба дзюдо 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ - мураббӣ) супорида мешавад. Темур Раҳимов, инчунин барои медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ - мураббӣ) мегирад.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик.

​Барандагони медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон Разиавлоҳ Лоиқов, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Раҳматуллобек Фарҳодов бо 18 ҳазору 750 сомонӣ (3 ҳазору 750 сомонӣ - мураббӣ) қадрдонӣ мешаванд.

Ҳоҷиқурбон Маҳмадов барои медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до соҳиби 12 ҳазору 500 сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ - мураббӣ) мегардад.

Муҳаммадраҳим Сарахонов, Ҳоҷимашраб Раҳмонов ва Эраҷ Абдуллоев, барандагони медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо миёни ҷавонон, инчунин Раҳмонҷон Маҳмадбеков, ҷоизадори биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон бо 6 ҳазору 250 сомонӣ (1 ҳазору 250 сомонӣ - мураббӣ) сарфароз мешаванд.

Дар байни варзишгароне, ки дар намудҳои ғайриолимпӣ муваффақ гаштаанд, маблағи бузург - 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ - мураббӣ) – ба қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазода эҳдо мегардад.

Барандагони медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо Набимуҳаммад Хоркашев ва Акмалиддин Каримов бо 40 ҳазор сомонӣ (8 ҳазор сомонӣ - мураббӣ) сарфароз мешаванд.

Барандагони медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон Зафар Олимшоев (самбо) ва Сорбон Латифов (самбои размӣ) ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ (6 ҳазор сомонӣ - мураббӣ) мукофотонида хоҳанд шуд.

Набимуҳаммад Хоркашов, паҳлавони маъруфи тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали нуқра ба даст овард.
Набимуҳаммад Хоркашов, паҳлавони маъруфи тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон медали нуқра ба даст овард.

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни ҷавонон Ибодулло Ибодов 12 ҳазору 500 сомонӣ (2 ҳазору 500 сомонӣ - мураббӣ) мегирад. Барандагони медалҳои нуқраи ин мусобиқот Саидшо Ҳукматов ва Шамсиддин Абдураҳимов бо 10 ҳазор сомонӣ (2 ҳазор сомонӣ - мураббӣ) сарфароз мешаванд.

Вале дар рӯйхати варзишгароне, ки имсол Ҷоизаи президенти Тоҷикистонро мегиранд, ягон нафар аз занону духтарон зикр нашудааст. Зеро бонувони тоҷик дар мавсими имсола дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё медал нагирифтанд. Инчунин имсол ягон варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар намудҳои олимпӣ медал ба даст наовард.

Бояд тазаккур дод, Фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” 9-уми январи соли 2015 бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаҳо ба тасвиб расида буд.

Мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти кишвар амалӣ карда мешавад.

Ҳеҷ яке аз варзишгардухтарони тоҷик имсол бо ҷоизаи президент мукофотонида нашуданд.
Ҳеҷ яке аз варзишгардухтарони тоҷик имсол бо ҷоизаи президент мукофотонида нашуданд.

Бояд гуфт, ки дар муддати се сол (2015, 2016 ва 2017) барои мукофотонидани варзишгарону мураббиёни онҳо бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба варзишгарон барои медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳону Осиё ва Бозиҳои осиёӣ муқаррар шудааст.

Бо маблағи аз ҳама бузург (300 ҳазор сомонӣ) қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров мукофотонида шудааст.

XS
SM
MD
LG