Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ҷузъиёти дуздӣ аз "Истиқлол"-ро ошкор кард


Эмомалӣ Раҳмон мақомоти тафтишотиро танқид кард, ки худашон ба фасод олуда ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҷузъиёти парвандаи ҷиноиеро ишфо кард, ки мақомоти интизомӣ саъй доштанд, ошкор нашавад.

Ӯ рӯзи 10-уми май ҳангоми суханронӣ дар ҳузури кормандони ниҳодҳои иқтисодиву молӣ аз парвандаи шифохонаи “Истиқлол” мисол овард ва гуфт, бо пуле, ки ҳангоми сохтмони марказ дуздидаанд, “10 мактаби ҳозиразамон сохтан мумкин буд.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хашму асабоният дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, баъди тафтиши харҷи сохтмони “Истиқлол” яке аз бузургтарин марказҳои ташхису табобат, Оҷонсии мубориза бо фасод маълум кардааст, ки даҳҳо миллион сомонӣ ба ҷайби афроди алоҳида рафтааст.

Ӯ афзуд: Ман як ду бор рафтам, дидам, баръало маълум буд, ки изофанависӣ аст. Сохтмон бесифат аст, имрӯз аллакай муайян шуда истодааст. Масолеҳи сохтмонии пастсифат истифода шуда истодааст. Ҳатто паркети коғазӣ аз Чин оварда истифода кардаанд. Паркет овардаанд, маблағи калонро нишон доданд... Коррупсия санҷид, дар як объект 151 миллион сомонӣ, дуздии рӯирости маблағи буҷет. “

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон кормандони Палатаи ҳисобро сахт танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ, баъди тафтиши харҷи сохтмонт “Истиқлол” аз онҳое, ки ба дуздиву қонуншиканӣ роҳ додаанд, ришва гирифтаанд ва гузориш додаанд, ки изофанависӣ ва ё аз худ кардани пули буҷа дар иншоот ошкор нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат бо кормандони Палатаи ҳисоб гуфт: “Палатаи ҳисоб шумо санҷиш кардед, дар онҷо. Ба номи ман арзу шикоят омад, ки намояндагони Палатаи ҳисоб ҳиссаашонро гирифта, рафтанд, 250 ҳазор доллар. Акт навиштанд, нишон доданд, ки ҳамааш дуруст. “

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ҳар касе, ки чунин тафтиш кардааст, бояд барои пинҳон доштани ҷиноят ҷавоб гӯяд. Эмомалӣ Раҳмон айни замон кормандони палатаи ҳисобро ба талоши ришвадиҳӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки “Дар ҳаминҷо ҳам кӯшиш карданд, ки ба кормандони коррупсия (ришва диҳанд) бо маблағи калон, 400 ҳазор ё 500 ҳазор доллар доданда дастгир карданд.”​

Манзури Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран қазияи Фирӯз Холмуродов, муфаттиши Оҷонси мубориза бо коррупсия буд, ки ӯ ва чанд нафари дигарро моҳи апрели соли 2017 бо иттиҳоми пешниҳоди ришва дастгир карданд.

Фирӯз Холмуродов ба он муттаҳам мешуд, ки вобаста ба парвандаи "Истиқлол" ба як корманди дигари Оҷонси мубориза бо коррупсия 470 ҳазор доллар ришва пешниҳод кардааст. Ӯ моҳи сентябр барои ин ҷиноят ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар телевизионҳои давлатӣ нашр шуд, бисёр таҳрир хӯрда буд ва баъд аз ин суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон доир ба мавзӯъҳои дигар буд. Аммо ӯ баъдан ба қазияи сӯистифода аз маблағҳои давлатӣ дар тарҳи “Истиқлол” баргашт ва гуфт: “151 миллион. Аз ин ҳисоб 10 мактаби ҳозирамон сохтан мумкин аст. Понздаҳмиллионӣ даҳто мактаб (месохтем). Дар 10 шаҳру ноҳия як мактабӣ 15 миллионӣ сохтан мумкин буд. “

Қазияи сӯистифода аз маблағҳои давлатӣ ҳангоми сохтмони шифохонаи “Истиқлол” дар Душанбе дар ду соли пеш яке аз қазияҳои пурсарусадо буд. Бо вуҷуди берун омадани хабар аз манобеи гуногун мақомоти тафтишотӣ аз ифшои ҷузъиёти парванда худдорӣ мекарданд.

Дар ниҳоят маълум шуд, ки моҳи апрели соли 2017 Саидшариф Анваров, сардори пешини Раёсати сохтмон дар ҳукумати Душанбе барои сӯистифода аз пули сохтмон ба 18 соли зиндон ва пардохти 9 миллион сомонӣ ҷуброн маҳкум шудааст. Ҳафт нафари дигар, ки дар иҷрои тарҳ ширкат доштаанд ба зиндон маҳкум шуданд ва ё ба онҳо амр доданд, ки ҷарима бипардозанд.

Шифохонаи “Истиқлол” моҳи марти соли 2016 ба кор оғоз кард ва бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи ташхису муолиҷа муҷаҳҳаз аст. Мақомот мегӯянд, дар ин шифохона ҳамзамон 800 нафар метавонанд муолиҷа бигиранд. Барои сохтмони он 800 миллион сомонӣ харҷ кардаанд.

Суханронии раиси ҷумҳур дар ҳузури кормандони ниҳодҳои моливу тафтишотӣ дар рӯзи 10-уми май баҳси зиёдеро дар бораи фасоду ришвахорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехтааст.

Теъдоде гуфтаанд, ки мақомот ин ҳамаро медонанд ва ба он чашм мепӯшанд ва ё онҳое, ки қонуншиканиву ҷиноят кардаанд, аз наздикони афроди баландпоя ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG