Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барои тақвияти марз бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд


Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Ҷозеф Л.Вотел.
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати амрикоӣ бо раҳбарии Ҷозеф Л.Вотел.

Бинобар афзоиши таҳдид ва хатарҳо дар марз бо Афғонистон, Амрико дар тақвият ва таҷҳизи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, мусоидат мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва генерал Ҷозеф Л.Вотел, фармондеҳи Фармондеҳии марказии Амрико гуфтаанд, ки Душанбе ва Вошингтон барои тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон бинобар афзоиши хатарҳо аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистии байналмилалӣ ва фаъолшавии гурӯҳҳои созмонёфта, ҳамкорӣ менамоянд.

Амрико давоми 25 соли ахир ба Тоҷикистон аз 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст, ки 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо генерали амрикоӣ, ки рӯзи 25 апрел дар Қасри Миллат дар Душанбе баргузор шуд, дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Амрико дар бахшҳои гуногуни низомӣ, ки ҳадафи он, таъмини амният ва субот дар минтақа гуфта мешавад, низ баррасӣ шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 км марзи муштарак дорад ва таҳдиди амниятӣ, хатари убури гурӯҳҳои силоҳбадаст аз хоки ин кишвар ба Тоҷикистон, ки дар солҳои охир байнашон аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам дида мешаванд, як чолиши аслии Душанбе мебошад. Мақомоти мегӯянд, ки барои муқобила ба ҳар гуна таҳдидҳо аз он сӯи марз омода ҳастанд ва дар ин росто барои намоиш қудрат чанд бор размоишҳои муштараки низомӣ баргузор карданд.

Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи терроризми фаромиллӣ аз 27 март то 7 апрели соли ҷорӣ размоиши муштараки низомиёни тоҷик ва амрикоӣ баргузор шуд, ки дар он аз ҷониби Тоҷикистон 100 тан ва аз тарафи Амрико 150 низомӣ, ширкат карданд. Ҳадаф аз баргузории чунин размоиш тақвияти амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон шудааст. Чунин размоиши низомӣ бо ширкати ҳарбиёни Тоҷикистон ва Русия низ баргузор шуд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Амрико 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии худро ҷашн гирифтанд ва давоми ин муддат Амрико ба Тоҷикистон аз 1,8 млрд доллар кӯмак кардааст, ки 262 миллион доллари он барои дастгирии бахши амният ҷудо шудааст.

Кӯмакҳои низомии Амрико ба низомиёни тоҷик.
Кӯмакҳои низомии Амрико ба низомиёни тоҷик.

Давлати Амрико дар бунёду бозсозии дидбонгоҳҳои марзӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон саҳм гирифта ва ба нерӯҳои низомӣ таҷҳизоти фаннӣ, техника ва воситаҳои нақлиёт додааст. Ба гуфтаи масъулони Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар чанд соли ахир Амрико барои сохтмону таъмири дидбонгоҳҳо ва омӯзиши афсарони марзбон миллионҳо доллар харҷ кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Душанбеву Вашингтон дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои амниятию низомӣ аз чанд сол ба ин тараф барномаҳои “Мубориза бо терроризм”, “Маблағгузории низомии хориҷӣ”, “Таҳсилот ва бозомӯзии байналмилалии низомӣ”, “Ҳамкорӣ барои сулҳ” ва ғайраро пиёда мекунанд.

Дар як пажӯҳише, ки созмони Security Assistance Monitor, мақараш дар Вашингтон анҷом додааст, гуфта мешавад, дар миёни даҳ кишваре, ки Амрико ба онҳо кӯмакҳои низомӣ ироа мекунад, се кишвари шӯравии пешин – Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG