Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе-Чаноқро барои ҳаракати нақлиёт боз карданд


Поккории роҳ дар рӯзи 21-уми январ
Поккории роҳ дар рӯзи 21-уми январ

Ширкати муттасадии нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ эълон кард, ҳаракати нақлиёт дар ин роҳро иҷоза доданд ва акнун мардум метавонанд, аз тариқи ин роҳ аз пойтахт ба аз инҷо ба Суғд бираванд.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати “Инновейтив Роуд Солюшн”, рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ навишт, “Чанд лаҳза пеш роҳ кушода шуд ва ҳаракати нақлиёт таъмин шуд”.

Ба гуфтаи ӯ, “Бо мақсади монеа эҷод накарда ба ҳаракати муназзами дигар воситаҳои нақлиёт, ҳаракати мошинҳои боркаши бузург муваққатан боздошта шудааст.”

Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшн” рӯзи 20-уми январ эълон кард, ки ба сабаби барфи зиёд, ҳаракати нақлиёт дар ду қитъаи роҳ муттавақиф шуд.

Ба сабаби эҳтимоли фаромадани тарма дар баъзе аз қитъаҳои роҳ ва ҷилавгирӣ аз фалокату садамаҳо ҳаракатро дар километрҳои 48 ва 73-ум боздоштанд.

Мақомоти ширкат гуфтанд, дар баъзе аз қитъаҳо барф бисёр зиёд шуд ва субҳи 20-уми январ аз 50 то 75 сантиметр мерасид. Далери Абдулло, сухангӯи ширкат аз ронандагон тақозо кард, ки қарори ширкатро дарк кунанд, зеро маҳдуд кардани ҳаракат “ба амнияти худи онҳо рабт дорад.”

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон вилояти Суғдро ба Душанбе пойтахти кишвар мепайвандад. Дар гузашта дар натиҷаи тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳалок шудаанд. Се корманди ширкати муттасаддии нигоҳубини роҳ низ ҳангоми поккорӣ зери тарма монда ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG