Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоси Русия ба Тоҷикистон барои дастгирӣ дар қазияи Скрипал.АУДИО


Сергей Лавров ва Сироҷиддин Аслов қабл аз оғози нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав
Сергей Лавров ва Сироҷиддин Аслов қабл аз оғози нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав

Сергей Лавров, вазири умури хориҷӣ гуфт, ҳимояти Тоҷикистон аз мавқеи Русия дар моҷарои атрофи сӯиқасд ба ҷони як ҷосуси собиқи рус дар Бритониёро қадрдонӣ мекунад.

Сергей Лавров дар ин бора рӯзи 9-уми апрел дар як нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав сухан гуфт.

Сергей Лавров, ки баъди имзои барномаи ҳамкории вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Русия бо Сироҷиддин Аслов ба суолҳои хабарнигорон посух медод, гуфт:

Мо аз ҳамраъйии Тоҷикистон, ки баробар бо дигар аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар робита ба ҳодисаи Солсберӣ нишон дод, қадрдонӣ мекунем. Мо рӯзи 4-уми апрел дар нишасти вижаи Шӯрои иҷроияи Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёвӣ изҳороти муштараки аъзои паймонро нашр кардем, ки дар он қотеона талаб шудааст, ҳангоми таҳқиқи шаффофу бетарафонаву беғаразонаи қазия ба муқаррароти Конвенсияи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ такя кунад.”

Ба қавли Сергей Лавров, Русия аз кишварҳои шарикаш барои ҳамоҳангсозии мавқеъ дар Созмони Милал, аз ҷумла дар масъалаи баррасии пешниҳодҳои шубҳабарангез ва зиддирусӣ изҳори сипос мекунад.

Сергей Скрипал, ҷосуси дугонаи Русияву Бритониё ва духтараш Юлия Скрипалро рӯзи 4-уми март дар ҳоли беҳушӣ дар шаҳри Солсберии Бритониё пайдо карданд. Баъдан мақомоти Бритониё гуфтанд, ки падару духтар аз маводи кимиёвии низомии навъи “Новичок”, ки Русия ихтироъ кардааст, заҳролуд шудаанд ва эҳтимолан сӯиқасд кори дасти Маскав аст.

Мақомоти Бритониё мегӯянд, вазъи падару духтар беҳтар мешавад.
Мақомоти Бритониё мегӯянд, вазъи падару духтар беҳтар мешавад.

Мақомоти Русия ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунанд. Баъди ин моҷаро Бритониё 23 дипломати русро, ки ба гуфтаи Тереза Мей, нахуствазири Бритониё баъзеашон ба ҷосусӣ машғул буданд, аз кишвараш хориҷ кард. Даҳҳо кишвари дигар, аз ҷумла Амрико ҳам беш аз 100 дипломату низомии русро аз хокашон берун карданд ва таниши байни Русия ва Ғарб боз ҳам авҷ гирифт.

Русия ҳам дар ҷавоб даҳҳо дипломати Бритониё ва дипломатҳои дигар кишварҳоро аз қаламраваш ихроҷ кард. Сергей Скрипали 66-соларо додгоҳи Русия соли 2006 бо гуноҳи хиёнат ба ватан ба зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ гуфт, ки номи ҷосусони русро ба хадамоти иктишофии Бритониё ё MI6 фош кардааст. Русия Соли 2010 Сергей Скрипалро бо 10 ҷосуси руси боздоштшуда дар Амрико иваз кард ва ба ӯ иҷоза дод, ки ба Бритониё биравад.

Изҳори сипоси Русия ба Тоҷикистон барои дастгирӣ дар қазияи Скрипал
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
Линки мустақим

Қаблан коршиносони тоҷик мегуфтанд, ки мумкин аст, давлати Тоҷикистон бо назардошти мулоҳизоти сиёсӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ғарбӣ ва кӯмакҳое, ки онҳо ба Тоҷикистон мекунанд, дар қазияи заҳролуд шудани ҷосуси собиқи рус, бетарафиро ихтиёр кунад.

Пуштибонии Русия аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон

Сергей Лавров дар идомаи сӯҳбат дар нишасти хабарии Маскав рӯзи 9 апрел гуфт, Русия дар ҷавоб ба ҳимояти Тоҷикистон ташаббусҳои ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва аз ҷумла Созмони Милалро дастгирӣ мекунад.

Вай афзуд, ки бо Сироҷиддин Аслов, масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии об ва конфронси байналмилалии “Муқобила бо терроризм ва тундгароӣ”-ро баррасӣ кардааст, ки қарор аст, моҳҳои июн ва май дар Душанбе баргузор шаванд.

Ба қавли Сергей Лавров, дар ин нишастҳо намояндагони баландпояи Русия ширкат хоҳанд кард. Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳам зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ ҳамкориҳои дуҷониба бо Русияро ситоиш кард ва гуфт, ки умедвор аст, Маскав пешниҳоди Тоҷикистон барои таъсиси Маркази минтақавии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Душанберо дастгирӣ мекунад.

Сироҷиддин Аслов бо даъвати Сергей Лавров бо ҳадафи анҷоми як сафари расмӣ рӯзҳои 8 ва 9 апрел дар Маскав қарор дод. Дар ҷараёни ин мулоқот барномаи нави ҳамкорҳои вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия, афзоиши шумори мактабҳои русӣ дар хоки Тоҷикистон ва масъалаҳои дигар баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG