Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ворисони Сино ба усули муосири ташхиси саратони хун даст ёфтанд


Олимони Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино роҳи ташхиси хромосомаи филоделфӣ - ангезандаи саратони хунро кашф карданд, ки ба беморон имкон медиҳад, ба табобати ройгон даст ёбанд.

Саратони хун. Ташхисе ки бо шунидани он дили одамон аз зиндагӣ сард мешавад. Аммо пажӯҳишгарони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар пайи тадқиқоти озмоишгоҳӣ ба натиҷае ноил шуданд, ки метавонад дили бисёре аз мубталоёни ин бемориро ба зиндагӣ гарм кунад.

Муртазо Хидиров, номзади илми тиб ва дотсенти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино якуним сол ба ин сӯ дар озмоишгоҳи ин донишгоҳ ҳамроҳ бо ҳамкоронаш дар ҷустуҷӯи “хромосомаи филоделфӣ” – яке аз ангезандаҳои саратони хун ва ё лейкоз буд.

Ду рӯз пеш, баъд аз озмоишҳои батакрор ҷаноби Хидиров ва ҳамкоонаш билохира "хромосомаи филоделфӣ” − ро дар зери заррабин мушоҳида кардаанд. Натиҷаи ташхиси онҳоро пажӯҳишгарон аз Маскав низ тасдиқ карданд.

Ҷаноби Хидиров дар як мусоҳибаи ихтисосӣ рӯзи 11−уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мушоҳидаи “хромосомаи филоделфӣ” дар хуни беморони мубталои саратон барои табобати онҳо ва дастрасии онҳо ба доруҳои бисёр қиммат муҳим аст. Ба тасдиқи мавҷудияти чунин ангезандаи саратон ҳамаи ин хеле мушкил аст.

“Як оилаи сарватманди аргентинӣ, ки фарзандашро аз бемории саратони хун аз даст додааст, бунгоҳ ё фондеро таъсис дод, ки доруи ин бемориро ба мубталоён ройгон медиҳад. Аммо ин фонд то замоне, ки вуҷуди “хоромосомаи филоделфӣ” дар хуни бемор бо ҳуҷҷат тасдиқ нашуда бошад, доруро ройгон намедиҳад,” -- гуфт Муртазо Хидиров.

Табибони тоҷик дар ташхиси саратон пешрафт намудаанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:14 0:00

Бино бар маълумоти тиббӣ, ин дору “Гливэк” ном дошта, нархи як бастаи он барои истеъмол дар давоми як моҳ ба 2 700 евро мерасад. Барои ройгон дастрас кардани ин дору санади кашфи “хромосомаи филоделфӣ” дар хуни бемор зарур аст. То ҳол мубталоён маҷбур буданд, барои дастрас кардани ин ҳуҷҷат бо сафарҳои серхарҷ дар хориҷи кишвар ташхис шаванд ва барои гирифтани санад то 3 000 доллар сарф кунанд.

Доктор Хидиров мегӯяд, акнун беморон метавонанд ин санадро дар кишвар ва бо нархи 1 500 сомонӣ дарёфт кунанд ва баъдан аз бунёди махсус доруи гаронарзиши “Гливэк”-ро ройгон дастрас намоянд.

Ин даро ҳолест, ки вақтҳои охир шумори мубталоёни саратони хун дар Тоҷикистон зиёд шудааст, махсусан дар байни ҷавонон ва хурдсолон. “Солҳои пеш дар ёдам ҳаст, ки дар як моҳ маъмулан як бемори саратони хун ба қайд гирифта мешуд. Ҳоло ҳар ҳафта то чаҳор нафар бемори саратони хунро ба қайд мегиранд. Мардум аз ночорӣ ба табобати халқӣ пардохтаанд, ки фоида надорад,” – мегӯяд донишманди тоҷик.

Сабабҳои гирифтори саратони хун шудани одамон ҳанӯз ба гунаи комил омӯхта нашудаанд. Яке аз омилҳо агар маводи радиоактивӣ шумурда шавад, солҳои охир саратоншиносон ба натиҷае расидаанд, ки бухори бензин низ метавонад, ангезандаи лейкоз ва лейкемия бошад, зеро дар таркиби он диоксин мавҷуд аст, ки камтарин миқдори он метавонад организмҳои сусттар, махусан хурдсолонро гирифтори саратон кунад. Ҳамчунин бархе аз маводи пластикии тавлиди Чин барои он ки дар таркибашон аз ҷумла бисфенол доранд, ҳамчун ангезандаи саратон манъ шудаанд. Дар худи Чин истифодаи бисфенол (Bisphenol) дар тавлиди молҳо барои кӯдакон мамнӯъст.

Райҳона Умронова, ки духтари 11-солааш мубталои бемории саратон аст, мегӯяд, барои табобати фарзандаш бо кумаки хешу дустон як бор доруи “Гливэк”-ро дастрас кардааст. Аммо пизишкҳо барои идомаи табобат ин доруро дубора тавсия додаанд. Хонум Умронова мегӯяд, бидуни кумаки дигарон оилааш имкони харидории ин доруро надорад. Ӯ гуфт, “ҳар моҳ то 3500 сомонӣ харҷ мекунем. Ҳамин гуна доруҳо ба мо сахт зарур аст, ки имкони хариданашонро надорем. Чунки дар оилаи мо ба ғайр аз шавҳарам дигар касе кор намекунад ва ҳоло шавҳарам ҳам бемор аст.”

Ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳоло дар Тоҷикистон то 300 нафар беморони саратони хун сабти ном шудаанд, ки аксари онҳо хурдсоланд. Ин аст, ки волидайн ба хотири ҷамъоварии маблағ барои табобати фарзадонашон ночор дари расонаҳоро мекӯбанд ва аз мардум дархости имдод мекунанд.

XS
SM
MD
LG