Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳрӯз ва Темур - барандагони шоҳҷоизаҳои “Ҷоми пойтахт”  


Ба иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, дар
ин мусобиқа, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, беш аз 80 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат дошт. Мусобиқа аз рӯи ду дараҷаи вазнҳо – зери 80 кило ва беш аз 80 кило - сурат гирифт.

Дар рақобатҳо дар вазни зери 80 кило Беҳрӯзи Хоҷазода, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Саидмухтор Расулов пирӯзӣ ба даст овард, бо шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрав – мукофотонида шуд. Барои ҷойи сеюм Ҳақназар Назаров бар Раҳматуллобек Фарҳодов ғолиб омад.

Дар рақобатҳо дар вазни беш аз 80 кило Темур Раҳимов пирӯз шуд. Ӯ дар финал Шакармамад Мирмамадовро мағлуб карда, бо шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав – сарфароз гашт. Ҷойи сеюм насиби Комроншоҳи Устопириён гардид. Ҳарифаш Саидҷалол Саидов аз қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм даст кашид.

Ба паҳлавононе, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои дуюму сеюмро гирифтанд, ҷоизаҳои молии шаҳрдорӣ мутаносибан ба маблағи 10000 сомонӣ ва 5000 сомонӣ супурда шуд.

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов, паҳлавонони номдори тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳои 20-23-юми апрел дар шаҳри Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Комроншоҳ, ки дар вазни зери 90 кило рақобатро аз даври дуюм оғоз кард, нахуст Давлат Бобонови узбекистониро шикаст дод. Баъдан бар гуштигири Чин Небилиг Бу ғолиб омада, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Комроншоҳ дар нимфинал бар Ислом Бозбоеви қазоқ дастболо шуда, ба финал баромад. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Косуке Машияма (Ҷопон) мағлуб гардид ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Зимнан, Комроншоҳи Устопириён ду бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё - дар Тошканди Узбекистон (соли 2016) ва Ҳонконг (соли 2017) - дар вазни зери 90 кило бо медалҳои тилло сарфароз шудааст. Зимнан, ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин ва ягона варзишгарест, ки ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Темур Раҳимов, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Фуҷайраи Иморот рақобатро дар вазни беш аз 100 кило аз даври дуюм шуруъ кард, бар Ракан Зайдон (Арабистони Саудӣ) пирӯзӣ ба даст овард. Сипас бар Дууренбаяр Улзиибаяр (Муғулистон) ғолиб омада, ба нимфинал баромад.

Темур дар даври ниманиҳоӣ бар Юрий Краковетский аз Қирғизистон ғолиб омада, ба финал роҳ ёфт. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Сунгмин Ким (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд ва барои аввалин бор бо медали нуқраи қаҳрамонии Осиё мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG