Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги табиби ояндаи тоҷик дар тарма


Фариза Носирова
Фариза Носирова

Дар пайи фавти як донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара дар ҳодисаи резиши тарма дар дараи Варзоб, масъулини ин донишгоҳ аз ҳамаи донишҷӯён хостаанд, ки то мусоид шудани боду ҳаво, аз сафар худдорӣ кунанд. Ин дар ҳолест, пас аз таътили зимистона ҳоло дар донишгоҳҳои кишвар оғоз шудааст

Ҳодисаи ба ҳалокати расидани Фариза Носирова шоми 28 ба 29-уми январ замоне рух дод, ки ӯ аз Хуҷанд ба шаҳри Данғара барои идомаи таҳсил бармегашт. Хонаводаи Фариза дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекарданд ва ӯ дар таътил ба назди волидонаш рафта буд.

Ба гуфтаи шоҳидон, Фариза ҳамроҳ бо чанд дугонааш дар як мошини тамғаи “Прадо” ба Душанбе меомаданд. Ҳамроҳони дигари ӯ тавонистанд ҳангоми фаромадани тарма бо ҷароҳатҳои гуногун ҷон ба саломат баранд, аммо Фариза натавонистааст аз ҷойи ҳодиса фирор кунад.

Дар робита ба марги Фариза, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар сомонаи худ ба наздикони вай ҳамдардӣ баён кардааст. Дар иттилоияи донишгоҳ аз Фариза ҳамчун донишҷӯи фаъол ситоиш шудааст. Фариза Носирова, 19 сол дошт ва ба иттилои масъулини донишгоҳ, дар курси аввали факултаи тиббӣ бо дониши аъло таҳсил мекард.

Шодмон Ахмедов, сухангӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи марги Фариза ба донишҷӯён аз минтақаҳои дурдаст тавсия додаанд, ки то бартараф шудани хатарҳо ба роҳ набароянд. "Пеш аз ҳама барои мо саломатии бачаҳо лозим аст",-таъкид кард Шодмон Ахмедов.

Фариза Носирова ягона қурбонии тармарезии рӯзҳои ахир дар роҳҳои Тоҷикистон нест. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, дар пай резиши тарма ва барфбориҳо то рӯзи 1 фервал, 8 нафар дар манотиқи мухталифи кишвар ба ҳалокат расиданд. Шаш нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва ду нафар дар вилояти Бадахшон қурбонии тармафароӣ шуданд.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо на танҳо аз донишҷӯён, балки аз ҳамаи сокинон хоҳиш кардаанд аз 28 то 30-юми январ ва давоми се-чор шабонарӯзи дигар аз сафар кардан ба шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ҷиргатол пурра худдорӣ кунанд. Аммо дар ҳолати дучор шудан ба тарма, бояд ба чанд қоидаи бехатарӣ риоя кунанд.

Умеда Юсуфова аз ҷумла афзуд, ки "агар мабодо дар ҳолати фаромадани тарма шаҳрвандон дар онҷо бошад, кӯшиш намояд, ки вобаста аз шароит амал кунад. Агар ягон харсанги калоне бошад, ки паноҳгоҳ бошад, дар ҳамонҷо пинҳон шавад. Агар дар нақлиёт бошад ҳангоми истифодабарии роҳҳои кӯҳӣ бояд масофаи 500 метр миёни мошинҳоро ҳатман риоя намояд."

Ҳамасола бар асари тармарезӣ дар роҳҳои Тоҷикистон чандин нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

XS
SM
MD
LG