Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ғайб задани Низомхон Ҷӯраевро тасдиқ кард


Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев

Додгоҳи олии Тоҷикистон расман ғайб задани соҳибкори маъруф Низомхон Ҷӯраевро таасдиқ кард ва гуфт, ӯро, баъди ҳозир нашуданаш ба мурофиа, таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон хабари ғайб задани соҳибкори маъруф Низомхон Ҷӯраевро тасдиқ кард. Насим Холмуродов, сухангӯи Додгоҳи олӣ рӯзи 23 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Низомхон Ҷӯраев рӯзи 18 июн ба мурофиаи парвандааш ҳозир нашуд ва "рӯзи 19 июн Додгоҳи олӣ бо судури як қарор забонхати Низомхон Ҷӯраев дар бораи тарк накардани ҷои зисташро бекор кард ва барои маълум кардани ҷои зисти ӯ қарори худро интишор кард." Холмуродов афзуд, Ҷӯраев ба додгоҳ ҳозир нашуд ва аз ин рӯ, амри ҷустуҷӯи ӯ содир шудааст.

Бино бар ҷадвали кори Додгоҳи Олии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июн мебоист, мурофиаи парвандаи Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара, баргузор мешуд, вале бо сабаби ҳозир нашудани ӯ додгоҳ муҳокимаро ба вақти дигар вогузор кардаааст. Ин дар ҳолест, ки Ҷӯраев рӯзи 16 июн аз шахсан дастрас кардани даъватнома ба суд забонхат имзо карда, аммо дар рӯзи муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон наомадааст. Кормандони котиботи Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯянд, дигарбора ӯро дар ҷои зисташ пайдо накардаанд.

Вакили дифои Ҷӯраев -- Бахтиёр Насруллоев - рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, вай омодаи сафар аз Хуҷанд ба Душанбе буд, аммо як рӯз қабл аз мурофиа, яъне 17-уми июн ба ӯ аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, ки наояд, зеро мурофиа ба рӯзи дигар гузаронида шудааст.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон низ ҳанӯз ҳафтаи гузашта хабар дод, ки ӯ санадеро дидааст, ки Ҷӯраев дар он аз қабул кардани даъватнома имзо гузоштааст. Ин манбаъ меафзояд, вақте кормандони додгоҳ барои овардани иҷбории Ҷӯраев ба маҳалли зисти ӯ рафтаанд, он ҷо тамоман афроди дигар зиндагӣ мекардаанд, ки Ҷӯраевро намешинохтаанд.

Наздикони Ҷӯраев низ мегӯянд, дар бораи куҷо будани ӯ иттилое надоранд ва охирин бор рӯзи якшанбеи 15 июн бо ӯ дар тамос шудаанд. Ба гуфтаи вакилаш Бахтиёр Насруллоев, телефоне, ки ӯ ба воситааш бо Ҷӯраев дар тамос мешуд, низ хомӯш аст.

Раиси собиқи корхонаи кимиёии Исфара ва двакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев дар ҳоле бенишон шудааст, ки аз ӯ дар муқобили муфаттишон ва додгустарони қазияи мавсум ба "парвандаи исфарагиҳо" истифода сурат гирифта, айбдоркунандаи давлатии ин парванда – Рустам Олимов - ва додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон - Нур Нуров - мутаносибан ба 10,5 ва 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Низомхон Ҷӯраев ҳамчун шоҳид ҳамаи онҳоро ба гирифтани пора муттаҳам кард.

Бо шаҳодати ӯ ҳамчунин мансабдорони дар гузашта баландпояи Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон – Эмом Ғойибов ва Очил Одилов, ки замони боздошт аввалӣ - додситони ноҳияи Фирдавсӣ ва дуввуми ёвари додситони вилояти Суғд буд, аз вазифаҳо сабукдӯш ва ҳатто муддате боздошт шуданд.

Низомхон Ҷӯраев ҳамин тавр, як шоҳиди асосӣ дар парвандаи пурсарусадои Зайд Саидов ба шумор мерафт. Маҳз бар асоси шоҳидии ӯ, ки гӯё собиқ вазири саноат аз ӯ 100 ҳазор доллар ва корхонаи "Тоҷикатлас"-ро пора гирифтааст, қарори боздошти Зайд Саидов содир шуда буд.

Ҷӯраев ҳамчунин як чеҳраи калиlӣ дар парвандаи исфарагиҳо дониста мешуд. Сухан аз парвандае меравад, ки соли 2009 Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боз намуда, як гурӯҳи 33-нафарии наздикон ва кормандони корхонаҳои марбут ба Ҷӯраевро дар ҳамдастӣ бо ӯ муттаҳам кард ва додгоҳ 31 нафари онҳоро бо ҷурми куштор, таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, азхудкунии амвол ва ҷиноятҳои дигар маҳкум намуд.

Яке аз муттаҳамони ин парванда Алӣ Бекназаров буд, ки баҳори соли 2008-ум дар боздоштгоҳи Истаравшан ҷасади овезон дар дори ӯро пайдо намуданд. Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ӯ ба даст доштан дар куштори собиқ муовини додситони кул Толиб Бобоев иқрор шуда, аммо гуфтааст, фармоишгар каси дигар буд.


Худи Низомхон Ҷӯраев, ки бо боз шудани парвандааш аз Тоҷикистон фирор карда буд, моҳи августи соли 2010 дар Маскав боздошт шуд ва моҳи апрели соли 2012, соате баъд аз расман озод шуданаш аз нав ғайб зада, сипас ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуд. Ӯ баъди бозгашташ дар як паёми телевизионӣ гуфт, бо ихтиёри худ ба Тоҷикистон баргаштааст, то бегуноҳияшро исбот кунад. Ҳамзамон эълон шуд, ки таҳқиқи парвандаи ӯ бо иттиҳоми куштор, таъсиси гурӯҳ ва иттиҳодияи ҷиноӣ, азхудкунии амволи давлатӣ ва ҷиноятҳои дигар аз сар гирифта шудааст.

Бархе расонаҳо ӯро "қартаи козир" ё «барги баранда»-и мақомот алайҳи як идда мансабдорон унвон карда, ҳадс мезаданд, ки дар ивази ин хидматҳояш Ҷӯраев бо ягон ҷазои сабук, барои мисол, бо пардохти зарарҳои расондааш озод хоҳад шуд. Ҳоло бо хабари ғайб задани ӯ эҳтимол меравад, ки дар ин тарҳ тағйире ба миён афтодааст. Аммо ба гуфтаи афроди огоҳ, ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки ӯро махсус "ғайб" занондаанд ва ҳамин тавр шояд ба зудӣ "пайдо"-яш кардаву пушти панҷара бишинонанд. Қарори маълум, ӯ якним соли мумкини боздошт дар ҷараёни тафтишотро ҳанӯз дар Маскав пурра адо карда буд ва танҳо дар сурати фирор ё "фирор" метавонистанд ӯро аз нав ва ба ин далел ки хатари фирори дигарборааш вуҷуд дорад, пушти панҷара баранд. Аз тарафи дигар, мегӯяд як ҳамсӯҳбати дигари мо, "қартаи Низомхон Ҷӯраева аз сӯи мақомот пурра истифода шуд ва "зангӣ корашро ки кард, зангӣ метавонад равад..."

Низомхон Ҷӯраев то соли 2007 соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд ва молики як силсила корхонаҳои саноатӣ дар Исфара буд. Дар интихоботи соли 2005 ба вакилии Маҷлиси вилояти Суғд низ интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2006 яке аз шахсони боэътимоди номзад Эмомалӣ Раҳмон буд.
XS
SM
MD
LG