Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қорӣ Восит - муҳофизи собиқи Тӯраҷонзодаро наёфтанд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди гузашти 6 сол аз нопадид шудани Абдулвосит Латипов, яке аз фармондеҳони собиқи ҷанги шаҳрвандӣ ӯро пайдо накардаанд ва ҷустуҷӯяш идома дорад.

Як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Абдулвосит Латипов, маъруф бо лақаби Қорӣ Воситро рӯзи 20-уми октябри соли 2012 афроди номаълум аз ноҳияи Городишенко дар вилояти Волгоград рабуданд, то ҳол нишонеро аз ӯ Латипов накардаанд”.

Парвандаи ҷиноии ӯ ҳанӯз дар Раёсати тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим дар додситонӣ боз аст ва ӯро аз феҳрасти афроди мавриди ҷустуҷӯ берун накардаанд.

Абдулвосит Латипов
Абдулвосит Латипов

Абдулвосит Латиповро, ки дар замони ҷанги дохилӣ (1992-1997) яке аз фармондеҳони Нерӯҳои мухолифи давлат ва ҳам муҳофизони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони мухолифин дар он замон буд, ба қатлу куштор, гаравгонгирӣ, бандитизм, ғоратгарӣ ва терроризм муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, Қорӣ Восит дар он замон як гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноӣ таъсис дода ва аз солҳои 1998 то соли 2001 дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҷиноятҳои мудҳиш содир кардааст.

Мақомот мегӯянд, Абдулвосит Латипов замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Эрону Афғонистон ва Покистон омӯзиши низомӣ дида, дар 25 амали террористӣ ва шаш диверсия алайҳи сарбозону афсарони пойгоҳи 201-уми Русия даст доштааст. Ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи онҳо дар қатли Нурулло Ҳувайдуллоев, додситони собиқи кулл,19 марзбони рус ва 4 корманди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ваҳдат нақш дорад.

Абдулвосит Латипов, ки баъдан ба Русия рафта то соли 2010 онҷо зиндагӣ мекард, 6-уми октябри он сол бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт карданд. Баъди 2 соли нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ ва шурӯи муқаррароти истирдоди ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2012 ӯро раҳо карданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, азбаски Қорӣ Восит дигар бар асоси қонун наметавонист дар боздоштгоҳ бимонад ба назди як дӯсташ ба шаҳри Городише рафтааст.

Ба қавли манбаъ, Додситонии Русия ба онҳо хабар додааст, ки дар ҳамон рӯз афроди номаълум ба бӯстонсарои хусусие, ки Абдулвосит Латипов, онҷо буд, ворид шудаанд ва дасту пойи ӯро баста ба самти номаълум бурдаанд.

“Додситонии Волгоград дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва таҳқиқи он то кунун идома дорад” -гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Баъди хабари рабудани Абдулвосит Латипов, матбуоти Тоҷикистон хабар дод, ки гӯё мақомоти амниятӣ ӯро рабуда ва пинҳонӣ ба Душанбе интиқол дода бошанд. Аммо вазири умури дохилӣ баъдан гуфт, ки ин гузоришҳо асос надоранд.

XS
SM
MD
LG