Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Миллӣ қонуни "Пешвои миллат"-ро тасдиқ кард


Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- пешвои миллат"-ро баррасӣ ва тасдиқ кард.

Дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси Миллии парлумони Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз, 18-уми декабр баргузор шуд, дар қатори дигар масоил, қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -- пешвои миллат" мавриди баҳс қарор гирифт ва аз сӯи вакилони тасдиқ шуд.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабр бо раъйи аксари кулли вакилон, ин қонунро қабул карда буд.

Бо тасдиқи ин қонун аз сӯи Маҷлиси Миллӣ, ҳамакнун онро бояд раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо кунад. Пас аз чопаш дар нашрияҳои расмии кишвар, ин санад ба ҳукми қонун медарояд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабр бо тасвиби ин қонун Эмомалӣ Раҳмонро расман “пешвои миллат ва асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ” эълон кард. Дар нишасти палатаи поёнии парлумон аксари кулли вакилон ба тарафдории тарҳи қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати мллӣ-пешвои миллат” раъй доданд.

Қонун "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат", ки 9 декабр аз сӯи вакилони парлумон тасвиб шуд, ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, пас аз қатъи ваколаташ аз бонуфузтарин мақоми кишвар бимонад ва дар мушаххас кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақши умда бозӣ кунад. Ваколати президентии Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 қатъ мешавад ва тибқи Сарқонуни амалкунандаи Тоҷикистон, ӯ ҳаққи пешбарии номзадиашро ба мақоми раёсати ҷуҳмур аз даст медиҳад.

Аммо банди 6-и қонуне, ки рӯзи 9 декабр дар парлумони кишвар тасвиб шуд, Эмомалӣ Раҳмонро аз салоҳиятҳои густардаи марбут ба давлатдорӣ бархӯрдор кардааст.

Президент Раҳмон баъди рафтан аз мақом ба ҳайси “Пешвои миллат” дар пойтахт ва зодгоҳаш дафтари корӣ хоҳад дошт. Бар пояи ин қонун иҷрои машваратҳои “Пешвои миллат” барои ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ҳатмӣ мешавад ва “масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷӣ” бо ӯ мувофиқа карда мешавад. Бандҳои қонуни “Пешвои миллат” ин ақидаро ба миён овардааст, ки эҳтимол баъди қатъи ваколати раёсати ҷумҳуриаш Эмомалӣ Раҳмон қудрати худро ба шакли дигар тамдид мекунад. Ин Қонун ҳамчунин “Пешвои миллат”-ро аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод мекунад.

Истифодаи ибораи “Пешвои миллат” сар аз соли гузашта аз забони сокинон зимни вохӯриҳо бо Эмомалӣ Раҳмон корбурд мешуд. Аммо парлумони Тоҷикистон ин ибораро қонунан ба мақом табдил дод, ки пас аз қатъи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор меояд. Дар ин қонун гуфта нашудааст, ки кай ваколати президент қатъ мешавад, аммо коршиносон мегӯянд, Сарқонун на бештар аз ду давраи президентиро иҷоза медиҳад. Ин ду давраи ҳафтсолаи раҳбарӣ ба Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2020 анҷом хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG