Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меравад ва роҳҳоро боз мекунад. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёв дар Арабистони Саудӣ дар рӯзи 21-уми майи соли 2017
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёв дар Арабистони Саудӣ дар рӯзи 21-уми майи соли 2017

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон гуфт, ки аз ин баъд кишвараш ва Тоҷикистон мисли ду ҳамсояи хубе зиндагӣ хоҳанд кард, зеро “ҳеҷ ҳамсояи бадро” баъди марг касе намебахшад.

Раиси ҷумҳури Узбекистон зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони вилояти Тошканд дар рӯзи 6-уми январ хабар дод, ки барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон омода мешавад ва қарор аст, зимни ин сафар “катта катта қарордод” ва ё қарордодҳои бузурге байни ду тараф ба имзо бирасанд.

“Худо хоҳад, Абдулло Орипов, нахуствазири кишвар барои омода кардани сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад” – гуфт, ӯ.

Шавкат Мирзиёев нагуфт, ки кай ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад, аммо дар гузашта мақомоти Душанбе гуфтаанд, ки ин боздид мумкин аст, аввали соли 2018 сурат бигирад.

Мо қарордодҳои зиёде ба имзо мерасонем, роҳҳои оҳанро боз мекунем ва хатҳои барқро аз нав васл мекунем. Дигар масъалаҳои зиёдеро баррасӣ мекунем.

Раиси ҷумҳури Узбекистон тақрибан як дақиқа дар бораи муносибатҳо бо Тоҷикистон сӯҳбат кард ва гуфт, ҳамкориҳо байни ду тарафро ривоҷ хоҳад дод. “Мо қарордодҳои зиёде ба имзо мерасонем, роҳҳои оҳанро боз мекунем ва хатҳои барқро аз нав васл мекунем. Дигар масъалаҳои зиёдеро баррасӣ мекунем”.

Ӯ дар бораи ҳусни ҳамсоядорӣ сӯҳбат кард ва гуфт, ки агар бо раҳбарони кишварҳои дуре дар бораи тақвияти ҳамкорӣ сӯҳбат кунад, онҳо ҳатман хоҳанд гуфт, ки “вақте шумо бо ҳамсояҳо хуб нестед, чӣ гуна бо кишварҳои дур ҳамкорӣ мекунед.”

“Мо ҳама мемирем, вале ҳеҷ кас ҳамсояи бадро намебахшад. Мо муносибат бо тамоми ҳамсояҳоро хуб мекунем” – афзуд раиси ҷумҳури Узбекистон ва эътироф кард, ки муносиботи сард бо ҳамсояҳоро дар муддати кӯтоҳ ба эътидол овардан осон нест. “Мо муносибат бо ҳамсояҳоро хуб мекунем, вале об кардани яхи 20-сола осон нест” – гуфт, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Мирзиёев гуфт, бо Тоҷикистон дӯст мешавем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00

Манзур аз яхи 20-сола, зоҳиран муносибатҳои сарди Тоҷикистону Узбекистон дар аҳди раиси ҷумҳури собиқ Ислом Каримов буд, ки соли 2016 даргузашт. Ислом Каримов, яке аз мухолифони сарсахти бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон буд ва маҳз дар аҳди ӯ, Тошканд, роҳи оҳани Амузанг-Термиз, як роҳи асосии транзитии интиқоли молу коло ба вилояти Хатлонро вайрон карданд ва ин вилоят ба мушкилоти зиёд гирифтор шуд.

Ҳамчунин дар аҳди Ислом Каримов, Узбекистон аз ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, ки барои таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ ва ҳам нигаҳдошти нерӯгоҳҳои кишвар муҳим буд, хориҷ шуд.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, мақомоти Узбекистон ишора кардаанд, ки омодаанд, роҳҳои иртиботӣ бо Тоҷикистонро дигарбора барқарор кунанд.

Дигарбора пайвастани Узбекистон ба шабакаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ ҳамчунин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар сурати эҳтиёҷ ба нерӯи барқи изофӣ, ё аз Узбекистон ва ё аз Туркманистон нерӯи барқ бигирад. Дар сурати васл будани Узбекистон ба ин шабака Тоҷикистон ҳамчунин имкони бештар барои фурӯши нерӯи барқи изофӣ дорад.

Бинобар канда будани Узбекистон аз ин шабака Тоҷикистон наметавонад, нерӯи барқи изофие, ки дар тобистон истеҳсол мешавад, ба кишварҳои дигари минтақа интиқол ёбад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, мумкин аст, ки соли оянда ду тараф дигарбора ба баррасии масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар баргарданд. Аз 1284 километр марзи муштараки Тоҷикистон бо Узбекистон, бинобар иттилои охирини Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, танҳо 93 километр тақсим ва аломатгузорӣ ношуда боқӣ мондааст.

Охири соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон ҳайати нави комиссияи давлатиеро эълон кард, ки дар музокироти марзӣ кишварро намояндагӣ мекунанд. Соли 2017 Тошканду Душанбе ба равуои шаҳрвандони якдигар барои убури хатти марз сабукиҳое, ба мисли зудтар гирифтани виза ва бидуни барқияҳои маргу сури наздикон сафар карданро доданд. Вале низоми сахти раводид ва тартиби равуо байни Тоҷикистону Узбекистон мисли пештара боқӣ монд.

Тилав Расулзода, коршиноси тоҷик гуфтааст, “Тоҷикистон ва Узбекистон дарк мекунанд, ки бояд ба якдигар наздик бошанд ва ин ба суди ҳар ду ҷониб аст. Мисли кишварҳои Аврупо, ки барвақт фаҳмидаву ба ҳам омаданд ва ҷиҳати ҳифзи манофеи худ ба якпорчаӣ талош доранд.”

XS
SM
MD
LG