Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи фурӯши оби Сарез дубора мавриди таваҷҷуҳ шуд


Кӯли Сарез аз азимтарин кӯлҳо дар Осиёи Марказӣ аст.

“Ориёнбонк” ва як ширкати чинӣ ба тиҷорати оби кули Сарези Бадахшони Тоҷикистон мепардозанд. Ду ҷониб ба созиш расиданд, ки барои истифодаи оби аз кули Сарез дар кишварҳои Осиёи Миёна, як корхона бунёд мекунанд.

Коршарики “Ориёнбонк” дар ин тарҳ ширкати чинии мустақар дар Ҳонконг- “Heaven Springs Dynasty Harvest Group” аст. Бинобар иттилои хадамоти матбуоти ин ширкат, Ҳасан Асадуллозода раиси “Ориёнбонк” ва Дейто Сри Байма Аёс - асосгузори ширкати “Heaven Springs Dynasty Harvest Group” барои рушди тарҳи кули Сарез ва истеҳсоли об аз он “шартномаи ҳамкориҳои стротегиро” ба имзо расониданд.

Ҳадаф - содироти об ба Осиёи Миёна

Санадро дар Душанбе имзо карданд.
Санадро дар Душанбе имзо карданд.

Шартнома дар идораи марказии “Ориёнбонк” дар Душанбе ба имзо расидааст. Дар “Ориёнбонк” рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ имзо шудани чунин як созишномаро тасдиқ карданд. Дар ин бонк гуфтанд, ки дар фурсатҳои наздик дар ин робита иттилоъ хоҳанд дод.

Дар ширкати “Heaven Springs Dynasty Harvest Group” гуфтанд, созишнома сохтмони як корхонаи бастабандии обро дар назар дорад. Ба қавли ширкат, об “ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои дигар содир мешавад.”

Тоҷикистон дар гузашта борҳо ба кишварҳои арабӣ ва Эрон масъалаи содироти оби кӯли Сарезро пешниҳод кардааст. Нахуст президент Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 ҳангоми сафараш ба Эрон ба президенти вақти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ёддошти тафоҳумро барои содироти оби кӯли Сарез, ба Эрон имзо карда буд.

Садди кӯли Сарез зери назари шабонарӯзии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, қарор дорад.

Бар асоси он, мебоист як роҳи мошингарде байни ду кишвар ба воситаи Афғонистон сохта мешуд ва дар канори он хатти интиқоли нерӯи барқ ва ҳам лӯлаи нафту об бунёд мегашт. Ёддоштро сарони се кишвар 26-уми марти соли 2012 созишнома имзо карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, оби Сарезро зимни сафарҳояш ба кишварҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва Имороти Муттаҳидаи Араб пешниҳод карда буд. Баъди даъвати раиси ҷумҳур ҳатто як ҳайати Арабистони Саудӣ ба дидани кӯли Сарез рафтанд. Аммо билохира ҳеҷ яке аз ин кишварҳо барои сохтмони лӯлаи об аз кӯл ҳозир нашуданд.

Эрон на, Чин...

Бори нахуст аст, ки ширкатҳои хусусии хориҷӣ ва он ҳам аз Чин ба оби кӯли Сарези Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. То кунун ширкатҳои Чин дар Тоҷикистон ҳар тарҳеро, ки рӯи даст гирифтаанд, иҷро карданд.

Нозимҷон Орифов, иқтисоддон мегӯяд, бо вуҷуди имзо шудани чанд созишномаву қарордод ҷиҳати фурӯши оби Сарез то ҳанӯз то куҷо фоидаовар будани тарҳи истифодаи оби кӯл омӯхта нашудааст.

“Пеш аз иҷрои чунин тарҳҳои бузург мисли сохтмони лӯла ва интиқоли оби Сарез ба кишварҳои ҳамсоя бояд пажӯҳише бо номи Асоснокии иқтисодиву фаннӣ сурат бигирад. Паҳлуҳои экологии тарҳ низ омӯхта шавад. Танҳо дар асоси чунин пажӯҳиш мешавад гуфт, ки тарҳ аз ҷиҳати иқтисодӣ воқеӣ аст ва ё не. Бо он нархе, ки ҳоло об дорад ва релефи баландкӯҳи Бадахшон амалӣ кардани чунин тарҳ мисли фантастика ба назар мерасад ва иҷрошуданӣ нест” – мегӯяд, ӯ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, тадриҷан қимати оби нӯшокӣ дар ҷаҳон боло меравад ва агар Тоҷикистон судовар будани содироти об аз Сарез ба дигар кишварҳоро собит карда тавонад, сармоягузорон бе даъват “ба пойи худ меоянд”.

Хатари рахнашавӣ аз байн нарафтааст

Талоши Тоҷикистон барои содироти оби кӯли Сарез танҳо паҳлуи иқтисодӣ надорад. Кишвар ҳамчунин мехоҳад, хатари рахнаи ин кӯли азимро, ки дар натиҷаи як заминларзае 117 сол пеш ба вуҷуд омадааст, аз байн бубарад.

Акси кӯли Сарез аз кайҳон
Акси кӯли Сарез аз кайҳон

Сарез дар натиҷаи заминларзаи соли 1911 ба миён омада, 17 километри мукааб об дорад. Сатҳи оби он сол ба сол боло меравад ва мумкин аст, сади он осебпазир шавад. Дар сурати рахна шудани кӯл ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, фалокати азиме ба вуҷуд биёяд, чун қаламравҳои васеъ на танҳо дар Тоҷикистон, балки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ зери об мемонанд.

Садди кӯли Сарез зери назари шабонарӯзии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, қарор дорад. Дар барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ки аввали моҳи июни соли равон тасдиқ шуд, гуфта мешавад, баъди заминларзаи сахти 7-уми декабри соли 2015 дар атрофи Сарез, ташхисҳо нишон доданд, ихроҷи об аз садди Усой ва чашмаҳои поёни он зиёдтар шудааст.

Дар ин санад омадааст, ки аз соли 2004 дар садди Усой таҷҳизоти огоҳкунадаи хатар насб шудааст аммо дар 14 сол ин таҷҳизот, ки шабонарӯз фаъол ҳастанд, фарсуда шуда ва қисман аз кор мондаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG