Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳри пахтакорӣ Махфиратро аз Шаҳритус то он сӯи уқёнус бурд. ВИДЕО


Махфират Саидраҳмонова.

Кору назорат аз даҳ гектар замини пахта ва мулоқот бо даҳҳо пахтачин -- субҳи Махфират Саидраҳмонова як зани хоҷагидори тоҷик ҳар рӯз ҳамин тавр шурӯъ мешавад.

Роҳи тӯлонӣ то ташкили хоҷагии деҳқонӣ

Ин зани 48-сола раҳбарии хоҷагии деҳқонии "Идибек" дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлонро ба дӯш дорад. Саидраҳмонова дар ҳашт гектар замин пахта кишт мекунад ва соҳиби боғ ҳам ҳаст. Ҳамасола ҳосили боғашро ба бозори маҳаллӣ ворид мекунад.

Андозбандии гарон, арзиши баланди техникаву нархи хизматрасонӣ барои об ва баланд будани фоизҳои қарзӣ аз бонкҳо боис шудааст, то занони зиёд аз ташкили хоҷагии деҳқонӣ, ки метавонад барояшон даромади хубе орад, худдорӣ кунанд.

Аксар коргарони хоҷагии деҳқонии Махфират, занҳои ҳамдеҳааш ҳастанд. Заноне, ки шавҳаронашон дар муҳоҷиратанд ва барои кӯмак ба иқтисоди хонавода худ ҳам заҳмат мекашанд. Махфират дар як дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташкили як хоҷагӣ ба танҳоӣ барояш осон набуд. Аксарият ба муваффақ шудани ин зани роҳбар бовар надоштанд. Вазъи молиаш ҳам хуб набуд ва кори худро бо қарз шурӯъ кард.

Соле пеш аз ҳосили пахтаи хоҷагияш Махфират даромади хуб ба даст овард ва тавонист дар зиндагии худу пайвандон тағироти зиёде ворид кунад. "Соли гузашта дар панҷ гектар пахта корида будем, аз ин 26 тонна пахта ҷамъоварӣ кардем. Аз фоидаи соли гузашта дар баробари хароҷоти кори хоҷагӣ, техника харидем, шартномаи донишгоҳи ду ҷиянамро дар донишгоҳ пардохт кардам, барои худам мошини сабукрав харидам",-афзуд ӯ.

Занон ҳам метавонанд дар деҳқонӣ муваффақ шаванд

Имсол ҳам кор дар заминҳои ӯ дар авҷ аст ва умед дорад ҳосили чашмрасе хоҳад гирифт. Ҳоло дар чиниши аввал аз майдони пахта дар хоҷагии ӯ даҳ тонна ҳосил ҷамъоварӣ шуд. Махфират, ки бист соли ахир раҳбарии хоҷагии деҳқонӣ аст, солона то ҳудуди 200 ҳазор сомонӣ даромади соф дорад. Тавре худаш мегӯяд, барои муваффақ шудан дар ин кор, донишгоҳ хонд ва тавассути созмонҳои байнулмилалӣ то Амрико рафт.

"Ман худам дар деҳа, бузург шудам ва духтари деҳқон будам. Чун аз кӯдакӣ дар миёни пахтакор калон шудам, аз ин хотир кор барои ман дар саҳро мушкил набуд. Чун ман меҳри замину заминдориро медонистам. Аз ин хотир он замон пеши худам мақсад гузоштам, ки агар мушкили ҳам пеш ояд, ҳатман паси сар мешавад ва ман бояд як хоҷагии деҳқонӣ ки бо пахтакори сарукор дорад, ташкил кунам".

Дар ҳоле, ки дар ноҳияҳои кишвар аксаран мардон раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, занон зери дасти онҳо кор мекунанд, Махфират тавонистааст бо ташкили хоҷагии деҳқонӣ барои ҳамтоҳои худ ҷои кор фароҳам созад.

Муваффақияти як деҳқонзан аз Шаҳритус
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:04:01 0:00

"Барои мо духтарҳо Махфират намуна аст"

Манижа Собирова яке аз ҷавондухтароне, ки дар хоҷагии деҳқонии Махфират пахта мечинад, дар баробари кор аз ӯ ҳамчун як зани дорои малакаҳои хуби раҳбари тавсиф мекунад. Ӯ мегӯяд, Махфират барои ӯ ва ҳамтоҳояш шароити кори фароҳам кардааст, то онҳо тавонанд бо ин роҳ зиндагии худро беҳтар кунанд.

"Вақте дар як ноҳияи дурдаст кори апаи Махфиратро мебинем, мо ҳам орзу мекунем, ки раҳбар бошему ба ниёзмандон ҷои кор фароҳам кунем. Барои мо духтарҳо кори апаи Махфират як намуна аст",-гуфт Манижа.

Занон дар раҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ

Бар асоси иттилои тозаи Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар кишвар 30 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон раҳбарӣ мекунанд, дар муқоиса ба як соли пеш ҳудуди 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар Тоҷикистон, ки тибқи маълум мардҳо бештар соҳиби замину моликият ҳастанд, ҳоло теъдоди занони раҳбар дар хоҷагиҳои кишоварзӣ назар ба 5 соли пеш, сад дарсад зиёд шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол пеш бо эътирофи нобаробарии занону мардон дар дастрасӣ ба замин, ки "ноновари" асосии бисёре аз сокинони рустоҳои кишвар аст, барномаеро барои беҳтар кардани дастрасии занон ба замин қабул кард. Ҳоло Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, аз тақрибан 133 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ, раҳбарии 31 ҳазори онро занон бар ӯҳда гирифтаанд.

Худи занон ин рақамро ночиз мешуморанд ва мегӯянд, онҳо низ бояд ба замин, ки як сарвати миллии Тоҷикистон аст, мисли мардон дастрасии баробар дошта бошанд. Дар Тоҷикистон кори саҳроро асосан занҳо анҷом медиҳанд, аммо ба далели мушкили зиёд, шумораи ками онҳо тавонистаанд роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро бар ӯҳда дошта бошанд, ё хоҷагии деҳқонӣ ташкил кунанд.

Омилҳои зиёд шудани занон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ кадом аст?

Фаррух Каримбоев яке аз таҳлилгарони лоиҳаи "Фараҳ", ки ҳамасола аз кори занони соҳибкор натиҷагирӣ мекунад, ба муҳоҷират рӯй овардани қисмати бештари мардон ва ҳам беҳтар шудани саводи молиявии занонро, аз омилҳои аслии зиёд шудани роҳбарони хоҷагии деҳқонӣ дар Тоҷикистон аз миёни онҳо медонанд.

Аммо Каримбоев мегуяд, ҳамоно дар бархе аз минтақаҳо занон ба хотири сангин будани кори кишоварзӣ намехоҳанд хоҷагиҳои деҳқониро раҳбарӣ кунанд. "Бештари онҳо касбҳои дигарро интихоб мекунанд, чун кори саҳро ё кори деҳқонӣ барои занон осон нест. Ба ин кор танҳо онҳое машғул мешаванд, ки ба худ бовар доранд ва медонанд, ки корро дар ними роҳ тарк намекунанд",-афзуд ӯ.

Омили дигари нисбатан камтар рӯ овардани занон ба замин ба фарқ аз мардонро таҳлилгарон, дар чанд мушкиле мебинанд, ки монеи кори онҳо дар ин самт мешавад. Андозбандии гарон, арзиши баланди техникаву нархи хизматрасонӣ барои об ва баланд будани фоизҳои қарзӣ аз бонкҳо боис шудааст, то занони зиёд аз ташкили хоҷагии деҳқонӣ, ки метавонад барояшон даромади хубе орад, худдорӣ мекунанд.

Аз сӯи дигар ҳукуматҳои ноҳия низ бо ин андеша, ки "аз дасташон чизе намеояд", ба занон замин намедиҳанд. Махфират ҳам дар оғози кор ба ҳамин мушкил дучор шуда буд, аммо бо талошҳои зиёд тавонист мувафақ шавад. Аз занони дигар ҳам даъват мекунад, ки дар ин кор истиҳола накунанд, чун ба ин бовар аст, ки вақте 95 дарсади кори заминро занон иҷро мекунанд, ҳатман метавонанд ба хубӣ аз ӯҳдаи раҳбарии хоҷагидорӣ бароянд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG