Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуҳои занони муҳоҷир: "Патент арзон шавад... танҳоӣ поён ёбад"


Истгоҳи Роҳи оҳани Тоҷикистон
Истгоҳи Роҳи оҳани Тоҷикистон

Шикасти қуфли ғарибӣ, такя дар шонаи марди зиндагӣ ва соҳиби хонаи обод шудан аз орзуи аслии аксар занҳои муҳоҷири тоҷик аст. Орзуҳои кӯчаки заноне, ки бори бузурги зиндагиро бар дӯш доранд.

Умри зиндагии муштараки онҳо то фурудгоҳ давом мекунад. Аз фурудгоҳ он тараф зани муҳоҷирро аз ёд мебаранд. Вақте ба ватан рафтанд, дар назди хонаводаҳои худ меистанд

Дар рӯзи таҷлил аз Рӯзи Модар дар Тоҷикистон, Радиои Озодӣ бо чанде аз занони муҳоҷир сӯҳбат кард ва орзуи онҳоро пурсид. Шабнам Насимова, муҳоҷири 25-солаи тоҷик, ки дар корхонаи бофандагие дар шаҳри Твери Русия фаъолият дорад, рӯзи 8-уми март барои дидорбинии шавҳараш дар маҳбаси Нижний Новгород меравад.

Шавҳари Шабнам як сол пеш барои гӯиё дағалгуфторӣ ва хархаша бо маъмурони пулис 2,5 сол зиндонӣ шуд. Ӯ гуфт, ҳафт моҳи пеш ба Русия рафт, то бо шавҳари зиндониаш дидор кунад ва ҳам кор карда, ду кӯдаки ноболиғашро парасторӣ намояд. Шабнам тақрибан 20 ҳазор рубл маош мегирад, ки ба қавли худаш “нӯг ба нӯг” мерасад. “Дар ин рӯз аз касе тӯҳфа интизор нестам. Дидор бо шавҳарам тӯҳфа аст. Танҳо орзу дорам, ки зудтар озод шавад ва моро саробонӣ кунад. Бе шавҳар кору зиндагӣ кардан бисёр сахт аст", - афзуд Шабнам Насимова.

Ноз Аҳмадӣ
Ноз Аҳмадӣ

Аксар занони муҳоҷирро орзуи зиндагии беҳтар ба муҳоҷират бурдааст. Ҷойи по ёфтан дар муҳоҷират барои занон дар муқоиса ба мардон мушкилтар аст.

Фосилаи издивоҷ то фурудгоҳ аст

Ноз Аҳмадӣ, муҳоҷири 39-солаи тоҷик, дувоздаҳ сол боз дар Русия аст. Дувоздаҳ соле, ки ба гуфтаи ӯ, бахт, саломатӣ ва ҷавониашро аз ӯ гирифт: "Орзуи шахсиам ин аст, ки модар шудан мехоҳам. Фақат модар шудан мехоҳам. Ҳанӯз падари сазовор барои фарзанди оянда пайдо нашудааст. Мегӯянд, ҳарчанд хонаи ҳамсоя хуб аст, вале хонаи худат беҳтар аст. Лекин шукр, ки ҷои кору зиндагиам хуб аст"

Ноз Аҳмадӣ мегӯяд, аксар занҳои тоҷик дар муҳоҷират шавҳар надоранд. Мардони муҳоҷир аз ин вазъи занҳо, ба қавли ӯ, суистифода мекунанд. "Мушкили аз ҳама сахт барои занони муҳоҷир ин аст, ки бархе мардони тоҷик ғам медиҳанд. Мо шаш-ҳафт нафар якҷоя ҳастем, хеле занҳои бовиҷдон ҳастанд. Ҳадафашон кор кардан ва хуб кардани зиндагии худу фарзандон аст. Лекин мардони мо дар ҳаққи онҳо низ бадгӯӣ мекунанд. Гоҳе мардоне пайдо мешаванд, ки никоҳ мекунанд. Аммо фосилаи зиндагии онҳо то фурудгоҳ давом мекунад. Аз фурудгоҳ он тараф дигар зан нест. Ватан рафт, назди хонаводаҳои худ меистад ва дигар фаромӯш мекунанд", - нақл кард ӯ.

Танҳоӣ ва патент - дарди занони муҳоҷир

Хадича Назарова
Хадича Назарова

Хадича Назарова, муҳоҷири 46-солаи тоҷик орзуи комилан дигар дорад. Ӯ ду моҳ боз кор мекунад. Ҳафт фарзандашро аз даст дода, аз шавҳараш низ ҷудо шудааст.

Назарова мегӯяд, аз зиндагӣ дилмонда буд ва ба хотири фаромӯш кардани дарду ғам ба Русия рафт. Дар коргоҳи бастабандӣ 17 ҳазор рубл мегирад. Ӯ афзуд, "дарди ҳамаи занҳои муҳоҷир гаронии патент ва танҳоӣ кашидан аст. Барои ҳамин, орзу мекунем, ки патент арзон шавад. Солҳои аввале, ки омадем, патент арзон буд. Патент арзон шавад, кор сабуктар мешавад. Ҳоло кор мекунам, ба модарам дар Тоҷикистон кумак мекунам ва барои рафтан ба зиёрати Хонаи худо ба худам пул ҷамъ мекунам."

Зарина Раҷабова
Зарина Раҷабова

Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки аз зиндагӣ ва корашон дар муҳоҷират розӣ ҳастанд. Зарина Раҷабова, муҳоҷири 42-солаи тоҷик дар Санкт-Петербурги Русия мегӯяд, то пайдо кардани ҷои по дар ин кишвар 17 сол сарф кард. Зарина ҳоло дар як тарабхона ба ҳайси ошпаз кор мекунад ва маоши хуб мегирад. Солҳост бо духтару наберааш дар ин шаҳр маскун аст, аммо мегӯяд, “кунҷи дилаш ба ёди ватан кашол” аст.

"Орзуям зиндагӣ дар ватани худ аст. Бӯи ватанро ёд кардаам. Орзуи бузургам зистан дар паҳлӯи пайвандон аст. Гоҳе кӯчаҳои маҳалли таваллудамро ёд мекунам. Ҳоло барои ягона фарзанду ягона набераам зиндагӣ мекунам. Дигар худам ба орзуҳоям расидам", - гуфт Зарина Раҷабова.

Фирӯза Самадова
Фирӯза Самадова

Фирӯза Самадова, сокини 45-солаи вилояти Хатлон дар Арабистони Саудӣ кор мекунад. Ӯ панҷ соли пеш аз Русия аз муҳоҷират баргашт ва ба Саудӣ рафт. Фирӯза мегӯяд, кору зиндагиаш дар он кишвар хеле хуб аст.

"Орзу дорам, ки қуфли ғариби шикаста шавад ва ба пеши ду фарзандам баргардам. Орзуи дигар ин аст, ки бо нафари боимоне дубора издивоҷ кунам. Инҷо шароити кору зиндагӣ бисёр хуб аст. Аз чизе мушкилӣ надорам, вале ғарибӣ талх аст", - афзуд ӯ.

То даҳ соли пеш маъмулан аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ, бахусус Русия мардон муҳоҷират мекарданд. Ҳоло бар асоси омори расмӣ муҳоҷирати занон низ афзоиш ёфтааст. Танҳо дар Русия шумори занони муҳоҷир беш аз 100 ҳазор гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG